Қазоқистон номи “Толибон”-ро аз “рӯйхати сиёҳ” баровардааст

Қосимҷомарт Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, номи гурӯҳи “Толибон”-ро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардааст.

Бино ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Тоқаев рӯзи 3-юми июн дар нишасти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз ин иқдоми кишвараш хабар дод.

Ӯ далели тасмимро рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон дар даврони “Толибон” номидааст.

Додгоҳи олии Қазоқистон 15-уми марти соли 2005 гурӯҳи “Толибон” созмони террористӣ эътироф ва ҳамкориро бо он мамнуъ кард.

Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки масъалаи хориҷ кардани “Толибон”-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористии ин кишвар баррасӣ мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи май рӯйхати 29 созмони мамнуъ ва террористиву ифротгароро дар кишвар барӯз кард, ки “Толибон” яке аз онҳост.