Бадахшон Раҳмонро вакил интихоб кард

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон. Сентябри соли 2012

Бахши вилоятии ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Бадахшон Эмомалӣ Раҳмонро вакил ба анҷумани навбатии ин ҳизб пешбарӣ кард.
Қарор аст, анҷумани ҳизб дар авоили моҳи октябр дар Душанбе баргузор шавад. Мудири шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Бадахшон Курбонҳусейн Худоиев гуфт, ки 20-уми сентябр дар конфронси вилоятии ҳизб 37 вакил ба Анҷумани ҲХДТ пешбарӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар дар сафи аввал қарор дорад. Анҷумани ҲХДТ номзади ҳизби ҳокимро дар сабқати президентӣ муайян хоҳад кард. Интизор меравад, ки аз ҷониби ин созмони сиёсӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ хоҳад шуд.

Коршиносон мегӯянд, конфронс хомӯши томеро, ки то ин дар робита бо интихоботи президентӣ дар минтақа ҳукмрон буд, шикаст ва роҳбарияти ҳизб аъзояшро ба ширкати фаъол дар интихобот ва тарғибу ташвиқи номзади оянда, ки анҷумани ҲХДТ пешбарӣ мекунад, сафарбар кард. Дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғ нахустин овезаҳо оид ба интихобот пайдо шуданд.

Конфроси вилоятии ҲХДТ дар ҳоле номзадии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро ба вакилии анҷумани навбатии ҳизби ҳоким интихоб намуд, ки аз хотири мардуми Бадахшон ҳанӯз ҳодисаҳои тобистони соли 2012 нарафтааст. 24 июли порсол нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ амалиёти низомиро зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар кушта шуданд. Ба бовари нозирон, ин ҳодиса то андозае ба обурӯи Эмомалӣ Раҳмон, ки то он замон аз маҳбубияти муайяне байни мардуми Бадахшон бархӯрдор буд, латма зад. Ба бовари коршиносон, пуштибонии намояндагони ҳизби Халқӣ-демократӣ дар Бадахшон аз номзадии Раҳмон, ки ба эҳтимоли ғолиб пирӯзи интихобот хоҳад шуд, пайғоми сиёсиест ба мунаққидону мухолифони ҳодисаҳои Хоруғ, ки амалиёти низомиро барои интиқод аз ҳукумати Раҳмон истифода мекунанд.


Аммо масъулини ҲХДТ дар минтақа дар конфронс гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сурати пешбарӣ гардиданаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бо корҳои анҷомдодааш ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад ва аз аъзои ҳизб даъват карданд, ки дар муаррифии номзади оянда ба ҳангома роҳ надиҳанд.

Радиои Озодӣ