Таҳлигарон дар Тоҷикистон аз мақом сабукдӯш шудани тӯлонитарин мири пойтахт ва ба ҷойи ӯ омадани яке аз фарзандони раиси ҷумҳурро оғози тағйироти кадрӣ мегӯянд, ки эҳтимолан вазоратҳои бузургтарро ҳам низ фаро бигирад.
Хабарнигори мустақил Марат Мамадшоев мегӯяд, ки аз мақом барканор шудани раиси собиқадори шаҳри Душанбе метавонад аломати аз мақомҳо рафтани афроди баландпоя дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам шавад. «Рафтани Убайдуллоевро муддатҳо пеш пешгӯӣ мекарданд. Ҳоло метавон интизор шуд, ки чанд раҳбари баландпояи наздик ба ӯ ва ҳам бархе раҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз мақом барканор мешаванд» - гуфт Мамадшоев.
Дар бораи таъйини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шарҳдори пойтахт, Марат Мамадшоев гуфт, «хабар ногаҳонӣ аст, чунки мақоми раиси Оҷонсии зиддифасод ҳам як мақоми калидӣ буд. Шояд сабаби таъин ба ин вазифа дар ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ки писараш дар чанд вазифаи мухталиф корро таҷриба кунад ва аз ҷумла, муддате корҳои хоҷагидорӣ, на сиёсиро биомӯзад.»
Рустами Эмомалиро бисёр коршиносон ҳамчун ҷойгузини президенти феълӣ арзёбӣ мекунанд. Рустами Эмомалӣ дар синни 25-солагӣ рутбаи генералӣ гирифт ва дар тӯли чанд соли ахир корро дасти кам дар ду мақоми муҳим, Раиси хадамоти гумрук ва раҳбари Оҷонсии зидди фасодро таҷриба кард.
Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев хотироти мондагореро ба ҳайси шаҳрдории Душанбе дар пойтахт гузошт. Зеро ба андешаи ӯ, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар фаъолияти бисёрсолааш корҳои шоёне дошт ва идеяву лоиҳаҳои анҷомдодаи вай бозгӯи ин амр аст.
Зафар Абдуллоев дар робита ба тағйироти ахир дар сатҳи шаҳрдорӣ ва таъйин шудани писари бузурги раиси ҷумҳур ба мақоми раиси шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло назди Рустами Эмомалӣ дар мақоми шаҳрдории Душанбе давраи мушкиле қарор дорад, вале атрофиён бояд ба ӯ кӯмак кунанд. Ҳамзамон ҷаноби Абдуллоев номзадии Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдориро хеле арзанда медонад ва мегӯяд, ки ин мақом барои карераи дарозмуддати вай дар сатҳи роҳбари давлат, нақши калидӣ хоҳад бозид.
Рафтани Убайдуллоев аз мақом ба нафъи шаҳри Душанбе нест
Таҳлилгари мустақил Абдумалик Қодиров рӯзи 12 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз мири собиқ ситоиш кард ва нақши ӯро дар ободонии пойтахт муҳим донист. “Ӯ худро ба ҳайси шаҳрдори ҳунарманд ва шахси принсипиаливу кордону коргар ба намоиш гузошт. Меҳнат мекард. Заҳмати зиёд мекашид ва воқеан ҳам шаҳри Душанберо дар он давраҳои бесарусомонӣ ва замоне, ки мардум ва шаҳр аз ҳама ҷиҳат камбудӣ дошт, дар лаҳзаҳои вазнин раҳбарӣ мекард ва хеле обод ҳам кард”- гуфт Қодиров.
Абдумалик Қодиров ба ин нукта таъкид кард, ки солҳои охир Маҳмадсаид Убайдуллоев талош мекард ба ҳарфи мардум ва ҷомеа гӯш диҳад, бо мардум наздиктар бошад ва ҳама гуна шикоят ва танқидро “аз наздик қабул ва баррасиву ҳал мекард”: “Ба ҳар нигароние, ки шаҳрвандон мекарданд, шахсан ҷавоб медод ва ин масъаларо зери назорат мегирифт. Масъала ҳалли худро ҳам меёфт. Чанд сомонаҳои интерактивӣ, аз ҷумла “Мо метавонем!” барои арзу шикоятҳои шаҳрвандон кор мекард”.
Ба гуфтаи ин таҳлилгар, шахсе, ки ба ҷои ӯ ба мақоми мири шаҳр таъйин шудааст, “хуб мешуд, ки равиши кори Убайдуллоевро ба роҳ монда сиёсати шахрдориро такмил мекард”, чун, ба таъкиди ӯ, идора кардани шаҳри Душанбе кори осон нест.
Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон "раиси шаҳри Душанбе дар муқоиса ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо, аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдор буд. Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси Миллӣ низ буд ва аз ин хотир ба маҷлиси шаҳрдорӣ мақомоти ҳукуматӣ, вазирону раисони кумитаҳо даъват мешуданд. Ҳарчанд ин ба манфиати кор буд, ки ин ҳаққро на раиси вилояти Хатлон, Бадахшон ё Суғд надоштанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, чун Убайдуллоев аз пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буд, дар 20 соли ахир шаҳри Душанбе ба унвони пойтахт хеле обод шуда ва ба маркази воқеъии сиёсию фарҳангии кишвар табдил ёфт. Биноҳои зиёди маъмурию маърифатӣ бунёд шуданд. Дар обод сохтани пойтахт аз тамоми манбаъҳои молӣ истифода шуданд. Аммо аз сӯи дигар дарахтони бузургу қадимии шаҳр бурида шуданд ва талаботи экологӣ ба инобат гирифта нашуд. Ҳайати мақомоти шаҳрдорӣ яккаҳизбӣ буд. Агар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар сиёсати кадрӣ мустақил мебуд, корҳо бештари ободиро анҷом медод. Вай аз хати муайянкардани президент намебаромад.
Шокирҷон Ҳакимов дар посух ба ин суол, ки "Ин тағйирот чӣ маънӣ дорад?, гуфт, ки ин гуна таҷруба дар бештари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва низомҳои худкома роиҷ буда, фарзандону пайвандонро ба таври густурда дар вазифаҳои баланд таъйин мекунанд. "Ин нишонаи номукаммалии низоми сиёсӣ, ташаккул наёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин воқеъияти имрӯзи Тоҷикистон аст, ки миёни Қонуни асосӣ ва давлатдорӣ тафовуту тазодҳо вуҷуд дорад",-афзуд Шокирҷон Ҳакимов.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар вокуниш ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи барканории шаҳрдори Душанбе 12 январ гуфт, ки “Маҳмадсаид Убайдуллоев дар қатори Мақсуд Икромов яке аз беҳтарин шаҳрдори пойтахт буд. Фикр мекунам агар Убайдуллоев намебуд, мо ҳоло чеҳраи феълӣ ва муосири шаҳри Душанберо намедидем. Замоне, ки Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе шуд, вай кадри ҷавон дониста мешуд. Аммо тақозои замон аст, ки ба ҷойи вай як кадри ҷавонтареро тайин карданд”.