Путин ин изҳоротро рӯзи 4-уми июл дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона, пойтахти Қазоқистон баён кард ва гуфт, ки Толибон дар Афғонистон дар қудрат ҳастанд ва пойбанд ба таъмини субот ва амният мебошанд. Ӯ афзуд, ки Толибон барои ҳамкорӣ бо Русия дар амри мубориза бо терроризм омодагӣ нишон додаанд.
Путин дар ҳоле ин изҳоротро баён кард, ки Толибон аз соли 2003 то кунун дар феҳристи созмонҳои террористии Русия қарор доранд.
Бо ин ҳол, ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Маскав дар солҳои ахир талош дорад, то робитаашро бо Толибон беҳбуд бахшад. Путин моҳи гузашта низ гуфта буд, ки Русия бояд робитаҳояшро бо Толибон тақвият кунад.
Ба назари коршиносон, Путин мехоҳад ба кишварҳои минтақа нишон диҳад, ки мавзеаш дар баробари Толибон рӯшан ва ошкор аст ва ин изҳороти Путин дар Остона нишондиҳандаи ин аст, ки Толибон муттаҳиди Русия дар мубориза бо терроризм дар минтақа аст.
Ҳамзамон, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Маскав дар пайи бекор кардани таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Толибон аст.
Дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон бар аҳамияти фаъолиятҳои гурӯҳи тамоси Афғонистон таъкид карда, аз оғози дубораи фаъолияти он ҳимоят намудаанд. Мирзиёев низ гуфтааст, ки гуфтугӯ бо Кобул метавон мушкили амният дар минтақаро ҳал кунад.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар саммити Остона аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба ҳадафи таъмини ниёзҳои иқтисодӣ ва инкишофии Афғонистон, бо ҳукумати Толибон ҳамкориҳои маънодор дошта бошанд.
Афғонистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай узви нозир аст, аммо пас аз дигарбора ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021, курсии ин кишвар дар нишастҳои ин созмон холӣ аст.
То кунун ҳеҷ яке аз кишварҳои ҷаҳон, ба шумули кишварҳои узви Созмони щамкориҳои Шанхай ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтааст. Толибон барои нақзи ҳуқуқи башар, ба вижа аз кору таҳсил маҳрум кардани занону духтарон интиқод мешаванд.