Сӯҳбати мустақими раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо мардум имсол қариб 4 соат, дақиқтараш 3 соату 55 дақиқа давом кард.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин 12-умин сӯҳбати мустақимаш бо мардумро аз баррасии вазъи Украина шурӯъ кард. Ӯ бо интиқоди тунд аз мақомоти кунунии Украина гуфт, Киев танҳо бо муколама бо "намояндагони воқеъӣ"-и вилоятҳои шарқӣ метавонад бӯҳрони кунуниро ҳал кунад, "на бо истифода аз зӯр ва силоҳ." Путин гуфт, Киев бояд аз тариқи гузашт бо мухолифонаш дар шарқ забон биёбад.
Путин барои бори аввал ба сурати ғайриаланӣ эътироф кард, ки дар пушти "нирӯҳои худдифоъ"-и Қрим нирӯҳои Русия истода буданд, то шароити озодона баргузор кардани раъйпурсии Қрим муҳайё сохта шавад. Ӯ гуфт, як ҳадаф ин буд, ки вазъ дар Қрим ба гунае ки имрӯз дар шарқи Украина дида мешавад, сурат нагирад.
Путин аммо дар посух ба суоли хабарнигор иддаоҳо дар бораи ҳузури низомиҳои Русия дар шарқи Украинаро "сафсата" номид ва гуфт, ошӯбгарон сокинони ҳамин вилоятҳоянд ва "ҳеҷ куҷо нахоҳанд рафт."
Путин гуфт, таҳдид ба ҷони русзабонҳо воқеӣ буд ва сокинони Қрим ба ҳамин далел аз Русия кумак хостанд. Ӯ гуфт, ки онҳо ягон нақшаи анексияи Қримро надоштанд, вале таҳаввули ҳодисот худ онҳоро ба ин кор тела дод, чунки ба гуфтаи ӯ, аз як тараф, мардуми Қрим инро мехостанд ва аз тарафи дигар, таҳти хатар қарор доштанд. Ӯ гуфт, "ин нақша бадоҳатан, вале дар сатҳи ҳирфаӣ иҷро шуд."
Путин то ҳол вуҷуд доштани паймони низомии НАТО баъд аз барҳам хӯрдани Шартномаи Варшава дар соли 1991-ро зери суол бурд ва гуфт, ҳарчанд дар Брюссел тавҷеҳ меоранд, ки ин паймони низомӣ табиати бештари сиёсӣ мегирад, вале ба гуфтаи Путин, як сабаби тасарруфи Қрим густариши қаламрави паймони низомии НАТО буд. Путин гуфт, Русия аз густариши НАТО наметарсад, вале бояд ба он ҷавоб диҳад.
Ба шахтёр чӣ даркор? Як истакон маю лаби баҳр...
Сӯҳбати мустақими Путин сипас бо робитаи видеоӣ бо Севастопол идома ёфт. Як сокини Севастопол масъалаи таъмини маошу нафақаи мардум бо пули нақд дар давраи гузариш аз пули ҳривнаи Украина ба рубли Русияро матраҳ кард. Путин гуфт, бонкҳои марбут ба олигархҳои украинӣ, аз ҷумла миллиардер Андрей Коломойский дар ин масъала ҳусни ҳамкорӣ нишон намедиҳанд, вале ба Маскав тақрибан се моҳи дигар даркор аст, то ин мушкилро рафъ ва сатҳи нафақаи бознишастагон дар Қримро ба сатҳи Русия баробар кунанд: "Мардуми оддии Қрим ба зудӣ фоидаҳои пайвастан ба Русияро эҳсос хоҳанд кард. Дар айни замон дар баробари имтиёзҳои муқарраркардаи давлати Русия, сокинони Қрим бояд он имтиёзҳоеро, ки дар Украина доштанд, низ ҳифз кунанд."
Путин гуфт, Русия талош хоҳад кард, то эътибори Қрим ба ҳайси макони истироҳатро барқарор кунад. Ӯ гуфт, аксари осоишгоҳҳои ин минтақа кӯҳнаву фарсуда шуда, ҷавобгӯи меъёрҳои имрӯззза нестанд: "Инҷо фикр мекарданд, ки фақат шахтёрҳо барои истироҳат ба Қрим меоянд ва барои онҳо чӣ фарқ дорад? Мезананд як истакон шароброву мераванда лаби баҳр барои оббозӣ."
Янукович гурехт ё..?
Дар посух ба як суол, ки оё дар сурати зарурат Путин метавонад ба фарқ аз раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович то охир аз истиқлоли Русия дифоъ кунад?, Путин гуфт, Янукович нагурехта буд, балки маҷбур шуд тарки кишвар кунад. Ӯ баъдан мухолифони Януковичро айбдор кард, ки "беақлона" ва бар хилофи тааҳҳудоти худ амал карда, Януковичро иҷборан аз мақом барканор карданд. Путин гуфт, ӯ парвардаи мактаби КГБ аст, ки шогирдонашро дар рӯҳияи садоқати комил ба Ватан тарбия медиҳад.
Путин гуфт, масъалаи Қрим ба боло рафтани эҳсоси ватандӯстии мардум дар Русия мусоидат кардааст.
Ҷуръати Хакамада
Сиёсатмадори мухолиф Ирина Хакамада аз Путин ситоиш кард, ки билохира нақши нирӯҳои Русия дар рӯйдодҳои Қримро эътироф кард ва пурсид, ки оё имкон дорад, ки баъди бӯҳрони Украина Русия бо Ғарб ба ягон компромисс даст биёбанд ва танишҳои кунуниро пушти сар гузоранд?
Путин дар посух гуфт, Русия бо Амрико бояд ба созиш даст биёбанд, вале муҳимтар аз он, ба созиш даст ёфтани мардум дар Украина аст. Путин гуфт, вилоятҳои шарқии Украина - Херсон, Донетск, Харков, Луҳанск таърихан ба қаламрави "Новороссия" шомил буданд ва дар аҳди Русияи подшоҳӣ ҳеҷ гоҳ марбут ба Украина намешуданд. Ӯ гуфт, бояд сокинони ин вилоятҳо барои идораи мустақилонаи сарзаминҳои худ замонат дошта бошанд, на инки "ҳадс бизананд ки фардо аз Киев боз кадом олигархро ҳамчун волӣ ба сари онҳо мефиристанд."
Путин ҳамчунин гуфт, аз сӯи порлумон ҳаққи истифодаи нирӯи низомӣ дар Украинаро гирифтааст, вале Худо мегӯяд, ки зарурати истифода аз ин ҳаққ барояш пеш наояд. Яке аз ҳозирин дар бораи дархости мақомоти ҷудоиталаби Приднестровйе барои пайвастан ба Русия пурсид, вале Путин ба он посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, ки Украинаву Молдова бояд "муҳосира"-и ин вилояти ҷудоихоҳро поён диҳанд.
Як нафари дигар пурсид, инки Русия Қримро ба зӯрӣ ба қаламраваш ҳамроҳ кард, оё ба маъноест, ки сиёсати имрӯзаро дар дунё зӯр муайян мекунад? Путин посух дод, ки Русия Қримро бо зӯрӣ ҳамроҳ накардааст, вале ӯ тарафдори таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли масоил аз тариқи музокироту гуфтугӯст.
Путин гуфт, Маскав мақомоти кунунии Украинаро қонунманд намешуморад, вале аз муколама бо онҳо парҳез карданӣ нест. Ӯ гуфт, Русия як моҳи дигар сабр хоҳад кард, ки Украина беш аз 2 миллиард доллар қарзи газашро пардохт кунад, вале агар Киев боз ҳам дар пардохтани қарзҳояш таъхир кунад, Русия баъди он барои газаш аз Украина пешпардохт талаб хоҳад кард.
Путин гуфт, Русия дар муқобили Ғарб "девори оҳанин" бардоштанӣ нест, вале гуфт, эътимод байни Маскаву Вошингтон гум шудааст.
Зангирии Путин
Путин дар ин сӯҳбати мустақим дар бораи зиндагии хусусиаш ҳам сӯҳбат кард ва аз ҷумла ба посух ба ин суол ки оё аз нав издивоҷ карданӣ нест?, шӯхиомез посух дод, ки бояд аввал ҳамсари собиқаш Людмиларо ба шавҳар диҳад ва танҳо баъди он фикри худашро хоҳад кард. Ӯ "Чапаев"-ро филми дӯстдоштааш номид.
Ба фарқ аз солҳои гузашта, сӯҳбати имсолаи Путин мавҷи таърифу тавсифи ӯро ҳам ба ҳамроҳ дошт. Бархе ӯро ба далели тасарруфи Қрим ҳатто "ҷамъкунандаи заминҳои Русия" номиданд. Дар поёни сӯҳбат Путин дар посух ба як суол ба таври муфассал ба нақш ва ҷойгоҳи миллати рус пардохт ва аз "миссияи вижа"-и мардуми рус сӯҳбат кард.
Путин "чӯби сеҳрнок"-ашро ба бозӣ медарорад
Гуфтугӯи мустақими раисиҷумҳури Русия Владимир Путин соати 12 ба вақти Маскав шурӯъ шуд. Суолуҷавоби Путин бо мардум тавассути ҳамаи шабакаҳои бузурги телевизионии Русия нашр мешавад.
Ин 12-умин гуфтугӯи мустақими Путин бо мардум, аз ҷумла ҳаштумин суолуҷавоби мустақими ӯ ба ҳайси раисиҷумҳури Русия аст. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, алакай ба унвони Путин беш аз 2 миллион суол танҳо дар бораи масоили Украина ва Қрим расидааст. Интизор меравад, як бахши аъзами суолуҷавоб ин навбат ба мавзӯъи Украина ихтисос ёбад.
Аммо дар ҷараёни гуфтугӯҳои мустақими Путин бо мардум маъмулан аҳолӣ аз мушкилоти иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Дмитрий Песокв як рӯз пеш гуфт, чорчӯби ин гуфтугӯҳои мустақим як навъ “чӯби сеҳрнок”-е шудааст, ки “баъди тавассути он матраҳ шудани мушкилоте, ки на Путин, балки як мақоми маҳаллӣ ва хеле барвақт расидагӣ мекард, дар зарфи ҳамагӣ 2-3 рӯз якбора ҳалл мешавад.”
Дар ҷараёни гуфтугӯҳоли мустақими Путин бо мардум маълмулан хатҳои иртиботи видеоӣ бо минтақаҳои мухталиф низ фаъол карда мешаванд. Ин бор чунин хати видеоӣ Қрим ва Севастополи Украинаро, ки дар моҳи март аз сӯи Русия ишғол ва ба қаламраваш ҳамроҳ карда шуданд, низ бо Путин дар Маскав пайваст хоҳад кард.
Барои гуфтугӯҳои мустақими Путин кадом чаҳорчӯби замонӣ муқаррар нашудааст. Дар соли 2013 гуфтугӯи мустақими раисиҷумҳури Русия ба таври бесобиқа 4 соату 48 дақиқа идома кард.
Путин барои бори аввал ба сурати ғайриаланӣ эътироф кард, ки дар пушти "нирӯҳои худдифоъ"-и Қрим нирӯҳои Русия истода буданд, то шароити озодона баргузор кардани раъйпурсии Қрим муҳайё сохта шавад. Ӯ гуфт, як ҳадаф ин буд, ки вазъ дар Қрим ба гунае ки имрӯз дар шарқи Украина дида мешавад, сурат нагирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад