Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар гурӯҳи «J» бо дастаҳои Умон, Сингапур ва Гуам рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ аз 19-ум то 27-уми октябри соли равон дар Сингапур баргузор мешаванд.
Бар асоси қуръакашӣ 43 даста ба даҳ гурӯҳ тақсим шудааст:
Гурӯҳи А: Эрон, Урдун (мизбон), Сурия, Ҳонконг, Чин, Кореяи Шимолӣ;
Гурӯҳи B: Афғонистон, Бангладеш, Камбоҷа (мизбон), Филиппин, Макао;
Гурӯҳи C: Кореяи Ҷанубӣ, Чин (мизбон), Баҳрайн, Бутан, Молдив;
Гурӯҳи D: Тайланд (мизбон), Ҳиндустон, Бруней, Туркманистон;
Гурӯҳи E: Узбекистон, Ироқ, Тайван (мизбон), Фаластин;
Гурӯҳи F: Ҷопон, Қатар (мизбон), Муғулистон, Непал;
Гурӯҳи G: Австралия, Индонезия, Кувайт (мизбон), Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ;
Гурӯҳи H: Малайзия, Лаос (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Лубнон;
Гурӯҳи I: Яман, Ветнам (мизбон), Қирғизистон, Мянмар;
Гурӯҳи J: Тоҷикистон, Умон, Сингапур (мизбон), Гуам.
Бар асоси натиҷагирии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.
Ҳамчунин рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 муайян шуданд. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёвӣ, дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Умон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад.
Бозиҳои ин гурӯҳ аз 21-ум то 29-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.
Бар асоси қуръакашӣ 45 даста ба даҳ гурӯҳ тақсим шудааст:
Гурӯҳи А: Ветнам (мизбон), Сурия, Бангладеш, Бутан, Гуам;
Гурӯҳи B: Узбекистон, Баҳрайн, Тайван (мизбон), Камбоҷа, Непал;
Гурӯҳи C: Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувайт (мизбон), Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ;
Гурӯҳи D: Австралия, Арабистони Саудӣ (мизбон), Фаластин, Афғонистон, Макао;
Гурӯҳи E: Тоҷикистон (мизбон), Умон, Малайзия, Шри-Ланка, Кореяи Шимолӣ;
Гурӯҳи F: Индонезия (мизбон), Яман, Тимори Шарқӣ, Молдив;
Гурӯҳи G: Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Лаос (мизбон);
Гурӯҳи H: Ироқ, Тайланд (мизбон), Филиппин, Бруней;
Гурӯҳи I: Ҷопон, Қирғизистон (мизбон), Мянмар, Туркманистон;
Гурӯҳи J: Урдун, Қатар (мизбон), Сингапур, Ҳонконг.
Тибқи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 6-ум то 23-юми феврали соли оянда дар Чин барпо мегардад.