Ихтироъкори Email даргузашт

Рей Томлинсони амрикоӣ нахустин ихтироъкори шабакаи электронии имейлӣ шуд. Соли 1971 ӯ аввалин бор ирсоли номаро аз як компютер ба компютери дигар таҷриба кард.

Дар таърихи фанновариҳои навин исми Рей Томлинсон барои абад ба унвони шахсе боқӣ мемонад, ки нахустин шуда шабакаи ирсоли номаҳои электронӣ аз як компютер ба компютери дигарро таҷриба кардааст. Томлинсон дар синни 74-солагӣ, эҳтимолан бар асари сактаи қалб даргузашт. Томлинсон як барномасози компютерӣ аз ИМА буд, ки соли 1971 барои аввалин бор тавонист шабакаи аз як шахс ба шахси дигар фиристодани номаҳои хусусиро роҳандозӣ кунад.

То он замон ҳеҷ роҳи дигари фиристодани паёмҳои электронӣ аз як суроға ба суроғаи дигари мушаххас вуҷуд надошт. Томлинсон инчунин рамзи "@" - "дар"-ро ҳам ихтироъ кард, ки исми муаллифи имейлро бо суроғааш пайваст мекард. Замоне, ки Томлинсон имейли аввалинро ихтироъ кард, муҳандиси ширкати Bolt, Beranek, and Newman буд. Ин ширкат дар рушди фанновариҳои интернетӣ, аз ҷумла ҷоришавии прокурсори интернетии ARPANET саҳм гузоштааст. Нармафзори интернетии Томлинсон бо номи SNDMSG солиёни зиёд хизмат кардааст.

Дар Тоҷикистон шабакаи имейл баъди беш аз 20 соли ихтирои он дар ИМА ҷорӣ шуд. Муҳаққиқони соҳаи интернет ва фанновариҳои навин дар Тоҷикистон мегӯянд, ки пешсафони хадамоти имейли тоҷикӣ Сергей Болдарев ва ташкилоти башардӯстонаи амрикоӣ - Агентии рушди Осиёи Марказӣ (CADA) буданд. Таҳқиқоти (“Танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба Интернет дар Тоҷикистон» - http://www.khoma.tj/images/boks/Internet%20RUS.doc) муҳаққиқони тоҷик ҳокист, ки ин ду ҷониб новобаста аз якдигар фаъолият мекарданд.

“Ҳарду провайдер ба шабакаи ҷаҳонӣ тавассути каналҳои хатти алоқаи телефонӣ дастрасӣ доштанд. Ширкати Болдарев дастрасиро ба email тавассути хати телефони васлшаванда аз тариқи провайдери хидматҳои телефонии россиягӣ – RelCom таъмин менамуд”. Аввалин корбарони шабакаи имейл созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ буданд, мегӯяд таҳқиқот. “Лоиҳаи Email CADA дар муҳити бозори заифи хидматҳои телекомутатсионии тоҷик, дар моҳи июни соли 1995 пайдо шуд. Ин лоиҳа ба корбарон дастрасӣ ба email-ро на танҳо аз тариқи хати телефонии васлшаванда, ҳамчунин тавассути Марказҳои дастрасии ҷомеа, ки дар марказҳои идорӣ ва шаҳрҳои калон сохта шуда буданд ва то ибтидои солҳои 2000 фаъол буданд, ибтидо намуд.

Ин ташаббус аз ҷониби Шўъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон пуштибонӣ ёфт». Муҳаққиқони тоҷик мегӯяд, ки дар оғоз аз хидматҳои ройгони email-и ин марказҳои CADA зиёда аз 12000 сокини Тоҷикистон истифода мекарданд. Ҳоло омори дақиқе дар заминаи шумори корбарони почтаи электронӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, чун имкониятҳои шабакаи Интернет барои ҳар як корбар доштани шумори бемаҳдуди имейлро фароҳам меорад.

Аз рӯи омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли 2015 дар кишвар 3 миллион корбари Интернет ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба нишондодҳои соли 2014 - 800 ҳазор нафар камтар аст. Шумори корбарони телефонҳои фаъоли мобил дар Тоҷикистон соли гузашта 5,2 миллион нафар буд. Зимнан, фанновариҳои навин истифодаи имейл ё почтаи электрониро на танҳо тавассути компютер, балки телефонҳои ҳушманди мобил ва ҳам планшет фароҳам меорад.