Равшан Собиров бо кафолати депутатҳои парлумон ба озодӣ баромад.

Додгоҳ гуфт, дар ҷараёни тафтишот собиқ вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон озод мешавад.
Имрӯз додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукм кард, ки вазири собиқи рушди иҷтимоии Қирғизистон бо кафолати шаш вакили парлумон ба озодӣ барояд. Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукм кард, ки Равшан Собиров метавонад аз толори додгоҳ озод шуда, дар ҷараёни таҳқиқи иттиҳоми марбут ба ришвахории ӯ, дар манзилаш ба сар барад.

Додгоҳи шаҳри Бишкек бар пояи муроҷиати вакили дифои Равшан Собиров ҳукм карда, қарори додгоҳи зинаи поёниро дар бораи нигаҳдошти ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро бекор кард.

Равшан Собиров баробари берун шудан аз толори додгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ бегуноҳ аст ва ҳеҷ гоҳ ришва нагирифтааст.

Барои ба озодӣ баромадани собиқ вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон депутатҳои Жогорку Кенеш - Турсунбай Боқир уулу, Бодош Момиров, Равшан Жээнбеков, Омурбек Абдраҳмонов, Қамчибек Тошиев и Токон Момитов мусоидат карда, кафолати риоя кардани қонунҳои кишварро аз ҷониби Собиров ба додгоҳ таслим кардаанд.


Рӯзи 6-уми июл додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек ҳукм кард, ки вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад, то таърихи 31 август дар боздоштгоҳи КДАМ нигаҳдорӣ шавад.

Ниҳоди вижаи мубориза бо фасод дар назди КДАМ мегӯяд, ки вазири 41-сола гӯё ба ёвари худ амр додааст, ки пора гирад. Боздошти ёвари вазир рӯзи 30 июн ба
ҳангоми гирифтани ришва аз як ширкати хориҷӣ сурат гирифтааст, ки бо масъалаҳои фарзандхонии атфоли ятими Қирғизистон аз ҷониби хонаводаҳои хориҷӣ машғул аст. Равшан Собировро дар гирифтани пора ба маблағи 15 ҳазор доллар муттаҳам мекунанд. Худи Собиров аз оғоз гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва ин иттиҳом “як тавтеа ва тӯҳмат” мебошад.

Ин ҳукм тарафдорони ӯ аз ҳизби ҳокими “Ота Макон”, аъзои ҳукумат ва хешу наздиконашро такон дод. Як рӯз баъд аз ҳукми додгоҳ 7-уми июл, раҳбари ҳукумати ин кишвар Омурбек Бабанов бо дархости ҳизби “Ота Макон” дар парлумон Равшан Собиров муваққатан аз вазифаи вазири рушди иҷтимоии ин кишвар барканор шуд. Дар изҳороти ин ҳизб гуфта мешавад, ки айбдор будани Собировро суд муайян хоҳад кард ва ҳизб ӯро гунаҳгор намеҳисобад.


Вале “дар шароите, ки зидди фасоду ришват муборизаи беамон эълон шудааст ва ҳизби “Ота Макон” ҳам як ҷузви ин муборизаҳо аст, ҳама гуна шубҳаву гумон эътимоди шаҳрвандонро ба қотеияти азми мо ба ҳам мезанад”, гуфта мешавад дар изҳороти ин ҳизб. Раҳбарияти ҳизби “Ота Макон” аз мақомот тақозо кардаанд, ки ин қазия бо риояи тамоми қонунҳо баррасӣ ва муҳокима шавад.



Аз рӯи иттилои коршиносони қирғиз, қазияи фарзандхонии ятимони Қирғизистон аз ҷониби хориҷиҳо, ки дар он исми Равшан Собиров олуда шудааст, аслан решаҳои амиқи чандинсола дорад. “Ин масъала ҳанӯз дар замони президентон Оқоев ва Боқиев бардошта мешуд ва дастандаркорони зиёд, шаҳрвандони хориҷӣ ва созмонҳои мухталиф, ки бо мо ҳамсӯҳбат мешуданд, эътироф мекарданд, ки ба ҳар як сохторе, ки дар ҷараёни таҳияи санадҳои фарзандхонӣ муроҷиат мекарданд, аз онҳо пора талаб мекарданд”, гуфт як хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, ки ин масъаларо пайгирӣ кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки эҳтимолан Собиров қурбони тавтеаи гурӯҳҳое шудааст, ки ӯро чун як шахси нав дар сохторе бо “қоидаҳои нонавиштаи кӯҳна” қабул надоранд.

Равшан Собиров, ки декабри соли гузашта аз ҷониби парлумон ва ҳизби ҳокими “Ота Макон” ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуд, айни замон як
соҳибкори бонуфуз ва доро буда, чун як тоҷик раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад.

http://www.chalkan.kg/2012/07/sabirova-vypustili/