Президент Раҳмон дар номаи табрикии худ сатҳи кунунии муносиботи Тоҷикистону Амрикоро баланд арзёбӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи ҳаштуми ноябр, як рӯз баъд аз пирӯзии Барак Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико бо ирсоли паёми шодбошӣ ӯро бо ин муваффақияташ табрик гуфтааст.
Дар номаи табрикии раисиҷумҳур Раҳмон гуфта мешавад, ки "Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикии худро бо Иёлоти Муттаҳида, ки фарогири ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мебошанд, баланд арзёбӣ менамояд."
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба бо Амрико манфиатдор аст. "Ҷиҳати тақвияти ин раванд омодагии хешро барои идомаи муколамаи созанда байни ду давлати ба ҳам дӯст дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям",-илова кардааст ӯ.
Дар охир, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Барак Обама "сиҳатии комилу саодатмандӣ" ва ба сокинони Амрико "пешрафту шукуфоии рӯзафзун" орзу кардааст.
Барак Обама рӯзи сешанбе рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ -- Митт Ромниро шикаст дода, бори дувум ва барои чаҳор соли оянда раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Ин президенти сиёҳпӯсти Амрико сарфи назар аз дилсардии мардуми кишвараш аз вазъи иқтисодӣ ва чолишҳои рақибаш Митт Ромнӣ дар аксари аёлатҳо пирӯз шуд ва ҳақи раҳбарии маъмурияти Кохи Сафедро то чор соли оянда ба даст овард.
Табрикот ва интизориҳои ҷаҳон аз пирӯзии Барак Обама
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!