Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷикро таъхири тӯлонӣ дар дарёфти стипендия аз донишгоҳ ва сару садоҳо дар мавриди маҳрум шуданашон аз кӯмакпулӣ нигарон кардааст.
Гулноза (номи шартӣ), донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи Носири Хусрав дар Қӯрғонтеппа мегӯяд, 3 моҳ боз аз стипендия ё кӯмакпулӣ маҳрум аст. Гулноза бо баҳои аъло таҳсил мекунад ва мисли донишҷӯёи дигари аълохони донишгоҳ, стипендияи баландтар мегирад. Кӯмакпулии донишҷӯёни аълохон дар ин донишгоҳ 181 сомонӣ муқаррар шудааст.
Вай нимаятим аст ва мегӯяд, модар ва хоҳарбузургаш маъюбанд ва наметавонанд барои таҳсили ӯ кӯмаки молӣ кунанд. Гулноза маҷбур аст дар баробари таҳсил, кор кунад. Кораш ҳам сердаромад нест ва пули ба даст овардаашро барои доруҳои модари бемораш, ки он ҳам дигар вазифаи Гулноз аст ва роҳкирои худ, сарф мекунад.
Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи Носири Хусрав дар Қӯрғонтеппаро таъхири тӯлонӣ дар дарёфти стипендия аз донишгоҳ ва сару садоҳо дар мавриди маҳрум шуданашон аз кӯмакпулӣ, нигарон кардааст.
Гулноза, рӯзи 12-уми июн дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, кӯмакпулии донишгоҳро ҳам одатан барои хариди маводи хӯрока ва харҷи дигари таҳсилаш сарф мекард: “Барои ман бисёр зарур аст ин кӯмакпулӣ. Стипендия мегирифтам ва боз ҳар рӯз 20 сомонӣ кор мекунам, аммо ба зиндагӣ намерасад. Дар оила танҳо худам кор мекунам. Дар курси аввал ростӣ, дастгирии мо хуб буд. 3 сол шуд, дигар дастгирии мо нимаятимон аслан хуб нест”. Гулноз мегӯяд бо вуҷуди он, ки дар баробари таҳсил кор мекунад, талош мекунад баҳояш паст нашавад, чун дар ин сурат аз стипендия маҳрум шавад.
"Намегӯянд, ки чаро нест ва кай дода мешавад"
Донишҷӯёи дигари Донишгоҳи Носири Хусрав, ки нахост муаррифӣ шавад, аз ноҳияи дуртари шаҳр ҳар рӯз ба донишгоҳ меояд. Вай мегӯяд, 128 сомонӣ стипендия мегирад ва ин маблағ ҳам вобастагии ӯро аз волидонаш, ки дар деҳа зиндагӣ мекунанду кори хубе надоранд, камтар мекунад. То расидан ба донишгоҳу хона барои ӯ ҳар руз 15 сомон лозим аст ва 3 моҳ аст, дар дарёфти ин маблағ ӯ ҳам мушкил дорад.
Ин донишҷӯ мегӯяд, “муроҷиат мекунем, намегӯянд, ки чаро нест ва кай дода мешавад. Ростӣ ҳозир дигар маълум аст, ки кори хуб ҳам нест. Ман аз ноҳия, ки чанд километр аз маркази Қӯрғонтеппа дур аст, ҳар рӯз бояд ба шаҳр биёям. Барои иҷоранишинӣ шароит надорам. Роҳкиро зиёд меравад. Аз падару модарам дигар шарм медорам пурсам. Стипендияро ҳам, ки медоданд, каме барои мо кӯмак мешуд. Ҳадди аққал 10 рӯза роҳкироямон мешуд.”
Ба гуфтаи ин донишҷӯ, масъулини донишгоҳ сабаби аслии таъхир дар пардохти стипендияро барояшон намегӯянд, аммо дар миёни донишҷӯён сару садое ҳаст, ки эҳтимол дигар фақат ба донишҷӯёни ятими кул, кӯмакпулӣ дода мешавад. Вай мегӯяд, агарчӣ маблағи стипендия зиёд нест ва наметавонад хароҷоти як донишҷӯро пурра рӯйпӯш кунад, аммо бо ин маблағ онҳо метавонистанд, як паҳлӯи зиндагии донишҷӯйии худро осон кунанд.
Масъулони донишгоҳ: "Мушкил аллакай рафъ шудааст"
Аммо дар Донишгоҳи Носири Хусрав сару садо дар бораи эҳтимолияти маҳрум шудан аз стипендияи донишҷӯйиро рад карданд. Раҳматкарим Шарифов, як масъули донишгоҳ рӯзи 12-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бори аввал аст, ки донишгоҳ дар пардохти стипендия таъхир мекунад.
Аммо Раҳматкарим Шарипов гуфт, мушкил аллакай рафъ шудаву ба корти донишҷӯён пул гузаронида мешавад: “Ин дафъа намедонем чӣ сабабе шуд, ки каме таъхир шуд. Ҳамин субҳ дар ин мавзӯъ суҳбат шуда буд, ҳал мешавад. Мо ин масъаларо пайгирӣ дорем.”
Донишгоҳи Қӯрғонтеппа ба 60% донишҷӯён стипендия медиҳад
Донишгоҳи Носири Хусрави Қӯрғонтеппа 7 ҳазор донишҷӯ дорад ва ба гуфтаи масъулин 60 дарсади ин муҳассилин аз стипендия ё кӯмакпулӣ бархӯрдоранд. Стипендия ҳам вобаста ба таҳсили донишҷӯ аз 50 сомон то 180 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар зимн, ин барои бори аввал нест, ки донишҷӯёни як донишгоҳ дар Тоҷикистон бо таъхир ва гузашти 3 моҳ наметавонанд кӯмакпулиеро, ки давлат барояшон пешбинӣ кардааст, ба даст бигиранд. Донишҷӯён аз дигар донишгоҳҳои кишвар ҳам ҳамин мавзӯъро дар маҳофили худ ба баҳс мекашанд, ки наметавонанд ҳар моҳ, сари вақт кумакпулии худро бигиранд.
Мадина аз Донишгоҳи аграри ҳам ин мушкилро дорад. Ӯ аз Бадахшон барои таҳсил ба Душанбе омадааст ва дар манзили иҷора зиндагӣ мекунад ва тамоми хароҷоташ аз ҳисоби падари муҳоҷираш аст. Мадина ҳам талош кардааст, ки пурра бо баҳои аъло бихонаду стипендия бигирад то ба падараш каме кӯмак шавад. Аммо маъмулан кӯмакпулии ӯ баъд аз 2 ва ё 3 моҳ дода мешавад.
Вазорат мегӯяд, ки "шикояте" дарёфт накардааст
Масъулини вазорати маориф мегӯянд, то ба ҳол ба онҳо дар мавриди таъхир дар кӯмакпулӣ аз сӯйи донишҷӯён муроҷиате нашудааст, то онҳо ин мавзӯъро таҳқиқ кунанд. Донишҷӯён дар Тоҷикистон маъмулан як қишри дастнигар буда, бештар аз ҷониби хонаводаҳояшон таъмини молӣ мешаванд.
Маъмуланл онҳое ҳаст ҳам ҳастанд албатта, ки мисли Гулноз маҷбуранд ки ҳамзамон бо таҳсил, барои дарёфти маблағ кор кунад, аммо теъдоди ин гурӯҳ зиёд нест. Дар пайи як пажуҳиш қаблан Оҷонсии омори Тоҷикистон сабади истеъмолии донишҷӯи тоҷикро мушаххас карда буд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз на бештар аз 15 сомонӣ, муодили 3 доллари амрикоӣ аст.