"Равшан" бо "Трактор"-и Эрон дар Душанбе бозӣ мекунад

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври сеюми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Трактор»-и Эрон рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ибтидо бозии даври сеюм миёни дастаҳои “Трактор” ва “Равшан” мебоист дар Эрон баргузор мешуд, аммо бошгоҳҳо табодули давр карданд. Дар даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 6-уми ноябр «Трактор» ва «Равшан» дар Табриз бозӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, “Равшан”, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин бозиашро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 рӯзи 18-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими “Моҳун Баган” бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, як имтиёз гирифта буд. Аммо имтиёзи “Равшан” лағв гардид. Зеро бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон, ки аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор”-и Табриз худдорӣ кард, аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC хориҷ шуд.

“Равшан” дар даври дуюм рӯзи 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Ал-Вакра”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “А” тимҳои “Трактор” ва “Ал-Вакра” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25

Гурӯҳи “А”

Даври якум

“Ал-Вакра” – “Трактор” – 0:3

Голҳо: Томислав Стркалҷ, 13 (0:1), Меҳдӣ Туробӣ, 16 (0:2), Амирҳусейн Ҳусейнзода, 38 (0:3).

18-уми сентябр. Ал-Вакра. Варзишгоҳи “Ал-Ҷануб”.

Даври дуюм

“Равшан” – “Ал-Вакра” – 0:1

Гол: Ҷелсон Дала, 45+1

2-юми октябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7643 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Трактор”

1

1

0

0

3-0

3

2

“Ал-Вакра”

2

1

0

1

1-3

3

3

“Равшан”

1

0

0

1

0-1

0

4

”Моҳун Баган”

0

0

0

0

0-0

0

Даври сеюм

23-юми октябр (чоршанбе)

“Равшан” - “Трактор”

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ