Модари як мухолифи ҳукумат будан, барои Раҷабгул Зайнова яке аз марҳилаҳои душвори зиндагиаш буд. Писараш дар соли 2014 дар Русия ба созмони сиёсии "Гурӯҳи 24" пайваст. Узви ин гурӯҳи сиёсӣ будани писарашро ӯ аз кормандони амният фаҳмид.
Писари ӯ Файзуллоҷон Сафаров яке аз донишгоҳҳои Русияро бо ихтисоси иттилоот ва иқтисод хатм кард ва соли 2012 дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ба кор даромад. Аммо мушкили соҳаи маориф, ки як омӯзгор маоши кам мегирифт ва зиндагии хуб надошт, ӯро ба пайвастан ба мухолифон ва ба гуфтани мушкил кашид.
Раҷабгул Зайнова -- модари Файзуллоҷон мегӯяд, ки мухолифати писараш бо низом муҳити зиндагиашонро тағйир дод. Ӯ кӣ таҷрибаи сӣ соли кор дар давлатро дорад, мегӯяд, дар ин муддат дар ҷомеа ба ҳошия ронда шуданд ва мардум худро аз онҳо барҳазар медоштанд.
Аъзои созмони сиёсии "Гурӯҳи 24, мегӯянд, ки Файзуллоҷон зери фишори мақомоти тоҷик аз ақоиди сиёсиаш даст кашида, таҳти нуфузи онҳо қарор дорад.
Файзуллоҷон Сафаров, ки ҳоло ба Тоҷикистон баргашта ва мавриди афв қарор гирифтааст, мегӯяд, "роҳ мекофтем, ки як ҳизб ё ҳаракате бошад, ки садои насли ҷадид ба гӯши мардум бирасад ва ин набошад, ки муаллим як фарди нодаркори ҷомеа бошад". Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси "омӯзгор" ва "мураббӣ" фаъолияти густурда дошт.
Пас аз он, ки дар аввалҳои моҳи октябри соли 2014 "Гурӯҳи 24" ба гирдиҳамоии умумӣ барои тағйири қудрат дар Тоҷикистон даъват кард ва баъдан созмони террористӣ эълон шуд, Файзуллоҷон эҳсоси амнро аз даст дод. Ӯ иддао дорад, ки баъди ин ҳодиса борҳо таҳдид шуд, ки ба таври физикӣ аз байн бурда мешавад.
Файзуллоҷон, ки дар Тоҷикистон ду фарзанди хурдсол ва волидайни мӯҳтоҷ дошт, ба шарти авф, бо мусоидати мақомоти тоҷик, рӯзи 24-уми апрели имсол ба ватан баргашт ва дар сафҳаи "Фесбук"-аш расман навишт, ки дигар узви "Гурӯҳи 24" нест ва аз ҳамсафони собиқаш даъват кард, ки ба кишвар баргарданд.
"Рӯҳияи хубе дорам, хонавода оромиш доранд, фарзандон падарашонро диданд. Дар гузашта бо тарс зиндагӣ мекарданд. Омодаам, ки ҳамчун як насли ҷавон ва озодандеш баҳри нуфузи соҳаи маориф талош кунам",-гуфт вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ
Мегӯяд, "мо дар бораи адолат сӯҳбат мекардем, аммо мо худамон адолат надоштем. Масалан, ман худам, модари ман дар азоб доштам, фарзандони ман зиндаятим буданд. Чӣ гуна одаме, ки падару модари худашро партофтагӣ ҳаст, чӣ гуна як одаме, ки зану фарзанди худро партофтагӣ аст, як ҷомеаи боадолат барпо мекунад?"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо аъзои созмони сиёсии "Гурӯҳи 24, мегӯянд, ки Файзуллоҷон зери фишори мақомоти тоҷик аз ақоиди сиёсиаш даст кашида, таҳти нуфузи онҳо қарор дорад. Файзуллоҷон ин иддаоро рад карда ва мегӯяд, баргаштанаш ба Тоҷикистон, боиси қатъи мавқегириҳои иҷтимоии ӯ намешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аъзоёни созмонҳои мамнӯъ бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргарданд, афв хоҳанд шуд.
Соли 2014 дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйир ворид шуд, ки бар асоси он афроде, ки дар узвият ба созмонҳои ифротию террористӣ гумонбаранд, дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан афв мешавад. Мақомот то ҳол даҳҳо гузорише нашр кард, ки ҷангҷӯёни пушаймоншудаи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро афв кардааст.
“Гурӯҳи 24”, ки онро Умаралӣ Қувватов, соҳибкори фирорӣ аз Тоҷикистон таъсис дода буд, тирамоҳи соли 2014 мамнӯъ эълон шуд. Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд, аммо гурӯҳе дар хориҷ аз кишвар мегӯянд, роҳи ӯро идома медиҳанд.
Ҳоло Файзуллоҷон Сафаров мехоҳад ба соҳаи маориф баргардад, ва барои дигар шудани ҷомеа саҳм гузорад. Мегӯяд, ободиву пешравии ҷомеа аз ҳамин насли нав, солим ва маорифпарвар вобаста аст ва "мо инро албатта ба ҷои худаш мерасонем."