Як сокини шаҳри Душанбе иддао дорад, ки дар амалиёт ё "рейд"-и, ба гуфтаи ӯ, зидди занони сатрпӯш дастгир ва дар идораи умури дохилии Сино 2-и пойтахт "соатҳо таҳқиру азият" шудааст. Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, баъд аз ин ҳодиса бемор шуд ва роҳравиаш мушкил гардид. Маъмурони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино 2-и пойтахт таҳқиру дашном шудани ин зани ҷавонро рад карданд.
Нилуфар Раҷабова гуфт, боздошти ӯ рӯзи 14-уми декабр рух додааст, замоне ки аз бемористон ба сӯи хонаашон мерафт. Ба нақли вай, дар роҳ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва маъмурони милиса ӯро барои доштани рӯйсарӣ боздошта, ҳамроҳ бо чаҳор зани дигар барои “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба идораи пулиси ноҳияи Сино бурдаанд.
"Дар онҷо 15-20 зани дигар ҳам буданд. Аз мо пурсиданд, ки занҳои хушрӯ чаро ин қадар худатонро печондед? Нафасатон намегирад? Инҷо на Афғонистон асту на Эрон. Ба мо фаҳмонданд, ки ин тарзи либоспӯшӣ ғайриқонунӣ аст ва ба ҳама “шарф” доданд. Гуфтанд, ки сатрҳоро кашеду ин “шарф”-ҳоро пӯшед ва ҷавоб медиҳем. Вақте гуфтам, ки ба ман ҳам диҳед, гуфтанд, дигар нест,” – нақл кард ӯ рӯзи 16-уми декабр.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нилуфар Раҷабова гуфт, бархӯрди пулис замоне тағйир ёфт, ки ӯ ному насабашро гуфта, хостааст, маълумотномаи пешниҳодкардаи маъмурони милисаро акс гирад. Сипас ӯро ба назди раҳбарияти шуъба бурдаанд ва пурсишҳо дар онҷо идома кардааст.
Вай афзуд: "Таҳдид карданд, ки 15 рӯз ҳабс мекунанд. Телефонамро гирифтанд. Гуфтам, дар куҷои қонун омадааст, ки Шумо бо зан чунин рафтор кунед? Гуфтанд, ту зан нестӣ, иғвогар ҳастӣ."
Танҳо баъд аз омадани модараш, Нилуфарро ҷавоб додаанд. Валамат Иброҳимзода рӯзи 16-уми декабр ин ҳодисаро тасдиқ кард.
Ин дар ҳолест, ки як корманди Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино 2 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дигар он давраҳо гузаштааст. Бо шаҳрвандон муомилаи хуб мекунанд. Худатон медонед, ки баъзе аз сокинон дурӯғ ҳам мегӯянд."
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба қазияи Нилуфар Раҷабова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар сурати шикояти расмии шаҳрванд Раҷабова қазия санҷида мешавад”. Аммо, ба қавли ӯ, “то ҳанӯз касе барои сатр боздошт нашуда, фақат ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб мешаванд”.
Нилуфар Раҷабова, хоҳари Шуҳрати Раҳматулло ва духтари Раҳматулои Раҷаб, яке аз 13 узви раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст, ки соли 2015 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон чаҳор сол пеш фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ ва террористӣ унвон кард. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ин айбномаро ҳамвора сохтаву бепоя ва баҳонае барои берун кардани ин созмон аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон медонанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд. Аммо чанд соли ахир назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони идораҳои давлатӣ пӯшидани либоси мазҳабиро манъ кардаанд. Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, шаҳрвандон бояд дар интихоби либос ва намуди зоҳирӣ озод бошанд. Бархеи онҳо ин иддаоро ҳам пеш меоранд, ки "агар либоси мазҳабӣ ба фарҳанги тоҷикон бегона бошад, пас, барои мисол либосҳои аврупоӣ чӣ ҳисобида мешавад?"
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, як китоби либосҳои тавсиявӣ барои занонро нашр кардаанд, ки асосан аз атласу чакан иборат аст ва либосҳои мазҳабӣ ва нимаурёнро дар бар намегирад.
Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди гузоришгарони Кумисюни озодиҳои динии Амрико ва нозирони дигари ҳуқуқи башар гардидааст. Вале мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин маҳдуд кардани озодиҳои сокинон нест, балки ба танзим даровардани фарҳанги миллист.
Дар кишвар барои муқобила бо ифротишавии ҷомеа тарзи либоспӯшии мазҳабӣ ё ба гуфтаи онҳо “либосҳои бегона” таҳти назорат гирифта шудааст.