Путин: Таҳримҳо бо ҳадафи заъиф кардани Русия ҷорӣ шудаанд

Дар саволу ҷавобе бо шаҳрвандони Русия, ки ҳар сол ба таври мустақим тавассути телевизион барпо мешавад, ин навбат Владимир Путин бештар болои масъалаҳои иқтисодӣ тамаркуз кард.

Путин гуфт, таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупову ИМА ва дигар кишварҳо ба хотири заъиф кардани Русия ҷорӣ шуда, рӯйдодҳои Украина танҳо баҳонае барои ҷорӣ кардани ин таҳримҳо шудааст. Ба эътимоди Владимир Путин, президенти Русия, таҳримҳои дар нисбати Русия таҳмилшуда “ҳоло дигар марбут ба вазъи Украина нестанд ва ба як масъалаи сиёсӣ табдил шудаанд”. Дар саволу ҷавобе бо шаҳрвандони Русия, ки ҳар сол ба таври мустақим тавассути телевизион барпо мешавад, ин навбат Владимир Путин бештар болои масъалаҳои иқтисодӣ тамаркуз кард. Вай гуфт, Русия бо чолишҳое дар беруни кишвар рӯбарӯ мебошад, вале дар сурати зарурат ва ба хотири суботи сиёсии кишвар, омода аст ба ҳама гуна таҳдид муқовимат кунад. Путин гуфт, ки ҳадафи таҳримҳо боздоштани рушди Русия аст ва ба эътимоди ӯ, ин таҳримҳо базудӣ бардошта нахоҳанд шуд.

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки таҳримҳо бо ҳадафи тағйири рафтори Русия баъди, ба гуфтаи Киев ва давлатҳои ғарбӣ, аз сӯи Маскав ба таври худсарона ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба қаламрави Русия дар моҳи марти соли 2014 ҷорӣ шуданд. Инчунин Русия ба шарқи Украина ба нишони пуштибонии ҷудоиталабон нирӯву силоҳ фиристод, ки мунҷар ба оғози ҷанг шуд. Аз моҳи апрели соли 2014 то имрӯз дар ин ҷангҳо 6 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Путин имрӯз дар суханронии телевизиониаш гуфт, Маскав ба шарту шурути созишномаи Минск пойбанд буда, ӯҳдадориҳои худро пурра иҷро мекунад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, таҳримҳо сирф заминаҳои сиёсӣ доранд.

Путин беш аз 15 сол ҳам ба ҳайси президент ва ҳам нахуствазири Русия дар сари қудрат боқӣ мемонад. Дар ин муддат, ба гуфтаи мунаққидон, ӯ тамоми корро кард, ки садои дигарандешону мухолифон хомӯш шавад. Ҳоло ӯ мегӯяд, ки агар тамоми нирӯҳо муттаҳид шаванд, Русия метавонад бар мушкилоту чолишҳо пирӯз шавад. “Агар мо тавонем, ки суботро дар сиёсати дохилӣ ва ваҳдати ҷомеаро ҳифз кунем, набояд аз ҳеҷ таҳдиде биҳаросем”, гуфт ӯ.

Путин гуфт, ки таҳримҳои Ғарб ба оташи чолишҳои иқтисодии Русия равған рехтанд, вале кишвар, ба гуфтаи ӯ, бояд аз ин ҳолат барои расидан ба дастовардҳои нав дар соҳаи иқтисод истифода кунад.

Вай ба пешрафтҳои муайяни иқтисодии кишвараш таъкид кард, аз ҷумла ба болоравии қурби доллар таъкид кард. Пули миллии Русия баъди уфти соли гузаштааш бо сабаби поинравии нархи нафт ва зери таъсири таҳримҳои Ғарб, соли ҷорӣ беш аз 20 % афзоиш дид. Путин гуфт, ки “рубл мӯътадил ва пурқувват шуд” ва ба гуфтаи ӯ, “коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дигар авҷи мушкилот пушти сар шуд”. Вай аз нишондодҳои баланди тавлиди нафт ва ҳосили хуб ситоиш кард.

Путин гуфт, ки умри сокинони кишвар дарозтар шуда нишондодҳои марги инсон коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 1 апрел пешгӯӣ кард, ки нишондодҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия имсол 3,8 дар сад коҳиш ёфта соли 2016 0,3 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Вале Путин, ки ширкаташ дар интихоботи соли 2018-ро барои мӯҳлати чаҳорум рад намекунад, мегӯяд, иқтисоди Русия дар камтар аз ду сол дубора барқарор мешавад. “Ҳатто зудтар мешавад. Бо он чи ки мо ҳоло мебинем, тақвияти рубл ва болоравии нишондодҳои бозор, фикр мекунам, ки ин чиз дар мӯҳлати камтар натиҷа медиҳад. Дар баъзе манотиқ то ду солро дар бар мегирад”, гуфт ӯ.

Дар иртибот бо Эрон Путин гуфт, Теҳрон дар музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ нармиши зиёд нишон дод, ки боиси маҳдуд шудани барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ва бекор шудани таҳримҳо барои Теҳрон мешавад. Путин аз қарори худ оид ба бекор шудани манъи фурӯши системаи мушакии С-300 ба Эрон ҳимоят кард ва гуфт, ки ин кишвар баъди баҳсҳои чандинсола бар сари барномаи ҳастаиаш ҳоло ба чунин чиз ҳақ дорад. Ғарб дар ҳарос буд, ки барномаи ҳастаии Эрон боиси эҷоди бомбаи ҳастаӣ мешавад.

Исроил ба ИМА Путинро барои бекор шудани ин монеаи соли 2010 ҷоришуда интиқод карданд. Он замон Маскав ба нишони пуштибонӣ аз таҳримҳои СММ фурӯши аслиҳаро ба Теҳрон маҳдуд кард. Путин дар изҳороташ рӯзи 16 апрел гуфт, ки мушакҳои С-300 ба феҳрасти аслиҳаи мавриди таҳрим шомил намешаванд. “Ҳоло бо пешравӣ дар ин баҳсҳои Эрон, ки бешубҳа як ҷараёни мусбат аст, мо ҳеҷ баҳонае барои тамдиди ин маҳдудият намебинем”, гуфт ӯ. Путин гуфт, ки ин силоҳ ба Исроил ҳеҷ таҳдиде эҷод намекунад ва танҳо бо ҳадафи дифоӣ сохта мешавад. Айни замон, ба гуфтаи Путин, Русия бо СММ дар идомаи музокирот бо Эрон “дар ҳамбастагӣ” кор мекунад.

Путин ҳар сол ин саволу ҷавоби телевизиониро бо шаҳрвандонаш бо ҳадафи тақвияти обурӯяш ба унвони як раҳбари боэътибор, мутақоидсозии сокинони Русия дар пешрафтҳои иқтисодӣ ва ҳам барои ироаи паём ба Ғарб истифода мекунад.