Раҳбари "Толибон" дари донишкадаҳои тиббиро ҳам ба рӯи духтарон баст

Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари "Толибон", дар фармоне донишгоҳу донишкадаҳои тиббиро ба рӯйи духтарон баст.

Вазорати тандурустии ҳукумати "Толибон" рӯзи 2-юми декабр ба масъулони донишкадаҳои тиббӣ эълон кард, ки духтарон дигар иҷозаи таҳсил дар ин муассисаҳоро надоранд.

Яке аз табибон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, Бахтраҳмон Шарофат, муовини вазири тандурустӣ, мактуби нави раҳбари "Толибон"-ро ба онҳо расонд.

"Мо, раисони ҳама институтҳои тиббии Афғонистон, ба Вазорати тандурустӣ даъват шуда будем. Маҷлис барои ин буд, ки фармони амиралмуъминин ("Толибон" раҳбарашро чунин меномад. РО), ба мо шарҳ дода шавад. Дар фармон гуфта шудааст, ки омӯзиши духтарон дар институтҳои давлатӣ ва хусусӣ ба таъхир андохта шавад ва ё комилан қатъ карда шавад," -- афзуд ӯ.

Бисёре аз духтарони донишомӯз бинобар маҳдудиятҳои ҷоришуда дар дигар риштаҳои таҳсилӣ дар ҷараёни соли гузашта, дар бахшҳои тиббӣ ба таҳсил пардохта буданд.

Ҳукумати "Толибон" чанд рӯз қабл аз ин дастури нав, синфҳои маҳаллии таълими кӯдаконро дар баъзе аз вилоятҳо баста буд. Ин синфҳо, ки шумори онҳо ба даҳҳо ҳазор мерасид, аз сӯи ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони Созмони Милал маблағгузорӣ мешуд.

Ба иловаи Институти марказии "Ғазанфар" дар Кобул, 10 донишкадаи давлатӣ, 164 донишкадаи тиббии хусусӣ дар саросари Афғонистон фаъол буданд.

Як пизишки дигар ҳам, ки бинобар ҳассосияти мавзуъ нахост аз ӯ ном бурда шавад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, 60 дарсади донишҷӯён дар донишкадаҳои хусусӣ духтаронанд. "Онҳо аз таҳсил дар бахшҳои дигар маҳрум шуда, ба омӯзиш дар риштаҳое ба монанди парасторӣ, момодоягӣ ва дандонпизишкӣ рӯ оварда буданд," -- афзуд ӯ.

Ин тасмими нави "Толибон" дар ҳоле эълон шуд, ки қарор буд дар шумори зиёде аз донишкадаҳо имтиҳонҳои нимсолаи духтарони донишҷӯ оғоз шавад.

Бисёре аз бемористонҳо ва марказҳои тиббӣ дар Афғонистон бо камбуди табибони зан ва момодояҳо рӯбарӯ ҳастанд ва ин мушкил боиси он шудааст, ки мардум беморони худро асосан барои муолиҷа ба Покистон баранд.

Ду табиби дигар ҳозир дар нишасти Вазорати тандурустии ҳукумати "Толибон" ба Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо аз муовини вазир хостанд, ба пурсишҳо посух гӯяд, вале вай гуфт, "ин тасмими амиралмуъминин аст ва гунҷоиши сухан ва суол дар он нест. Танҳо гуфт, ки ин тасмими ниҳоӣ аст ва гуфтугӯ дар ин маврид аз салоҳияти ҳама болост".

Табибон мехостаанд бидонанд, ки ин маҳдудият то чӣ замоне хоҳад буд, вале посухе дарёфт накарданд.

Омӯзиши духтарон дар донишкада ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ дар ҳоле манъ мешавад, ки системаи хадамоти тандурустӣ дар Афғонистон дар умум ва ба вижа дар бахши занон бо камбуди шадиди табибон ва кормандони тандурустӣ рӯбарӯ аст.

Бо вуруди садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ҳамсоя, бахши хадамоти тандурустӣ дар Афғонистон беш аз пеш таҳти фишор қарор гирифтааст.

"Толибон" баъд аз баргашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 нахуст мактабҳои духтарони болотар аз синфи шашумро баст ва сипас дарҳои донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олиро низ ба рӯи занон ва духтарон пӯшид.