«Раббонӣ давлаташро ба Кӯлоб кӯч дода буд»

Бурҳонуддин Раббонӣ, собиқ раҳбари Афғонистон.

Раҳбари як танзими ҷиҳодии Афғонистон мегӯяд, Бурҳонуддин Раббонӣ, собиқ раиси ҷумҳури ин кишвар ба хотири ҳифзи машрӯъият ҳукуматашро ба Кӯлоб таҳвил дода буд.
Абдурраб Расули Сайёф, раҳбари Иттиҳоди Исломӣ, яке аз 7 танзими ҷиҳодии Афғонистон, ки алайҳи таҷовузи Шӯравӣ ташкил шуда буд, мегӯяд, Раббонӣ ба хотири ҳифзи машрӯъияти давлати афғонҳо ҳар куҷое зарур омад, ҳукуматашро интиқол дод. Вай афзуд, даҳаи 90-уми асри гузашта дар ҳоле ки мухолифини давлат ҳукумати Раббониро ба танг меоварданд, ӯ қароргоҳи ҳукуматашро гоҳ ба Форёбу Бадахшон, гоҳ ба Мазори Шарифу Тахор кӯч медод ва «ҳатто гап то Кӯлоб ҳам расид».

Фармондеҳи паштунтабори Афғонистон, ки он замон дар сафи Эътилофи Шимолӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд меҷангид, гуфт, машрӯъияти давлати Афғонистон як амонате ба дасти Раббонӣ буд ва ҳатто «вақте муҷоҳидин аз дарёи Ому ҳам хез гирифтанд, ҷузвдони амонат аз зери бағали Раббонӣ наафтид».

Абдурраб Расули Сайёф, раҳбари Иттиҳоди Исломии Афғонистон.

Абдурраб Расули Сайёф дар ин бора 20-уми сентябр дар маросими дуввумин солгарди марги Бурҳонуддин Раббонӣ, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон дар Кобул сӯҳбат кард.

Дар ҳамин ҳол Сайидамир Зуҳуров, сарвари Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии ҳукумати Тоҷикистон, ки аз солҳои 1996 то 1999 раҳбарии вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти Тоҷикистон (ҳоло КДАМ)–ро ба зимма дошт мегӯяд, Бурҳонуддини Раббонӣ бо аҳли оилааш пас аз фишори Толибон аз Мазори Шариф ба Тоҷикистон гузашта, беш аз як ҳафта монда буд, аммо ҳарфи интиқоли ҳукумат вуҷуд надошт. Вай афзуд, он замон бо хоҳиши Раббонӣ ӯ дастури аз он сӯи Панҷ ба Кӯлоб овардани Абдураб Расули Сайёфро ҳам дода буд. Ҷаноби Зуҳуров афзуд, Раббонӣ ва Сайёф як ҳафта дар Кӯлоб меҳмон буданд ва ҳукумати онҳо дар Афғонистон қарор дошт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кӯлоб паноҳгоҳи Раббонӣ буд



Бурҳонуддин Раббонӣ, раҳбари Ҷамъияти исломӣ, яке дигар аз 7 танзими ҷиҳодии Афғонистон аст, ки аз соли 1992 то 1996 зимоми қудрат дар ин кишварро дар даст дошт ва расман аз сӯи ҷомиаи ҷаҳонӣ президенти давлати исломии Афғонистон шинохта мешуд. Баъди ба қудрат расидани Ҳомид Карзай ягон вазифаи давлатиро ба зимма надошт, аммо вақте гуфтугузорҳо дар бораи сулҳ бо Толибон шурӯъ шуданд, раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон таъин шуд.

Сайидамир Зуҳуров, сарвари Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии ҳукумати Тоҷикистон.

20-уми сентябри сентябри соли 2011 Бурҳонуддин Раббонӣ аз сӯи як маргталаб, ки "қосиди сулҳи" Толибон муаррифӣ мешуд, дар манзили зисташ дар шаҳри Кобул ба шаҳодат расид.

Ҳамасола ҳукумати Афғонистон ба хотири гиромидошти ӯ маъракаи ёдбудашро бо ширкати меҳмонони хориҷӣ баргузор мекунад. Аз Тоҷикистон имсол дар ин маърака Давлат Усмон, яке аз пешвоёни собиқи Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик ширкат дорад.

Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки аз соли 1996 то 2001 аз Давлати Исломии Афғонистон таҳти раҳбарии Бурҳонуддини Раббониро дар муқовимат алайҳи Толибон ҳимоят мекард. Вилояти онвақтаи Кӯлоб аз паноҳгоҳҳои муҷоҳидини Афғонистон ба шумор мерафт. Онҳо икмолоти ҷангӣ, табобати захмиҳоро тариқи Кӯлоб роҳандозӣ мекарданд ва чархболҳои ҷангии Эътилофи Шимол ҳам аз майдони ҳавоии Кӯлобу Фархор парвоз мекарданд. Абдурасули Сайёф аввалин нафарест, ки дар бораи интиқоли муваққатии ҳукумати Раббонӣ ба Кӯлоб суҳбат мекунад.