Қорӣ Восит ба Душанбе интиқол ёфтааст?

Абдулвосит Латифов, ки дар содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор мешавад, эҳтимолан аз Волгоград ба Душанбе интиқол ёфтааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, ки дар миёни мардум бо лақаби Қорӣ Восит маъруф аст, баъди озодшавӣ аз боздоштгоҳи шаҳри Волгоград, ба эҳтимоли ғолиб ба Душанбе интиқол ёфтааст.

Аз рӯи иттилои як манбаи мӯътамади радиои Озодӣ, Абдулвосит Латифов “се рӯз пеш ба Душанбе интиқол ёфта дар ихтиёри кормандони сохторҳои қудратӣ аст”. Дар ҳамин ҳол, Садриддин Раҳматуллоев, ки дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ худро аз наздикони Абдулвосит Латифов муаррифӣ кард, гуфт, беш аз як ҳафта мешавад, пас аз ба озодӣ баромадани Абдулвосит аз боздоштгоҳи муваққати шаҳри Волгоград дараки ӯ нопайдост.

“Ва рақамҳои телефоне, ки то нопадид шуданаш бо вай суҳбат мекардем, хомӯш ҳастанд”, гуфт ӯ. Ба иттилои Раҳматуллоев, додгоҳи олии Русия рӯзи 20-уми октябр ҳукми озодшавии шартии Латиповро содир кард. Моҳи маи имсол додгоҳи шаҳри Волгогради Русия ҳукми истирдоди Абдулвосит Латипов ба Тоҷикистонро содир намуд. Додгоҳ ӯро барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия муҷрим шинохта, ҳукми истирдодаш ба Тоҷикистонро содир кардааст.

Вай моҳи ноябри соли 2010-ум дар Русия боздошт шуда буд. Ба дунболи боздошташ мақомоти Тоҷикистон аз Русия истирдоди ӯ ба Душанберо дархост карданд. Вале ҳукми истирдод дар ҳоле содир шуд, ки Латипов таҳти ҳимояти Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар қарор дошт. Мақомоти тоҷик Қорӣ Воситро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла одамрабоӣ, куштор ва роҳзанӣ гумонбар медонанд.

Хабаргузориҳои русӣ низ бо истинод ба мақомоти амниятии ин кишвар навиштаанд, аъзои гурӯҳи марбут ба Абдулвосит Латипов ба даст доштан дар 25 амали террористӣ муттаҳам мешаванд, ки боис ба марги беш аз 40 нафар шудааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин дар қатли собиқ додситони кулли Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ва куштори 19 марзбони рус ва чаҳор корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Хадамоти амниятии Русия, аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов дар солҳои ҷанги дохилӣ дар урдугоҳҳои ҳудуди Эрон ва манотиқи марзи миёни Афғонистону Покистон омӯзиши низомӣ гирифтааст. Расонаҳои русӣ менависанд, ки Абдулвосит Латипов аз соли 1997 то 2001 муҳофизони яке аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода буд. Вале ҷаноби Тӯраҷонзода қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари рабти Латипов ба худро бепоя ва беасос хонд ва гуфт, Абдулвосит Латипов ҳеҷ гоҳе аз ҷумлаи муҳофизони ӯ набудааст.

Бархе манобеъ дар матбуоти русӣ гуфтаанд, ки чанд рӯз баъд аз озод шудани Латипов “як гурӯҳи ниқобпӯш вориди ҳуҷрае, ки ӯ зиндагӣ мекард, шуда ӯро рабудаанд”.

Дар ҳамин ҳол, Юлия Аксенова вакили мудофеъи Абдулвосеъ Латифов ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, Қорӣ Вости бо қарори додгоҳи Волгогард намебоист аз қаламрави ин вилоят хориҷ мешуд ва шартан ӯро озод карда буданд. “Ба ӯ ҳатто паспорташро надода буданд. Аммо шанбеи 20-уми октябр мақомоти додгоҳи Волгоград ба вакили мудофеъ занг зада гуфтаанд, ки Қорӣ Восит нопадид шудааст ва таъкид кардаанд, ки шояд, ӯ фирор карда бошад”. Аммо Юлия Аксенова бо тааҷҷуб ба расонаҳо гуфтааст, ки мақомоти интизомии Русия “ҳатто уро мавриди пайгарди қонунӣ қарор надоданд ва дар фикри дубора ба додгоҳ оварданашро надоранд, зеро вай бо шарти берун нарафтан аз ҳудуди шаҳри Волгоград озод шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Дафтари матбуоти вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон дар заминаи хабари рабуда шудани Қори Восит изҳори беиттилоотӣ карда мегӯяд, ки хабарҳо оид ба интиқоли эҳтимолии ӯ ба Тоҷикистон “асосе надорад”.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!