Раҷаби Мирзо ва се тани дигар довталаби курсии порлумон шуданд

Лаҳзаи супурдани шаҳодатномаи номзадӣ барои иштирок дар интихоботи миёндавраӣ ба рӯзноманигор Раҷаби Мирзо.

Иштироки чаҳор нафар дар интихоботи миёндаврӣ барои соҳиб шудан ба як курсии холишуда дар парлумони кишвар аз ҳавзаи 39-и Восеъ расман эълон шуд.
Акнун дар ин ҳавза Раҷаб Мараимов, рӯзноманигори маъруф ва Ҷӯрабек Қурбонов, мудири Идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, ба таври худпешбарӣ ва Ибодулло Неъматов, аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Зайниддин Сафаров, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз 5-уми апрел то 4-уми май имкон доранд, ташвиқу тарғиботи пешазинтихоботӣ бубаранд.

Муҳаммад Давлатёров, раиси ҳавзаи интихоботии Восеъ-39, мегӯяд, мардум аз баргузории интихоботи миёндаврӣ хеле хуб огоҳанд ва омодаанд,ки ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

Муҳаммад Давлатёров - раиси ҳавзаи интихоботии Восеъ-39

Ӯ гуфт: “Мардум хеле хуб огоҳ аст, ки раиси собиқ аз вазифа рафт ва ба ҷои ӯ Рустам Латипов, собиқ вакиле, ки мардум интихоб карда буданд, омадааст. Мо корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам бурдем, вале мардум ҳама интизор доштанд, ки интихобот мешавад, зеро вакили интихобкардаашон раиси ноҳия шуд ва ҷои ӯ дар парлумон холӣ мондааст. Мо аз ҷониби худ барои шафоф гузаштани интихобот ҳама гуна омодагиро дида истодаем.”

Аммо аксари мусоҳибони мо дар хиёбонҳои Восеъ изҳор доштанд, ки аз интихобот дар ҳоле хабар ёфтанд, ки дар нашрияҳо Раҷаби Мирзо (Раҷаб Мараимов) хостори иштирок дар он шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархеи дигар аз сокинон мегӯянд, то ҳанӯз аз баргузории чунин маъракае хабар надоранд.

Гулхумор Каримова, як сокини ноҳияи Восеъ, гуфт: “То бегоҳ дар бозор паи савдо ҳастам. Бовар кунед, аз интихобот хабар надорам, аммо агар даъватнома диҳанд, рафта иштирок мекунам.”

Мусоҳиби дигари мо бо номи Нозанин Раҷабова мегӯяд, аз интихобот хабар дорад, аммо ҳаваси ширкат дар онро надорад, зеро то кунун ягон вакили интихобшуда аз ин ноҳия мушкиле аз сокинонро осон накардааст: “Аз соли 90-ум даҳ-бист бор депутат интихоб кардем, вале ҳамин ки интихоб шуданд, дигар мардумро фаромӯш мекунанд. Як бор бо мардум во намехӯранд ва мушили сокинонро ҳам ҳал намекунанд. Ба ин хотир дигар ман дар интихобот иштирок намекунам.”

Аз сӯи дигар Амриддин Олимов, рӯзноманигори маҳаллӣ, мегӯяд, фазои пешазинтихоботӣ аз интихоботҳои қаблӣ ҳеҷ фарқе надорад: “Мардум як андеша дорад, ки овози ӯ нақш намебозад. Шояд овози онҳо он қадар муҳимият надорад. Агар дар ин интихобот танҳо ба овози мардум такя нашавад, фикр мекунам, боварии мардумро дигар баргардонида намешавад. Дар сурате, ки мардум бовар кард, ки овози ӯ нақш мебозад, пас дар интихобот фаъолона иштирок мекунад.”

Интихобот дар ҳавзаи 39-и Восеъ дар ҳоле сурат мегирад, ки Рустам Латипов, намояндаи Ҳизби аграрӣ ва собиқ вакили парлумон аз ин ҳавза, раиси ноҳия интихоб шуд ва курсиаш дар парлумони кишвар холӣ монд.