Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати мазкур ҳафтаномаи "Азия-Плюс"-ро ба додгоҳ кашида, гуфтааст, дар мақолаи "Тафтишот ё инквизитсия?", ки ин нашрия чоп кардааст, ӯ ва кормандони раёсати ӯ тавҳин ва тӯҳмат шудаанд.
Муаллифи ин мақола Рамзия Мирзобекова аст. Вале ин танҳо матлаби рӯзноманигор нест, ки боис ба баҳсҳои додгоҳӣ шудааст.
Ҳамчунин чанд матлаби дигари хонум Мирзобекова боис ба ифтитоҳи парванда алайҳи ин нашрия ва худи муаллиф шудааст. Мо низ сӯҳбатро аз мақолаҳои “ҷангҷолӣ”-и ӯ оғоз кардем.
"ҶАВОБГАРИ АСОСӢ"
"Дар ҳоли ҳозир се матлаби ман дар баррасии
мақомоти додгоҳӣ қарор дорад. Яке аз ин навиштаҳо "Адвокат уполномочен заявить" унвон дорад. Ин матлаб дар бораи сарнавишти гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Исфара, ки аз ҳукми додгоҳ алайҳи бастагонашон норозӣ буданд, ҳикоят мекунад. Он гуна ки огоҳед, ин як парвандаи хеле пурсарусадо буд, ки ба он таваҷҷӯҳи тақрибан тамоми расонаҳо ҷалб шуд. Мурофиаи он ҳозир дар як ҳолати номуайян қарор дорад. Мақоларо ба экспертиза ё ташхиси лингвистӣ ба Институти забон ва адабиёт равон кардаанд, то дар он ҷо бифаҳманд, ки дар ин мақола аз тавҳин ва таҳқир кор гирифта шудааст ё хайр. Чунки онҳо шикоят кардаанд, ки гӯиё нисбат ба онҳо дар ин мақола таҳқир раво дида шуда, шаъну шарафи онҳо паст зада шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар дасти ташхис аст.
"Охота на валютчиков" навиштаи дигарам дар бораи сарнавишти коргарони нуқтаҳои табодули пули пойтахт сӯҳбат мекард. Як вақт чунин ҳолатҳое пеш омада буд, ки "валютчик"-ҳоро ғорат ва ҳатто нобуд мекарданд ва як куштор дар маркази шаҳр низ рух дода буд.
Ниҳоят мақолаи сеюм "Следствия или инкивизитсия?" аст. Нисбат ба ин мақола низ ба додгоҳ муроҷиат карданд. Ин баҳс ду маротиба мурофиаро пушти сар кард. Дар мурофиа аввал салоҳияти Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияро эътироф накарданд ва мебоист Умед Бобохонов, роҳбари "Азия-Плюс" иштирок мекард. Вале чун дар мурофиаи дуюм Мамадшоев ваколатномаро пешниҳод кард, нисбат ба имзои сармуҳаррири мо шубҳа пайдо шуд. Додгоҳ ба ин натиҷа расид, ки онро таҳқиқ кунад, то дурустӣ ва ё ҷаълӣ буданаш ошкор шавад. Аммо дар ин навбат тарафи даъвогар дархост кард, ки маро ҳамчун ҷавобгари асосӣ бишиносанд ва рӯзнома ҳамҷавобгар дониста шавад. Мурофиа то чанд муддат ба ақиб андохта шуд."
МАҚОЛАҲОИ "ЗАКАЗНОЙ"
Суол: Бархе бар ин боваранд, ки ҳоло муносибат ва бархӯрд бо матбуот ба унвони як тараф сурат мегирад, на ҳамчун як рукни собиту доимиву зарурии ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ба назари Шумо, чаро чунин вазъ пеш омадааст?
Рамзия Мирзобекова: "Фикр мекунам, ин аз он ҷиҳат аст, ки ашхоси мансабдори мо ба қабули танқид омода нестанд ва таҳаммул надоранд, ки танқид бишаванд. Агар журналист дар чаҳорчӯби рисолати касбӣ ва
Ин як фишори равонӣ ба матбуот аст...
масъулияти шаҳрвандие, ки дорад бихоҳад таваҷҷӯҳро ба ягон мушкил ҷалб созад, натиҷа тавре мешавад, ки ба худаш проблема сохтааст. Яъне ашхоси мансабдор ба ҳалли мушкил диққати худро ҷалб намекунанду аз рӯи мақоли русӣ "лучшая защита это нападение" амал мекунанд. Баъзе вақт ҳатто дар гирдоби гумону шубҳа афтода мегӯянд, ки ин мақолаи шумо "заказной" ё фармоишӣ буд.
Ин қабил ҳарфҳоро журналистҳо бисёр мешунаванд. Шояд ин ашхоси мансабдор хоҳиши ҳал кардани он мушкилотро надоранд ё наметавонанд ҳал кунанд. Аз тарафи дигар, онҳо маҷбуранд, ба ин ҳарфҳо посух гӯянд. Зеро амри раисҷумҳур чанд сол пеш содир шуда буд, ки мансабдоронро маҷбур мекард ба матолиби матбуот посух диҳанд. Аз ин рӯ, ҷавобашон ҳамин хел мешавад. Миллион сомонӣ ҷуброн талаб мекунанд. Медонанд, ки ин як кори ношуданӣ аст, рӯзномаҳо чунин маблағ надоранд."
ҶУБРОН НА, ФИШОРИ РАВОНӢ
Суол: Дар бораи маблағҳо гуфтед. Фикр мекунед, чаро ин гуна маблағҳоро талаб мекунанд, дар ҳоле медонанд, ки иҷронашуданист?
Рамзия Мирзобекова: "Ин як фишори равонӣ ба матбуот аст. Баъд аз ин, журналист пеш аз он ки матлаберо чоп кунад боз чанд бори дигар фикр мекунад, таҳлил мекунад. Ин як навъ ҳушдоре мешавад, ки журналистҳо чунин мақолаҳои танқидиро камтар нависанд. Ин эҷоди маҳдудият ба кори журналист ва озодии сухан аст. Барои он ки ба додгоҳ рафтану омадан ҳазору як мушкил дорад. Муҳокимаҳои додгоҳӣ вақти зиёдеро мегиранд, хароҷоти пулӣ ҳам дорад. Ҳаматарафа фишор аст: маънавӣ, пулӣ ва талафи вақт...»
ТАЛОШЕ БА ДИФОЪ АЗ ХУД
Суол: Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқоташ бо хабарнигорон гуфта буд, ки журналистҳо ёрдамчии ҳукумат, ёрдамчии президентанд ва ташвиқ кард, ки дар бораи камбуди ҷомеа ва ҳукумат бинависанд. Аммо вақте журналистон чунин матолиб менависанд, ба додгоҳ кашида мешаванд. Он чизе, ки раисҷумҳур гуфт зоҳирӣ буд?
Рамзия Мирзобекова: "Агар президент ба журналистон бовар дорад ва журналистон камбудҳои афроди мансабдорро чоп мекунанд, пас, онҳо аз ин тарзи кор тарс доранд. Бим доранд, ки президент мехонад ва шояд ягон чора нисбат ба онҳо андешад.
Барои ҳамин, онҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, ки ин як роҳи худро сафед кардан аст. Ва онҳо худро як хел сафед мекунанд, ки журналстҳоро айбдор мекунанд. Камбудро дар кори рӯзноманигор мекобанд. Чунин менамояд ки онҳо бо ин роҳ мехоҳанд худашонро дар назди роҳбари давлат сафед кунанд, вале фаромӯш мекунанд, ки дар назди ҷомеа низ ҷавобгаранд ва бояд дар чашми халқ низ сафед бошанд. Аз ин бештар, бояд аввал дар назди халқ ҷавобгӯ бошанд.
Барои мисол, як мақолаи ман дар бораи мавҷудияти шиканҷа буд. Ҳама мегӯянд, ки бале, ин мушкил вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ кас то имрӯз ошкоро намегӯяд. Барои он ки ба таври расмӣ дар бораи мавҷудияти ин мушкил мо маълумоте дар ихтиёр надорем ва онро дастрас карда наметавонем. Вале мешунавем, ки шиканҷа вуҷуд дорад. Яъне, ки зиндагии расмии мо аз реалиамон фарқи калон дорад. Вақте ки ҳамон паҳлуи реалии зиндагиро мехоҳем рӯшан намоем, ҳамин хел вокуниш мешавад. Фикр мекунам, ин ҷо шахсоне, ки танқидро ба ин шакл қабул мекунанд, бояд кӯшиш кунанд, як роҳи дурустро ёбанд ва ҳамроҳ бо журналистҳо, ҳамроҳ бо ҷомеа. Ин хел ҳам намешавад, ки мушкилӣ ҳасту онро қатъиян инкор кунанд…
Шояд дар ягон ҷои мақолаи мо хато бошад, шояд, лекин мо намедонем, ки куҷои он хато аст, зеро аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мо ягон маълумот гирифта натавонистем. Ба мо дақиқ намегӯянд, ки шумо дар куҷо хато кардед, куҷояш нодуруст буд, чун дар дасти мо ҳам, ки ягон хел маълумот нест. Фақат маълумоти яктарафа мерасад, ки шиканҷа ҳаст. Лекин намегӯянд, ки дар ин замина тафтишот доир шуд, ин ҷояш нодуруст будааст, вале дар ин қисмат одамҳоро сафед карданд. Манзурам ин аст, ки маълумоти дақиқ намедиҳанду аммо мегӯянд шумо ноҳақ ҳастед."
"ҲАРЧӢ ДИЛАМ ХОҲАД, НАВИШТА НАМЕТАВОНАМ"
Суол: Пеш аз он ки матлаб бинависед, фикр мекунед, ки баъзе чизҳояшро нагӯям ва ё ин ки ҳар чизе дилатон кашад, менависед?
Рамзия Мирзобекова: "Не, ҳар чизе, ки дилам хоҳад, навишта наметавонам. Барои он ки ҳар чизе, ки менависам бояд тасдиқ дошта бошад. Зеро журналист бояд барои матлаби нашркардаи худ омода бошад, ки ҷавоб диҳад. Он чизе, ки тасдиқ карда наметавонӣ, ҳарчанд ҳам бихоҳӣ, вале барои навиштан ҳақ надорӣ. Зеро он шубҳабарангез аст ва пагоҳ ё фардо дарди сари худат мешавад. Гап дар сари он аст, ки аввал факту рақамҳоро дастрас бояд кард.
Агар шумо худсонсуриро дар назар доред, худсонсурӣ на ба маънои он аст, ки инро бинависам шояд пагоҳ ба ман проблема шавад. Гоҳо мешавад, ки шахсони мансабдор ба таври расмӣ ба мо як чизро мегӯянд, вақте ки маълумот медиҳанд, вале чун каме сӯҳбат кардед, чизҳои ғайрасмиро ҳам мегӯянд. Дар чунин сӯҳбатҳо проблемаҳоро ошкоро мегӯянд. Вале чун ба таври расмӣ нагуфт, наметавонам он чизҳоро рӯи коғаз оварам. Бисёр чизҳоро метавон навишт, вале чун тасдиқи онҳоро наметавон пайдо кард, мушкил аст."
"РОҲБАРИЯТ ҲИМОЯ МЕКУНАД"
Суол: Назари роҳбарияти нашрия ба он ки се-чаҳор матлаби шумо ба додгоҳ кашида шуд, чӣ аст? Оё роҳбарони «Азия-Плюс» аз шумо ҷонибдорӣ мекунанд ва ё ин ки мегӯянд, чун чоп кардӣ, худат ҷавоб бидеҳ?
Рамзия Мирзобекова: "Роҳбарияти мо, масалан Марат Мамадшоев, шахсан кӯшиш мекунад, ки маро ҳаматарафа ҳимоят ва ҳифз кунад. Вай кӯшиш мекунад, ки ҷавобгариро бар дӯши худ бигирад. Аз тарафи дигар, навиштани ин мақолаҳо супориши редаксия буд. Дигар ин ки ҳатто агар ташаббуси ман ҳам мебуд, онҳо маро ҳифз ва ҳимоят мекарданд. Дастгирӣ мекунанд. Ин ҷо ҳуқуқшиносҳо ҷамъ меоянд ва чун ин масоилро баҳс мекунанд, Марат Мамадшоев ҳатто маро даъват намекунад, ки дар ин сӯҳбатҳо бинишинам. Ҳамин ҳоло ҳам, ки маро ҷавобгар ҳисоб кардан мехоҳанд, ӯ гуфт, ки дар ташвиш набошам, ҳуқушиносҳо ҳастанд, агар бихоҳӣ онҳо туро дар додгоҳ иваз мекунанд."
"ҲУКУМАТ КОРЕРО МЕКУНАД, КИ БОЯД НАКУНАД"
Суол: Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҳама чизҳоро наметавон дар доираи қонун ворид кард, махсусан анъана ва маросимҳо ва меъёрҳои ахлоқиро, ки хос ба табиат ва хислати инсонӣ аст. Фикри шумо дар ин бора чӣ аст, ки ҳоло мехоҳанд тарбияи кӯдакро аз тарафи волидон ва ё ришдориро ба мардум санад созанд ва нагузоранд, ки аз ин санаде, ки менависанд мардум берун равад?
Рамзия Мирзобекова: "Фикр мекунам, ин корҳо кори ҳукумат нест. Таълиму тарбияи кӯдак, ки падару модар дорад, ба фикрам ба ҳукумат шояд камтар дахл дошта бошад. Ҳукумат дар ин маврид метавонад шароитро барои одамон муҳайё кунад, ки агар нахоҳад шахсони ришдор ва ё ки занони ҳиҷобпӯш бошанд ва гарданд. Мо ҷумҳурии дунявӣ ҳастем, вале нишонаҳои ин сохти дунявӣ дар мо тақрибан, ки дида намешавад. Ягон алтернатива ба инҳо нест.
Дин дар шароити имрӯз барои халқ як роҳи наҷот аст. Шояд камбуди мо дар ин аст, ки як идеология надорем. Барои ҳамин, одамон бештар ба идеологияи динӣ равона мешаванд. Интихоб бояд дар ҳама чиз бошад. Имрӯз бештар ба дин тамоюл мекунанд, ки дар ҳақиқат аз он чизе барои худ меёбанд. Вале ин корҳо аз тарафи ҳукумат дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон аст. Ҳукумати мо бисёр корҳоро бояд накунад, лекин мекунад бисёр корҳоеро, ки бояд кунад онҳоро иҷро намекунад."
"МОДАРАМ БЕМОР ШУДАНД"
Суол: Дар бораи мақолаҳоятон, ки боис ба баҳсҳо дар додгоҳ мешавад, ҳамкорони дигаратон чӣ назар доранд. Намегӯянд, ки чаро ба сари мо ҷангҷол меорӣ?
Рамзия Мирзобекова: "Не, не. Дар идораи мо чунин ҳарфе нест. Ҳама вақт дастгирӣ мекунанд. Одамони бегона дастгирӣ мекунанд. Фикр намекунам, ки маҳз нисбат ба шахси ман ягон чиз бошад, дигар кас ҳам менавишт, ҳамин гуна вокуниш ва натиҷа медод."
Суол: Оё аз роҳҳои ғайрирасмӣ низ фишорҳоро эҳсос мекунед, ки мегӯянд ором бош, сокит шав, чаро чунин чизҳо навиштӣ?
Рамзия Мирзобекова: "Фишор, не. Вале як каме хавотирӣ дар оилаи мо мушоҳида мешавад. Модарам бисёр фикр карданд ва аз ин сабаб бемор шуданд, дар беморхонаанд. Баъзе чизҳоро ҳис мекунам, вале дар ин маврид беҳтараш сухан нагӯям..."
Муаррифӣ
Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи «Азия-Плюс», шӯъбаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 2004 хатм кардааст. Фаъолияти кории худро ба ҳайси котиби додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шурӯъ карда, сипас корро дар нашрияи «Азия-Плюс» идома додааст.Мегӯяд, нияти журналист шуданро надошт. Мехост иқтисодчӣ бошад, вале бо исрори падар ба ин касб рӯ овардааст.
Вай бештар дар мавзӯъҳои ҳуқуқи башар, бахусус, мавзӯъҳое, ки ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иртибот мегирад, матолиб ба нашр расонидааст. Соли гузашта барандаи яке аз ҷоизаҳои Пажӯҳишгоҳи «Ҷанг ва сулҳ»-и Лондон дар миёни хабарнигорони Осиё Миёна шудааст. Ҳоло ҳамроҳ бо волидонаш ба сар мебарад. Суруду мусиқии мардумиро бештар меписандад.