ҲНИТ ва фармондеҳон: Ба митинг наравед!

Tajikistan -- Logo of Tajik Islamic Revival Party, 11Feb2012

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва фармондеҳони пешини ду тарафи ҷанги шаҳрвандӣ даъватҳои "Гуруҳи 24"-ро ба гирдиҳамоӣ дар Душанбе маҳкум мекунанд.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи ғайринавбатии худ, ки 8-уми октябр баргузор гардид, вазъи ҷории кишварро баррасӣ намуда, бо паёме ба мардуми Тоҷикистон рӯ овард. Дар он дар робита ба даъватҳои тазоҳурот дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Эътилофи сиёсии "Тоҷикистони нав" садо додаанд, аз созмондиҳандагони ин гирдаҳамоиро даъват шудааст, ки "аз тасмими худ даст кашида, бо расонаӣ кардани он пеши роҳи ҳамагуна бесуботӣ ва нооромиро бигиранд. Дар баробари ин мо аз аъзо, ҷонибдорон ва ҳама касоне, ки мавқеъи ҲНИТ-ро эҳтиром мегузоранд даъват менамоем, ки дар ҳеҷгуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд. Ширкат дар чорабиниҳое, ки қонунӣ нестанд ё қонунӣ ҳастанду роҳбарияти ҳизб бо он розӣ нест, мухолафат ба сиёсатҳо ва санадҳои дохилии ҳизб шинохта мешавад ва метавонад боиси ихроҷи чунин аъзо аз сафи ҳизб бигардад."

Ниҳоди раҳбаркунандаи ҲНИТ гуфтааст: "Боиси таассуф аст, ки панҷ соли ахир дар муносибати макомоти давлатӣ бо гуурҳҳои алоҳидаи сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣ тағйироти манфӣ ба вуҷуд омад, ки сабабҳову омилони ин тағйирот барои мардум равшан нест. Иштибоҳҳои пай дар пайи баъзе мақомот боиси халалдор гаштани ин фазои пур аз эътимоди тарафайн гашт, ки аз он баъзе доираҳои хориҷиву дохилӣ метавонанд суистифода кунанд."

Инчунин Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, ҳукумат танҳо бо ислоҳи камбудиҳо, додани озодиҳо ва имкониятҳои бештар ба қишрҳои гуногуни ҷомеъа, эҷоди умедҳои мусбат дар зеҳни мардум дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ метавонад рӯҳияи эътирозии мардумро коста ва эътимод ба мақомотро аз нав барқарор кунад.

Изҳороти фармондеҳон собиқ алайҳи "митингчиён"

Абдуҳалим Назаров (“Ҳоҷӣ-Ҳалим”) - муовини вазири дифои Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳони собиқи мухолифин ва ҳукумат азми тарафдорони Умаралӣ Қувватов барои ташкили гирдиҳамоӣ дар Душанберо маҳкум кардаанд. Интизор меравад, Додгоҳи олӣ рӯзи 9 октябр қарораш дар мавриди манъи фаъолияти "Гурӯҳи 24"-ро эълон кунад. Мақомоти Тоҷикистон баргузор шудани нишасти фармондеҳони собиқи ҳукумат ва мухолифин ва баёнияи муштараки ин фармондеҳон алайҳи азми мухолифини кунунӣ ба баргузории намоишҳои эътирозӣ дар Душанберо тасдиқ карданд.

Бино ба иттилои як манбаъ аз мақомоти интизомиву қудратии Тоҷикистон, рӯзи 8 октябр дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ қумондонҳои собиқ Иттиҳоди нерӯҳои опозитсиюни тоҷик (ИНОТ) ва Фронти халқӣ – ду тарафи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон - алайҳи «Гурӯҳи 24», созмони «Ватандор» ва дигар ҳаракатҳои мухолифи ҳукумати феълӣ дар Тоҷикистон, ҷаласа баргузор намуданд.

Сӯҳроб Қосимов. Акс аз соли 2012

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа аз ҷумла собиқ фармондеҳони ИНОТ - Саламшоҳ Муҳаббатов, Шоҳ Искандаров, Мирзохӯҷа Аҳмадов, мулаққаб ба “Белгӣ”, Абдуҳалим Назаров, мулаққаб ба “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ва аз ҷониби фармондеҳони Фронти халқӣ Сӯҳроб Қосимов, Саидшоҳ Шамолов ва дигарон ширкат доштаанд. Аз ин фармондеҳони собиқи зикршуда дар ҳоли ҳозир танҳо Абдуҳалим Назаров дар мақоми муовини вазири дифои Тоҷикистон кор мекунад, вале аксари дигар фармондеҳони зикршуда аз мақомҳои фармондеҳӣ кайҳо канор рафтаанд.

Дар ин нишаст собиқ фармондеҳон азми мухолифин барои ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе дар таърихи 10 октябрро маҳкум карда, дар як баёнияи муштарак гуфтаанд, ки дар ҳолати аз ҷониби «Гурӯҳи 24», «Ватандор», Созмони навтаъсиси ҷавонони Тоҷикистон ва дигар созмонҳои, ба таъриби онҳо, “террористӣ” ва “ифротӣ” сар задани ягон фитна ва ё нооромӣ дар Тоҷикистон, ба муқобили эшон муштаракан мубориза хоҳанд бурд.

Аммо хабари баёнияи фармондеҳони собиқ аз сӯи манобеи наздик ба мақомоти интизомӣ нашр шуд ва худи онҳо бевосита бо матбуот дар ин бора то ҳол изҳори назар накардаанд.

Муроҷиати тарафдорони У.Қувватов ба "ҷомиаи ҷаҳонӣ"

Умаралӣ Қувватов

Тарафдорони соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов рӯзи 8 октябр аз номи “Эътилофи нерӯҳои оппозитсия “Тоҷикистони нав” баёнияеро ба унвони ҷомиаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба дабири кулли СММ ва раҳбари САҲА нашр карда, дар он сабабҳои ба тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон даъват кардани мардумро шарҳ додааст.

Ин гурӯҳи то ҳол ноошнои мухолифи ҳукумати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бекории саросарӣ, ба 2 миллион расидани шумори муҳоҷирони тоҷик, ба зиндон андохта шудани тарафдорони оппозисиюн ва табиати авлодӣ гирифтани ҳукуматро аз ҷумлаи кӯтоҳиҳои ҳокимони кунунии Тоҷикистон баршумурда, гуфтааст, онҳо “барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, демокросӣ, ҳуқуқи инсон ва таъсиси як ҳукумати фарогири воқеъан миллӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон муборизаи хешро ба роҳ мондаанд” ва ҳар навъ оқибати эътирозҳо дар Тоҷикистонро ба дӯши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мегузоранд.

Ин изҳорот дар саҳифаи Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони “Гурӯҳи 24” ва аз ёрони наздики Умаралӣ Қувватов, нашр шудааст. Умаралӣ Қувватов, ки худро раҳбари “Гурӯҳи 24” мехонад, низ дар саҳифааш дар Фейсбук ба тасмими додситонии кулли Тоҷикистон, ки ин созмонро ифротӣ хонда, аз Додгоҳи олӣ манъи фаъолияташро хостааст, посух додааст. Қувватов гуфтааст, онҳо ҳеҷ амали ифротие анҷом надодаанд ва танҳо бо роҳи осоишта мехоҳанд эътирози худро баён кунанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, Додситонии кул барои баррасии парвандаи эътирофи “Гурӯҳи 24” ҳамчун ҳаракати ифротӣ далелҳои зиёд пешниҳод кардааст. Наворҳои видeоӣ, сабти аудиоӣ, аксу матни суханрониҳо аз ҷумлаи далелҳоенад, ки дар баробари ариза додситонии кул ба Додгоҳи Олӣ ирсол доштааст.

Ҳабибулло Амирбекзода, раиси дастгоҳи Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон мӯътақиданд, ки мӯҳтавои далелҳои пешниҳодшуда аз ҳаракати ифротӣ будани ин гурӯҳ шаҳодат медиҳад. Аммо ӯ гуфт, Додгоҳи олӣ ин аризаи додситонии кулро мавриди баррасӣ қарор додааст ва танҳо 9-уми октябр қарори худро дар ин робита эълон хоҳад кард: “Прокуратураи генералӣ ҳамчунин хостааст, то дар баробари ташкилоти ғайриқонунӣ ва экстремистӣ донистани ҳаракати ҷамъиятии “Гурӯҳи 24”, инчунин сомонаҳои интернетии ин гурӯҳро баста, воридоти адабиёти он ба қаламравӣ Тоҷикистонро мамнӯъ донем. Ҳоло ин парванда мавриди омӯзиш қарор дорад ва натиҷаи омӯзишу баррасиро фардо эълон хоҳем кард.”

Пешниҳоди Додситонии кул ба Додгоҳи олӣ ҳамчун ҳаракати ифротӣ шинохтани “Гурӯҳи 24” ва даъвати ин созмон ба эътирозҳои зидди ҳукумат дар ҷомеа сару садои зиёдеро барангехтааст.

Ҳукми "Гурӯҳи 24" 9 октябр эълон мешавад

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дархости Додситонии куллро дар бораи манъи фаъолияти "Гурӯҳи 24" ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов дастрас карда, имрӯз ба баррасӣ гирифт ва хулосаи ниҳоияш 9 октябр эълон хоҳад шуд. Ҳабибулло Амирбекзода, раиси дастгоҳи Додгоҳи олӣ ба хабарнигори "Озодӣ" гуфт, онҳо далелҳои манъи фаъолияти ин созмонро баррасӣ доранд ва яке аз онҳо пахши наворҳои, ба гуфтаи ӯ, ифротӣ будааст.

Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори яке аз раёсатҳои додситонии кулли Тоҷикистон, низ рӯзи 8 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дархостномаи онҳо расман рӯзи 7 октябр барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ ироа шудааст. Интизор меравад, Додгоҳи олии Тоҷикистон “Гурӯҳи 24”-ро бо тақозои Додситонии кулл созмони ифротгароӣ шинохта, фаъолияташро дар Тоҷикистон мамнӯъ кунад.

Аммо дар ҳоле ки “Гурӯҳи 24” дар қаламрави Русия таъсис ёфта, дар

Тоҷикистон намояндагии расмӣ надорад, оё манъи фаъолияти он чӣ гуна сурат хоҳад гирифт? Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, созмонҳои иртиҷоие, ба мисли “Салафия”, ”Ҳизбуттаҳрир”, Ҳаракати исломии Узбакистон ва созмонҳои дигари ифротӣ низ дар Тоҷикистон намояндагии расмӣ надоштанд, вале фаъолияти онҳо барои ҳаракатҳои экстремистию иртиҷоӣ буданашон мамнӯъ эълон шуд. Ба гуфтаи ин мақом, Додгоҳи олӣ метавонад фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро низ барои кӯшишҳои иртиҷоӣ ва ноором кардани вазъ дар дохили Тоҷикистон манъ кунад.

С. Шарифов: Қувватовро ба ҷуз 10-20 нафар касе намешиносад

Вакили порлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ мегӯяд, Умаралӣ Қувватов ва "Гурӯҳи 24"-и ӯро дар дохили кишвар танҳо нафарони ангуштшумор, "шояд ягон10 ё 20 нафар" мешиносанд.

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ мегӯяд, ки Умаралӣ Қувватовро дар сиёсати Тоҷикистон тасаввур кардан аз мантиқ ва ҳақиқат дур аст. “Гурӯҳи 24” чӣ қудрат дорад, чӣ таъсир дорад, то куҷо обрӯи сиёсӣ дорад, маълум нест. Дар бораи ин гурӯҳ то ҳол ягон пажӯҳиш ҳам анҷом нашудааст ва, ба гуфтаи ин таҳлилгари тарафдори давлат, ҳадафаш низ рӯшан нест.

Ҳамзамон Сӯҳроб Шарифов иқрор мекунад, ки шояд дар хориҷи кишвар андешаҳои радикалӣ бошанд, аммо:

Сӯҳроб Шарифов: Аз ин ақидаҳо он шаҳрвандоне ҳимоя мекунанд, ки ба Ватан баргаштанӣ нестанд ва барои рӯзгори худ дар берун аз Тоҷикистон аз Бунёд ё фондҳои дигар кишварҳо маблағ мегиранд ва бо изҳороти зидди ҳукумати Тоҷикистон ва танқиди сиёсати ҳукумат он маблағро “ҳалол” карданӣ мешаванд. Дар интернет ҳам шояд ин гуна “машмашаҳо” ё сару садоҳо бошанд, зеро дари интернет боз аст ва ҳар кас фикри худро менависад ва ин изҳори ақида - далолати таъсири ин ё он фард дар сиёсати кишвар нест.

“Гурӯҳи 24” дар ҳаракати мухолифини тоҷик саҳме надошт ва ҳеҷ гоҳ ба сафи мухолифин ворид набуд ва худи Қувватов замони дар Тоҷикистон зистанаш фақат бо баъзе сохторҳои ҷиноиву тиҷоратӣ ҳамкорӣ дошт ва ҳеҷ гоҳ дар фикри манфиати мардуму давлат набуд. Баъд аз фирор аз Тоҷикистон ӯ мехоҳад, ки ба василае ба ҳукумат фишор оварад, ҳарчанд ин талошаш як мазҳака аст.

Озодӣ: Аммо бубинед, сару садоҳо дар бораи гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе баъди он тақвият ёфтанд, ки дар Тоҷикистон ва гуфта мешавад бо амри мақомот дастрасӣ ба чанд сомона, аз ҷумла, ба Фейсбукро масдуд карданд...

Сӯҳроб Шарифов: Ман, рости гап, сабаби ин гуна амалҳоро, агар онҳо аз сӯи кормандони ҳукумат сурат гирифта бошанд, намефаҳмам. Аммо аз хориҷа ҳазор бор ҳам даъват кунанд, дар Тоҷикистон ҳеҷ гап намешавад. Бовар кунед, на гирдиҳамоӣ мешавад, на ҷамъомад ва на ягон кори дигар... Зеро вақте кас худро канор кашида, мардумро ба нотинҷӣ ва ба хатар барои ҷонаш таҳрик медиҳанду равона мекунанд, ин бемасъулиятист... Агар ягон гурӯҳи сиёсӣ ё ҳаракати ҷиддӣ бошад, метавонад аз рӯи қавонини Тоҷикистон расман ба мақомоти дахлдор барои баргузории гирдиҳамоӣ муроҷиат кунад ва иҷозат гирад... Вале аз тариқи даъват тавассути интернет гирдиҳамоӣ ташкил кардан – ин афсона аст... Зеро ин гурӯҳи 24-ро дар Тоҷикистон намешиносанд, шояд ба ҷуз даҳ-бист нафар.

Ба гуфтаи Сӯҳроб Шарифов, эҳсосоти оппозитсионӣ ва ҷонибдорони ҳизбҳои мухолифин дар Тоҷикистон ҳастанд – сотсиал-демократҳо, наҳзатиҳо, дигар ҳизбҳо фаъоланд. Онҳо, ба гуфтаи ин таҳлилгари тарафдори давлат, дар Тоҷикистон ҷиддӣ кор мекунанд ва ягон мушкил надоранд: “Агар мушкиле ҳам пайдо кунанд, онро дар чаҳорчӯби қонун ҳал мекунанд. Лекин ин ҳизбҳо боре ҳам мардумро ба гирдиҳамоӣ ё амали эътирозие даъват накардаанд, ки он ба ҷони мардум хатар дошта бошад.“

И. Талбаков: “Гурӯҳи 24” хонашерони майдонғарибанд

Ҳизби комунисти Тоҷикистон даъвати “Гурӯҳи 24” ба эътирозҳои оммавиро “таҳрики доираҳои капиталистӣ”-е медонад, ки оромии Тоҷикистонро намехоҳанд. Ин ҳизб, ки рӯзи 7 октябр ба муносибати “90-солагии таъсиси Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон” анҷуман баргузор кардааст, дар баробари дигар масоил даъвати ин гурӯҳро баррасӣ ва маҳкум кардааст.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, муовини раиси ин ҳизб ва вакили палумони Тоҷикистон мегӯяд: “Ин даъватҳо даъвати иғвогарона аст. Бори аввал сӯҳбати Умаралӣ Қувватовро гӯш кардам, ягон маънои дуруст пайдо накардам. Наход, нафаре, ки худро сиёсатмадор меномад, як сӯҳбати дуруст карда натавонад. Мо бо раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов ва дигар аъзои ҳизб ин даъватҳоро маҳкум мекунем, зеро мо як бор рӯзҳои сахтро аз сар гузарондем. Инҳо аз пайи ғаразҳои худашонанд ва ҳеҷ гоҳ ғами мардумро намехӯранд.”

Ҷаноби Талбаков мегӯяд, аъзоёни ин гурӯҳ “шерони майдонғариб”-еянд, ки худ ҷуръати дар Тоҷикистон фаъолият карданро надоранд, аммо мехоҳанд, мардумро ба хиёбонҳо бикашонанд.

“Гурӯҳи 24” чӣ мехоҳад?

Шарофиддин Гадоев

Ин вокунишҳо ба даъватҳои созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев аст, ки дар пайи баргузории силсилаи таҷаммӯъҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар чанд шаҳри Русия, аз ҷумла дар Маскаву Самара ва Екатеринбург, аз тариқи Интернет мардумро таҳти шиори “Тоҷикистони бидуни Эмомалӣ Раҳмон” ба баргузории чунин як гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе даъват кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 октябр эълон кард, ки аз Додгоҳи олӣ созмони ифротгарошинохтану манъ кардани фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро дархост кардааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аммо рӯзи 7 октябр гуфт, ба чунин эътироз дар пойтахт роҳ нахоҳанд дод ва мардум ҳам, ки сабақи талхи ҷанги шаҳвандии солҳои 90 то ҳол аз машомаш нарафтааст, ба ин гирдиҳамоӣ нахоҳад пайваст.

Ҳамин тавр, мақомоти амниятии ноҳияи Фархор рӯзи 7 октябр модар ва 3 хоҳари Шарофиддин Гадоевро таҳти бозпурсӣ қарор додаанд. Наздикони ин соҳибкори фирорӣ мегӯянд, ки се хоҳари ӯро танҳо соати ӯҳуними шаб раҳо карданд.

Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ки дар гузашта раҳбарии ширкатҳои дар бозори маводи сӯхт ва чанд соҳаи дигари тиҷорати Тоҷикистон муваффақи “Фароз” ва “Тоҷирон”-ро бар дӯш доштанд, дар тобистони соли 2012 тарки ин кишвар карда, созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд.

Онҳо иддао доранд, ки ширкатҳояшонро Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз худ кардааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон алайҳи ҳарду бо иттиҳоми тахаллуфоти молӣ парванда кушода, таҳти таъбиқи байналмилалӣ қарорашон доданд.

Умаралӣ Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар Дубай бо дастури Интерпол дастгир шуд, вале додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб дар сентябри соли 2013 аз истирдоди ӯ ба Душанбе даст кашид ва ин соҳибкори фирориро раҳо кард. Бино ба хабарҳо, Умараллӣ Қувватов ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ бурдааст.

Шарофиддин Гадоев, ки баъди фирораш аз Тоҷикистон дар Испания паноҳ бурдааст, низ дар тобистони соли равон бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд, вале додгоҳи Мадрид аз супурдани ӯ ба дасти мақомоти Душанбе даст кашид ва ба гуфтаи худи Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар Испания паноҳандагии сиёсӣ додааст.