Мавқеи наздики Русия ва Тоҷикистон дар "феҳрасти комёбиҳо". ИНФОГРАФИКА

Гузоришҳо ва арзёбии созмонҳои байналмиллалӣ, ки вазъи кишварҳо дар соли 2017-ро таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо вазъи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ беҳтар аз дигарон аст. Аз рӯи бархе меъёрҳо Тоҷикистон дар канори Федератсияи Русия қарор дорад.

Гурӯҳи таҳлилгарони Радиои Озодӣ силсилаи тасвирбаёниеро вобаста ба рейтингҳои ҷаҳонӣ барои кишварҳои ИДМ ва наздик Балтикаро таҳия кардааст. Тибқи ин маълумотнома, вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон чандон хушоянд нест. Аммо дар бархе аз кишварҳое, ки шароити хубтари сиёсиву иқтисодӣ ва табиӣ доранд, вазъият боз бадтар аст.

Тиҷорат дар Тоҷикистон: як кори мушкил

Бар асоси гузориши машҳури «Doing business 2017»-и Бонки ҷаҳонӣ,

Тоҷикистон ҷойгоҳи “кишварҳои бидуни озодӣ”-ро ба худ касб карда, ҳамсояи Русия мебошад. Ин ду кишвар мутаносибан мавқеи 149 ва 148-ро соҳибӣ кардаанд

анҷоми тиҷорат ё соҳибкорӣ дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Тоҷикистон як кори мушкил боқӣ мемонад. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ (мавқеи 123 ва дар ҷаҳон дар мақоми 190) қарор дорад. Тибқи ин тасвирбаёнӣ, ҳатто ҳамсояҳои наздики “сарсахт”-и Тоҷикистон – Қирғизистон ва Украина бо касби ҷойгоҳи 77 ва 76 хеле пеш рафтаанд.

Пешсафони ин феҳраст ба гунаи солҳои қаблӣ Гурҷистон (мавқеи 9 дар ҷаҳон) ва Эстония (ҷойгоҳи 12) мебошанд. Doing business баёнгари соддагии таъсис ва анҷоми бизнес ё тиҷорат дар кишварҳо мебошад.

“Арзёбии озодиҳои иқтисодӣ” аз фонди The Heritage Foundation барои бинанда тасвири беҳтареро фароҳам месозад. Дар ин арзёбӣ Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ мақоми 109, Беларус - 104 ва Молдова дар ҷои 110-ум қарор гирифтанд. Тибқи арзёбии ин созмон, вазъи Русия бадтар аст (114), Узбакистон ҷойгоҳи 148 ва Украина мавқеи 166-ро касб кардаанд. Туркманистон бо касби ҷойгоҳи 170 хотимабахши ин гурӯҳи кишварҳо аст.

Тоҷикистон ва озодии баён

Ҳамчунин арзёбии “Комёбиҳои кишварҳо” вуҷуд дорад, ки онро пажӯҳишгоҳи бритониёии Legatum таҳия мекунад. Дар ин феҳраст Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ҳамсоя ҳастем, ки мантиқӣ ба назар мерасад. Зеро, бахши аслии воридот ба иқтисоди кишвари мо дар солҳои ахир маҳз тавассути муҳоҷирони меҳнатии тоҷик анҷом мешавад, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд. Бадшавии вазъи иқтисодӣ дар Русия муҷиби такрори чунин вазъият дар иқтисоди Тоҷикистон низ шуд.

Ин арзёбӣ бо истифодаи ҳамзамон аз чанд нишондоди омори СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва муассисаҳои дигари байналмиллалӣ дар заминаҳои зерин таҳия мешавад: иқтисод, соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ, амният, озодиҳои шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ ва ғайра. Русия ва Тоҷикистон дар ин арзёбӣ мутаносибан ҷойгоҳи 101 ва 102-ро соҳибӣ кардаанд.

Озарбойҷон бо касби ҷойгоҳи 106 ва Украина бо мавқеи 112 вазъи бадтаре доранд. Пешсафони ин гурӯҳи кишварҳои пасошӯравӣ кишварҳои соҳили Балтик мебошанд, ки ҳамзамон шомили 50 кишвари беҳтарини ин феҳраст арзёбӣ шудаанд.

Тоҷикистон ва чолишҳои амниятӣ

Дар як арзёбии дигари “Давлати ноком”-и Сандуқи амрикоии Сулҳ (The Fund for Peace) Тоҷикистон шомили гурӯҳи кишварҳои заифтарин шуда, мавқеи 61-ро соҳиб шудааст. Узбакистон бо касби ҷойгоҳи 63 ва Қирғизистон бо мавқеи 65 дар наздикии Тоҷикистон қарор доранд. Русия ҷойгоҳи 67-ро ба худ ихтисос додааст. Вазъияти Латвия, Эстония ва Литва беҳтар арзёбӣ шудааст.

Вазъи мураккаби сиёсӣ дар Тоҷикистонро коршиносон ба хатарҳои марбут ба терроризм вобаста медонанд, ки аз теъдоди шаҳрвандони ба сафи ДИИШ пайвастаи ин кишвар маншаъ мегирад. Зимнан, ин афрод маъмулан ҳоло дар қаламрави Афғонистони ҳамсоя қарор доранд.

Аммо маҳз аз рӯи ин нишондод, бахусус дар “Феҳрасти терроризми фарогир”-и Пажӯҳишгоҳи иқтисоду сулҳ (The Institute for Economics and Peace) Тоҷикистон дар ҷойгоҳи ахир қарор надорад. Русия ва Украина – кишварҳои пешсаф дар ИДМ-ро дар феҳрасти ҷаҳонӣ мутаносибан ҷойгоҳи 17 ва 33-ро касб кардаанд. Қазоқистон низ бо касби мавқеи 67 пойинтар аз Тоҷикистон (72) қарор дорад. Дуртар аз мо Арманистон (75) ва Гурҷистон (77) ҷой гирифтаанд. Камтар аз дигарон хатароти терроризм ба сокинони кишваҳои соҳили Балтик ва Белорус (ҷойгоҳҳои 128-130) таҳдид мекунад. Дар ин феҳраст нишондоди пойинтар ба маънии вазъи бадтар дониста мешавад.

Кишварҳои хушбахт кадоманд?

Дар “феҳрасти кишварҳои хушбахт” ғайриинтизор Арманистон (121), Гурҷистон (125) ва Украина (132) «кишварҳои аз ҳама бадбахт» дониста шудаанд. Тоҷикистон аз пайи онҳо ҷойгоҳи 96-умро ба худ ихтисос додааст. Русия ва Узбакистон пешгоми ин гурӯҳ буда, ҳатто аз кишварҳои соҳили Балтика пеш гузаштаанд. Ин арзёбиро маркази таҳқиқотии “Пажӯҳишгоҳи Сайёра”-и (The Earth Institute) назди Донишгоҳи Коламбия бо сарпарастии СММ анҷом додааст. Ҳадафи таҳияи ин феҳраст муаррифии дастовардҳои кишварҳои ҷаҳон ва минтақаҳои ҷудогона ҷиҳати имконияташон барои таъмини зиндагии хушбахтонаи сокинонаш мебошад.

Зимни таҳияи ин феҳраст нишондоди хушбахтӣ, назири мизони тавлидоти нохолиси миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ, дарозумрии пешбинишаванда, вуҷуди озодиҳои шаҳрвандӣ, эҳсоси амният ва боварӣ ба оянда, пойдории оилавии, кафолати шуғл, сатҳи фасод ва ҳамчунин сатҳи эътимод дар ҷомеа, ҳимматбаландӣ ва дасткушодӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Тоҷикистону Русия – кишварҳои бидуни озодӣ

Дар ниҳоят, тибқи феҳрасти “Озодиҳои ҷаҳонии матбуот”, ки онро маъмулан созмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” дар миёни 180 кишвари ҷаҳон омода месозад, Тоҷикистон ҷойгоҳи “кишварҳои бидуни озодӣ”-ро ба худ касб карда, ҳамсояи Русия мебошад. Ин ду кишвар мутаносибан мавқеи 149 ва 148-ро соҳибӣ кардаанд. Дар миёни кишварҳои ИДМ гурӯҳи бузурги ҷумҳуриҳо вазъи бадтаре доранд. Беларус (153), Қазоқистон (157), Озарбойҷон (162), Узбакистон (169) ва Туркманистон (178) аз лиҳози озодиҳои матбуот бештар баста дониста мешаванд.

Таҳлили ин арзёбиҳову феҳрастҳо нишон медиҳад, ки дар маҷмӯъ кишварҳои ИДМ ҳамчун кишварҳои бесалоҳ ва дар масоили озодии тиҷорату соҳибкорӣ, рушди ҷомеа, амният ва озодии баён ба қадри кофӣ пешрафта дониста намешаванд.

Дар ин миён Гурҷистон истисно аст, ки аз рӯи бархе нишондодҳо ба кишварҳои пешрафтаи соҳили Балтик, ки ҳоло узви Иттиҳодияи Аврупо мебошанд, наздик шудааст.

Кишварҳои Осиёи Миёна дар маҷмӯъ ҷойгоҳҳои пойинтаринро дар ин арзёбиҳо касб кардаанд. Аммо ҷолиб ин нукта аст, ки кишварҳои дар гузашта пешрафтаи дорои захираҳои нафт ба мисли Озарбойҷон, Қазоқистон ва Русия ҳоло мавқеи пешсафи худро аз даст дода, дар бархе мавридҳо ҳамсояи Тоҷикистон шудаанд ва ё ҳатто пойинтар аз вай ба худ ҷойгоҳ касб кардаанд.