Намоҳанги нави Фирӯза Ҳафизова "беэҳтиромӣ" унвон гирифт. ВИДЕО

Фирӯза Ҳафизова

Як таронаи шарҳиҳолии овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба гуфтаи худаш "посухе ба бадгӯён дар Интернет аст", баҳс барангехт. Мақомот ба ӯ барои истифода аз калимаи "фу" дар тарона огоҳӣ доданд ва гурӯҳе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беэҳтиромӣ хонданд. "Фу" як навъ вокуниш ба чиз ё бӯйи бадест. Фирӯза Ҳафизова рӯзи 9-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин тарона намехост касеро озурда кунад ва баъд аз баҳсҳои зиёд онро аз саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бардошт.

Клип ё намоҳанги Фирӯза Ҳафизова ду ҳафта пеш дар Ютуб нашр шуд ва дар рӯзи аввал беш аз панҷоҳ ҳазор бинанда ёфт. Бо вуҷуди он ки овозхон онро аз саҳифаҳояш дар интернет пок кардааст, бархе аз корбарон онро нусхабардорӣ кардаанд ва ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар чархиш аст.

Дар ин оҳанг овозхон гуфтааст, аз туҳмату бадгӯиҳои мардум "оромӣ надорад" ва бо муроҷиат ба онҳое, ки дар Инстаграм "дашному таҳқир" мекунанд, хостааст, беҳудагӯиро бас кунанд.

Мақомот ба Фирӯза Ҳафизова гуфтаанд, ба хондани таронаҳое, ки шаъну шарафро паст мезанад, роҳ надиҳад, ҳарчанд ба гуфтаи овозхон ин фақат як оҳанги ҳаҷвӣ ва посух ба корбони дағалгуфтори Инстаграм буду бас.

"Суруд ба бекорхӯҷаҳое рабт дорад, ки дар Инстаграм мешинанд ва якдигарро танқид мекунанд. Ман дар ин оҳанг касеро ҳақорат накардам ва гапи бад нагуфтам," -- шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фирӯза Ҳафизова: "Ман касеро таҳқир накардаам"

Мақомот шарҳ надоданд, ки чаро аз ин тарона нороҳат шудаанд. Вале яке аз сокинони Душанбе бо номи Эраҷ гуфт, овозхонҳо моли ҷомеа ҳастанд ва бояд ҳар гапу корашонро "ҳафт бор чен кардаву як бор бибуранд".

"Онҳо барои як ё ду нафар аъзои оила намехонанд. Онҳо барои нӯҳ миллион нафар мехонанд. Ҳар кас ҳар хел қабул мекунад. Набояд ба иззати нафси дигарон расид. Дигаронро ба беҳудагӯӣ айбдор мекунанд, аммо худ беҳудагӯӣ кардаанд. Пас, фарқ миёни онҳо ва шумо чист?" -- гуфт мусоҳиби мо.

Фирӯза Ҳафизова аз ҷумлаи он овозхонҳои тоҷик аст, ки нашри навору навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ мегӯяд, дар чанд соли ахир таҳқиру бадгӯиҳо дар зери ҳар навор ва алфози қабеҳу дағалгуфторӣ нисбат ба ӯ ба ҳолати равонияш сахт таъсир гузоштааст.

"Мардум бояд дарк кунанд, ки ман фақат як ҳунарманд ҳастам ва на ҳамаи он чеҳраву образҳое, ки дар наворҳо намоиш медиҳам, шахсият ва ботини маро бозгӯ мекунад," -- шарҳ дод ӯ.

Баъд аз таъкиди мақомот ва пайдо шудани саҳифаҳои гуногун аз номи ӯ дар интернет овозхон тасмим гирифтааст, саҳифаи расмии худро дар Ютуб боз кунад. Вай ҳамчунин талош дорад, шумораи аъзои саҳифааш дар "Инстаграм" ба беш аз як миллион нафар расад.

​Фирӯза Ҳафизова соли 2008 рӯйи саҳна омадаву нахустин албоми оҳангҳояш бо номи "Шаҳзодаи ман" нашр шудааст. Қаблан мақомот ӯро барои нашри видеое аз ҷашни зодрӯзаш ҷарима карда буданд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10