"Як дӯсти кӯҳна беҳ аз даҳ дӯсти нав". Вокунишҳо аз Душанбе ба пирӯзии Путин

Маҳофили сиёсӣ ва коршиносӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз интихоби дигарбораи Владимир Путин ба унвони раиси ҷумҳури Русия истиқбол карданд ва умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои Душанбе ва Маскав боз ҳам рушд хоҳанд ёфт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз аввалин сарони кишварҳо буд, ки ба унвонии оқои Путин паёми табрикӣ ирсол кард.

Рӯзи 18-уми март дар Русия интихоботи президентӣ баргузор шуд ва тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ, ки Комиссияи марказии интихоботи он кишвар эълон кард, Владимир Путин бо касби 76,6 дарсади раъйи мардум, барои шаш соли дигар ба курсии раёсати ҷумҳури Русия нишаст.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав аз пирӯзии Владимир Путин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия истиқбол кард. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми март ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда ҳам ҳамкориҳои стратегии ду кишвар пешрафт карда, равобити иқтисодии Тоҷикистону Русия беҳбуд меёбад.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Вай гуфт: "Умедвории мо ин аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар сатҳи бисёр хубу баланд мемонад, шарикии стратегии ду кишвар дар ҳамин сатҳ мемонад. Албатта, умедворем, ки мушкилоте, ки ҳаст, ҳалли худро меёбад, пеш аз ҳама проблемаҳое, ки муҳоҷирон доранд. Умедворем, ки ҳузури иқтисодии Русия дар Тоҷикистон зиёдтар мешавад. Ҷалби сармояҳои Русия ҳам ба Тоҷикистон хеле муҳим аст. Мо ҷонибдори рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ҳастем".

Имомуддин Сатторов гуфт, ки равобити ду кишвар дар давраи раҳбарии Путин дар сатҳи баланд боқӣ мондааст ва Тоҷикистон манфиатдори рушди ҳамкориҳо бо Русия дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла дар бахши иқтисодӣ мебошад.

"Интихоби мардуми Русия дуруст буд"

Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар вокуниш ба пирӯзии Путин гуфт, ки интихоби мардуми Русия дуруст буд ва шахсеро интихоб карданд, ки хизматаш барои Русия ва рушди ин кишвари муқтадир хеле назарраст аст.

Олимҷон Салимзода умедворӣ кард, ки оқои Путин аз ин ба баъд низ дар таҳкими робитаҳо бо Тоҷикистон қадамҳои устувор хоҳад гузошт. "Русия аз шарикони калидии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва рушду нумӯъ ва пешрафташ барои мо тоҷикон аҳамият дорад ва интихоботи Русия бо риояи тамоми низоме, ки интихобот мехоҳад, баргузор гаштааст",-афзуд ин вакили порлумони Тоҷикистон.

"Рушди Осиёи Миёна ба нафъи Русия аст"

Олимҷон Бобоев, раиси Комиссияи экологияи Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар вокуниш ба пирӯзии Владимир Путин гуфт, интихобот собит кард, сиёсате, ки Путин дар тӯли чор соли гузашта рӯи даст дошт, барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Русия равона шуда буд ва мардум низ нисбати вай эҳтирому самимияти худро баён карданд.

Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Ба бовари раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, бо интихоби чаҳорумбораи Владимир Путин муносибати Тоҷикистон ва Русия боз ҳам дар марҳилаи инкишоф қарор мегирад, зеро Русия аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад ва гардиши мол аз ҷониби Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

"Ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, бахусус энержӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра вусъати тоза касб мекунад. Умедворам робитаҳои хубу самимӣ моро интизор аст",-афзуд вай. Олим Бобоев мегӯяд, ки рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нафъи Русия аст ва ҳар қадар ин кишварҳо рушд кунанд, ҳамон қадар бозори Русия васеътар мешавад.

"Тағйире дар сиёсатҳои мо намешавад"

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, интихоби Владимир Путин барои чаҳорум бор ҷои ҳайрат надорад, чун ӯ барои баланд бардоштани обрӯи Русия заҳмати зиёд кашидааст ва дар сатҳи байналмилалӣ низ нақши бориз гузоштааст.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи МН.

Ин вакили порлумони Тоҷикистон афзуд, дар шароити феълӣ, ки кишварҳои дигар нисбати Русия таҳримро раво дидаанд ва пайваста ин таҳримҳо бештар мешаванд, ба назари ӯ маҳз афроде чун Путин метавонанд мардумро зери як сиёсат ба ҳам биорад ва кишварро пеш баранд.

"Муносиботи Тоҷикистон ва Русия хеле дар марҳалаи хуб қарор доранд ва ҳама асосҳои қонуние, ки барои ин муносибатҳо заруранд ҳастанд ва фикр намекунам ягон тағйироте дар муносибатҳои мо шавад. Чун асосе барои интизории тағйирот дар ин замина нест",-афзуд Шариф Раҳимзода.

Путин Тоҷикистонро дар созмони иқтисодии Авруосиё дидан мехоҳад

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, бо дубора интихоб шудани Путин дар қудрати Русия хатти машши сиёсии гирифтаи ӯ дар нисбат ба солҳои пешин чандон тағйир намекунад. Вай гуфт, аммо дар муносибат бо Тоҷикистон, Путин ҳамчунон интизори шомил шудани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.

Ба бовари Раҳматилло Зоиров, агар Тоҷикистон шомили ин созмон шавад, марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои фаъолтари ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла дар мавриди бархӯрди мақомоти ин кишвар ба муҳоҷирин корӣ ба маънои мусбат дигар хоҳад шуд.

"Путин намебоист дубора ба курсии президентӣ менишаст"

Раҳматилло Зоиров гуфт, ин ҳаққи қонунии Владимир Путин буд, ки дигарбора барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза кунад ва пирӯз шавад, аммо аз нигоҳи инсофу арзишҳои демократӣ ва воқеият, намебоист боз ба курсии президентӣ менишаст.

Оқои Зоиров аз таърихи Амрико намуна овард, ки амрикоиҳо соли 1945 баъди бори чаҳорум ба мақоми президентӣ расидани Франклин Рузвелт, дар Қонуни Асосии худ тағйири 25-умро ворид карданд, ки тибқи он як нафар аз ду давра бештар ҳаққи президент шуданро надорад. "Ин навбат Путин ҳам чаҳорум маротиба аст, ки президенти Русия интихоб шуд ва бовар дорам дар Русия ҳам ҳамчунин тағйирот дар Қонуни Асосии он ворид карда мешавад",-афзуд вай

Ба гуфтаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, чунин амали Путин пеш аз ҳама ба раҳбарони худкомаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ илҳом мебахшад, ки ҳузури худро дар курсӣ барои солҳои дароз ҳифз мекунанд. Вай ба ин бовар аст, ки бо мурури вақт дар конститутсияи кишварҳои Осиёи Миёнаи низ чунин дигаргунӣ ворид хоҳад шуд.

"Як дӯсти кӯҳна беҳтар аз даҳ дӯсти нав"

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик бо овардани масали русии "як дӯсти кӯҳна беҳтар аз даҳ дӯсти нав" мегӯяд, дар даврони президентии Путин муносибатҳои Тоҷикистон Русия ба навъи ҳасана идома дошт ва акнун, ки Путин дубора ба сари қудрати ин кишвар омад, равобити боэътимод миёни ду кишвари ҳамшарики стротегӣ ҳамчунон идома хоҳад кард.

Ба гуфтаи Абдулмалик Қодиров, ҳоло дар муносибатҳои ду кишвар чанд нуқтаи муҳиме ҷой дорад -- аввал ин, ки Тоҷикистон марзи ҷанубии кишварҳои ИДМ мебошад ва Русия дар ин амр кӯмакҳои зиёди ба вижа ҳарбӣ ба Тоҷикистон мерасонад. Дуввум, дар Русия ҳудуди миллион муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва маблағи онҳо як даромади аслии миллии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, дар давраи нави раёсати Путин ин муносибот ҳамчунон дар сатҳи мумкин идома хоҳад кард.