Раиси ҷумҳури Русия гуфтаст, маъмурияти амниятии НАТО, ки бештари нерӯҳои он дар соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд, натавонист суботро дар минтақа таъмин кунад.
Владимир Путин дар нишасти рӯзи чаҳоршанбеи Шӯрои амнияти миллии Русия ҳамчунин гуфт, ҳама далелҳо нишон медиҳанд, ки дар кутоҳмуддат вазъияти Афғонистон дигаргун хоҳад шуд:
«Неруҳои хориҷӣ, ки дар маҷмуъ тавассути нерӯҳои амрикоӣ раҳбарӣ мешаванд, то ҳол натавонистаанд дар мубориза алайҳи терроризм ва гуруҳҳои ифротгаро дар Афғонистон ба пешрафтҳои лозим даст ёбанд. Далелҳо ҳама нишон медиҳанд, ки дар ояндаи наздик Афғонистон шоҳиди бадтар шудани авзоъ хоҳад буд. Террористони байналмилалӣ ва гуруҳҳои ифротӣ барномаҳои худро барои тавсеаи бесуботӣ пинҳон намекунанд ва бидуни шак онҳо талош хоҳанд кард, ки фаълолиятҳои тахрибкоронаи худро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол бидиҳанд.»
Оқои Путин аз Шӯрои амнияти миллии Русия хостааст, пешниҳодотро дар мавриди тақвияти стратегии марзҳои ҷанубии Русияро тартиб диҳанд. Вай ҳамчунон дар мавриди афзоиши тавлид ва қочоқи маводи мухаддир Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, нерӯҳои кӯмак ба амният дар Афғонистон ё ISAF дар ин рост гомҳои муассир набардоштаанд. Аз ин рӯ, ба гуфта оқои Путин, имкон дорад, ки мушкили қочоқи маводи мухаддир Афғонистон, бештар шавад.
Дар авоили соли ҷорӣ раиси Идораи мубориза бо маводи мухаддири Русия Виктор Иванов гуфта буд, ки аз оғози ҷанг алайҳи терроризм дар соли 2001 то ҳол тавлиди ҳероини Афғонистон 40 баробар бештар шуда ва аз оғози амалиёти сулҳи пойдор то ҳол як миллион нафар дар ҷаҳон аз ҳероини Афғонистон ба ҳалокат расиданд.
Дар мавриди ин изҳороти мақомоти Русия, масъулини ISAF ва НАТО то ҳол чиз нагуфтаанд. Радиои Озодӣ кӯшиш кард, ки ин мавзӯъро бо сухангӯи ISAF дар миёни бигузорад, вале ӯ аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣ кард.
Владимир Путин ҳамчунин дар мавриди ҳамкории Русия бо Афғонистон изҳор дошт, ки кишвараш ҳамакнун дар бахши таълими мутахассисони мулкӣ, артиш ва пулис ба ҳукумати Афғонистон кӯмак карда ва кӯмакҳои башарӣ барои Афғонистон таҳия намудааст. Оқои Путин ҳамчунин ваъда намудааст, ки ширкатҳои Русия ҳозиранд дар тарҳҳои муштарак барои эҳёи зербинои иқтисоди Афғонистон саҳм бигиранд.