Э.Раҳмон: Ба муллоҳову сарватмандон садақа надиҳед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо амри нави худ додани садақаи рӯзаро ба рӯҳониён ва афроди доро расман манъ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ин амри раисиҷумҳур рӯзи 4 июл ба имзо расида ва яке аз талабҳояш ин аст, ки фитри рӯза танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда дода шавад.

Ин масъала рӯзи душанбе дар ҷаласаи кории назди президенти Тоҷикистон дар баробари баррасии масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар низ баррасӣ шудааст. Дар шарҳи амри нави Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, ки “мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арафаи иди Рамазон чорабиниҳои хайриявиро дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ амалӣ намоянд.”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ вазифадор шудааст, ки якҷоя бо Шӯрои уламо, Маркази исломшиносӣ ва Кумитаи телевизион ва радио “муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии кишвар тарғиб кунанд”.

Аз ин пеш, мансабдорони тоҷик дастури расмӣ гирифта буданд, ки фитри рӯзаашонро бар асоси рӯйхати махсус ба оилаҳои камбизоат, ятимону барҷомондаҳо ва бепарасторон супурда, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гузориш диҳанд. Дар барқия (факс)-е бо имзои Раҳмон Озода Эмомалӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, ба раҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, имом-хатибон ва соҳибкорони кишвар гуфта шуда буд, ҷараёни супурдани садақаи фитри мансабдорону имомхатибон ва соҳибкоронро Кумитаи дин ва танзими анъана низ назорат хоҳад кард.

Мансабдорону имом-хатибон ва соҳибкорон, инчунин, муваззаф шудаанд, рӯйхати аъзои оила ва чӣ қадар садақаи фитр доданашонро бо имзои худ ба дастгоҳ фиристанд. То кунун ягон мақоми расмии Тоҷикистон ҳозир нашуд, ин талаби ҳукуматро шарҳ диҳад. Аммо ин бори аввал аст, ки расман аз мақомдорони тоҷик хоста шудааст, то фитри рӯзаашонро супурда, дар ин бора ҳисобот диҳанд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон садақаи фитрро барои ҳар нафар 5 сомонӣ таъин кардааст. Ин шӯро мегӯяд, нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонист ва аз ин ҳисоб 435 сомонӣ закот дода хоҳад шуд.

Аммо рӯҳониён мегӯянд, нафари молдору сарватманд ҳар қадаре фитри рӯза диҳаду хайр кунад, қабул аст. Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик, ки ирсоли ин дастурро ба мақомоти маҳаллӣ тасдиқ кард, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, вале фитри рӯза бояд то шурӯи намози ид ба ниёзмандон дода шавад. “Бояд фитри рӯза ба мискинон дода шавад. Мискин ҳамон нафарест, ки танҳо барои имрӯзааш хӯрданӣ дораду бас. Хубтараш ба онҳое дода шавад, ки ҳеч даромад надоранд ва хеле фақирона зиндагӣ мекунанд. Ятимон ҳастанд, маъюбон ҳастанд, ки кор карда наметавонанд ва даромаде надоранд,” – афзуд ӯ.

Иди имсолаи Рамазон ё Фитр рӯзи 6 июл таҷлил шуда, намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати шашуним хонда хоҳад шуд. Ин ид дар тақвимҳои Тоҷикистон бо ранги сурх ишора шуда, рӯзи истироҳат аст ва сокинон баъди адои намоз ба зиёрати қабрҳо ва аёдати пирону барҷомондагон рафта, инчунин, ба хонаи якдигар сар хоҳанд зад.