Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи марзиро имзо карданд

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Бишкек, 13-уми марти 2025

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Бишкек, 13-уми марти 2025

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаро дар бораи марзи давлатии ду кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар се соли охир мушаххас шудааст. Номуайянии сарҳад солҳо сабаби ҷангу хунрезӣ буд. Дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

"Бовар дорам, ки имзои созиш дар бораи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон як ҳодисаи сарнавиштсози таърихӣ хоҳад буд, ки ҳам аз тарафи мардуми ду кишвар ва ҳам аз тарафи табақаҳои васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушҳолӣ пазируфта мешавад," -- гуфт Содир Ҷабборов.

Ӯ афзуд, “ба шарофати талошҳои муштарак, иродаи сиёсӣ ва кӯшишҳои ду миллат барои расидан ба сулҳу ҳусни ҳамҷаворӣ, мо як заминаи мустаҳкаме барои ҳамкориҳои дуҷониба поягузорӣ мекунем. Мехоҳам кори самарбахши комиссияҳои давлатӣ дар масъалаи ташхису аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро қадрдонӣ кунам.”

Ду кишвар 16 санади дигари ҳамкориро аз ҷумла дар мавриди обу энержӣ ва сохтмону истифодаи роҳҳо имзо ва ду гузаргоҳҳои сарҳадиро миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боз карданд. Парвози ҳавопаймоҳо низ аз 14-уми март аз сар гирифта мешавад.

Президенти Тоҷикистон гуфт, ду тараф барои ба 500 миллион доллар расондани додугирифт низ тавофуқ кардаанд. Дар тақрибан чор соли охир ба сабаби баста будани марз ва ҷанҷолҳои сарҳадӣ додугирифти ду кишвар ба сатҳи поинтарин расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Натиҷаи музокироти имрӯза имкон медиҳад мо ба ояндаи равобити миёни кишварҳоямон бо хушбинӣ назар кунем. Баъд аз имзои созиши марз мо бо Содир Нуркоҷоевич мувофиқат кардем, ки ба ҳамин зудиҳо созиш миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи ба ҳам омадани марзи се кишварро имзо мекунем. Мо нақша дорем, ин созишро дар ҷараёни ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бостонии Хуҷанд имзо кунем."

Пешбинӣ мешавад, ки мулоқоти раҳбарони се кишвар рӯзи 31-уми марти имсол дар маркази вилояти Суғд барпо шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ду гузаргоҳро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз карданд

Марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳад рӯзи 21-уми феврали имсол ниҳоӣ ва аз тарафи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек имзо шуд. Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми феврал созишномаро баррасӣ ва қабул кард.

Дар мавриди баррасӣ шудани ин созишнома дар порлумони Тоҷикистон маълумоте дар даст нест. Мақомоти Тоҷикистон на дар гузашта ва на ҳоло тафсилоти гуфтушунид бо ҷониби Қирғизистон ва ҷузъиёти созишномаро эълон накардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қирғизистон ҷузъиёти созиши марзиро бо Тоҷикистон эълон кард

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ҳангоми муаррифии созишнома дар порлумони кишвараш гуфт, ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашида, дар ҷараёни музокироти се соли охир ба ҳамдигар "гузаштҳо" карданд. Ин дар ҳолест, ки пештар Тоҷикистон ба харитаи солҳои 1924-27 ва 1989 такя дошт.

Баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик дар хориҷа бо такя ба маълумоти Қамчибек Тошиев "гузаштҳо"-и Тоҷикистонро бисёр шумурданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хатти гумшуда. Таърихчаи кӯтоҳи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон