Нигоҳҳо аз Душанбе ба кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Туркия

Талоши табаддулоти давлатӣ дар Туркия, ки зоҳиран ба шикаст рӯбарӯ шудааст, дар маҳофили коршиносии Тоҷикистон вокунишҳоеро дар пай дошт.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, вақте дар як давлати демократӣ кувваҳои муайян ба табаддулот даст мезананд, зарбаи вазнин аввалан ба мардум мерасад ва Тоҷикистон ҳам дар ин ҳолат аз ҷанҷолҳои шаҳрвандӣ, ки аз сари худ гузаронидааст, тарафдорӣ намекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ба ин монанд як соли пеш дар Тоҷикистон чунин як ҳодиса рух дода буд, ки пеш аз ҳама мардумро ба ташвиш андохт ва нигарон кард.

Сайфулло Сафаров

Ба эътиқоди Сайфуллоҳ Сафаров, дар ҳар кишваре, ки низомаш демократӣ аст, дар он фурсати муайян барои тағйир додани элитаи сиёсӣ имкон дорад. Вай дар мавриди саркардаҳои табаддулоти низомӣ дар Туркия гуфт, одатан дар чунин ҳолатҳо раҳбарии ингуна ҳаракатро собиқ мансабдорон бар дӯш доранд ва фикр мекунанд, ки бо ин рафтори худ метавонанд қудратро ба даст бигиранд. Сабабҳои аслии чунин ҳодисаҳоро Сафаров ба ҳошия ронда шудани артиши Туркия давоми раҳбарии беш аз даҳсолаи Раҷаб Таййиб Эрдуғон медонад.

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ин талоши табаддулоти низомӣ дар Туркия бебарор буд, чунки раисиҷумҳури феълӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон заминаи устувор ва қаввӣ дошт ва натанҳо мақомоти интизомӣ, балки мардум ба кӯчаҳо рехт ва ба табаддулот роҳ надод.

Шокиҷони Ҳаким

Ба таъкиди Ҳакимов, натиҷаи ин гуна табаддулотҳо боиси фикру мулоҳизаи кишварҳои дигари мусалмонӣ низ мешавад ва онҳо ба тарзи усулу идораи давлати худ бори дигар мутаваҷҷеҳ хоҳанд шуд. “Албатта кишварҳои дигар кӯшиш мекунанд дар идораи кишварҳои худ ба хусус барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзишҳои демократӣ қадамҳои устувор гузоранд, то амалу кирдорашон бо санадҳои ҳуқуқии давлатӣ мухолиф набошад”-афзуд ӯ.

Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад бо ишора ба ҳодисаи талоши табаддулоти давлатӣ дар Туркия мегӯяд, "ҳамон гуна, ки худи Эрдуғон ба сароҳат ишора кард, талоши кудато ё табадуллоти давлатии Туркия тавассути ҷонибдорони Фатҳуллоҳ Гулен дар миёни фармондеҳони баландпояи артиши ин кишвар сурат гирифт". Ба эътиқоди ин коршиноси тоҷик, ин иқдомро метавон як навъ вокуниш дар баробари амалиёти амниятӣ алайҳи шохаи низомии ҷараёни Гулен дар дохили Туркия арзёбӣ кард, ки тайи ҳафтаи гузашта сурат гирифт ва боиси боздошти шумори қобили таваҷҷуҳе аз афсарони артиш шуд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик.

Қосими Бекмуҳаммад афзуд, ки зоҳиран шохаи низомии ҷонибдори Гулен ба ин натиҷа расид, ки ҳатман саркӯб хоҳад шуд ва иқдом ба табаддулотро танҳо роҳи раҳоӣ аз ин вазъият донист. Аммо талоши табадуллот дар Туркия шикаст хӯрд ва мардуми ин кишвар шаби гузашта ба унвони қаҳрамони аслӣ, майдондорӣ карданд. Ин падидаи таърихсоз барои мардумсолории Туркия хоҳад буд. Иштибоҳи кудатогарон дар он буд, ки вокунишҳои эҳтимолии мардум ва ниҳодҳои мадании кишварашонро пешбинӣ карда натавонистанд.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, артиши Туркия тайи беш аз як даҳаи ахир шоҳиди тағйироти ҷиддии сохторӣ шуд ва аз ҳолати қаблӣ, ки дорои фармондеҳии воҳиду мунсаҷим буд, берун омад ва дигар аз ҷойгоҳи истисноӣ дар фазои сиёсии ин кишвар маҳрум шуд. Ин тағйироти сохториро Эрдуғон дар чорчӯби ислоҳоти нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш тибқи стандартҳои НАТО бисёр зиракона пиёда кард. Маҳрум шудан аз фармондеҳии воҳиду мунсаҷим бузургтарин монеъ барои муваффақияти кудатои шаби гузашта буд.

Ин таҳлилгари тоҷик ба ин бовар аст, ки пас аз ин талоши табаддулоти низомӣ Эрдуғон барои иҷрои аҳдофи сиёсии худ, ки раёсатӣ кардани низоми сиёсии Туркия муҳимтарини онҳост, фурсату имконоти бештаре дар ихтиёр хоҳад гирифт.

Гурӯҳе аз нерӯҳои низомии Туркия шаби ҷумъа ба шанбе талош карданд дар ин кишвар даст ба кудатои низомӣ бизананд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия субҳи шанбеи 16-уми июл эълон кард, ки кудато шикаст хӯрдааст ва ҳукумат вазъиятро дар контроли худ дорад.

Раиси ҷумҳури Туркия аз тарафдоронаш хост, ки то оддӣ шудани вазъият ба хонаҳояшон барнагарданд. Ӯ кудатро кори гурӯҳи хурде аз нерӯҳои артиш номид ва аз мардум хост, ки ба майдону кӯчаҳо биёоянд. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки дар ҳодисаи ахир ҳади ақал 164 нафар кушта шуда ва садҳо нафар боздошт шудаанд.