Нобоварии мардум дар Русия ба Путин бештар шудааст

Владимир Путин. Коллаж

Бар асоси пурсишҳо мизони эътимод ё бовари мардуми Русия ба президент Владимир Путин дар ду соли охир ба сатҳи поинтарин фаромадааст. Дар ин замина натиҷаҳои пурсиши афкори умуми маркази "Левада" гувоҳӣ медиҳад, ки рӯзи 12-уми феврал нашр шуд.

Мизони бовари мардум ба Путин, ки аз соли 2000-ум боз ҷилави қудратро дар Русия дар даст дорад, моҳи ноябри соли 2017 ба 59 дарсад баробар буд. Дар пурсишҳои ду соли ахир тахминан 35 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба Путин эътимоди бештар доранд.

Лев Гудков, раиси маркази "Левада" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "24 дарсад поин шудани нишондод (аз ноябри соли 2017) хеле зиёд аст". Ба гуфтаи ӯ, "ин баёнгари як тамоюли умумии коҳиши эътимод аст".

Ин нишондод дар як давраи бисёр мушкил барои Кремлин нашр мешавад, чун дар давраи дуюми президентии шашсолаи Путин, ки соли 2024 ба анҷом мерасад, нақши ӯ дар қудрат ва самтгириҳои баъдӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Моҳи январ Путин нақшаи тағйири сохтори сиёсии Русияро ошкор кард, ки бар асоси он баъзе салоҳиятҳои президент ба порлумон ва як сохтори ба ном машваратии Шӯрои давлатӣ вогузор мешавад. Ин пешниҳод бахше аз як силсила тағйироти конститутсионӣ аст, ки қарор аст дар ҳафтаҳои наздик порлумон баррасӣ кунад.

Пурсиши маркази "Левада" ҳам дар ҳафтаи охири моҳи январ барпо шуд. Дар он беш аз 1600 шаҳрванди Русия дар як пурсиши рӯбарӯ иштирок карданд. Масъулон мегӯянд, имкони роҳ ёфтани иштибоҳ дар нишондодҳо 2,9 дарсадро ташкил медиҳад.

Ду мансабдори дигаре, ки дар Русия аз эътимоди зиёдтар бархӯрдор будаанд, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ҳастанд. Маҳбубияти онҳо рӯ ба болост.

Владимир Путин баъд аз як танаффуси рамзии чаҳорсола, ки дар он муддат дар мақоми сарвазирӣ кор кард ва дар курсии президентӣ дастнишондаи ӯ Дмитрий Медведев буд, соли 2012 дубора ба курсии президентӣ баргашт.

Бозгашти ӯ боис ба эътирозҳои сартосарии хиёбонӣ, ба вижа дар Маскав шуд ва апрели соли 2013 мизони боварӣ ба ӯ то 30 дарсад поин омад. Вале соли 2014, баъди ишғоли Қрим ва шурӯи ҷангҳо дар шарқи Украина мизони маҳбубияти ӯ якбора боло рафт.

Маркази "Левада" мегӯяд, Путин ҳамоно як шахсияти маъруфи сиёсӣ мемонад, бо ин ки 68 дарсади маъруфияти ӯ дар ин бахш боз ҳам поинтар назар ба пурсишҳои пешина будааст.

Аз ин назар, натиҷаҳои пурсишҳои "Левада" бо нишондодҳои пурсиши афкори умуми ниҳоди давлатии ВСИОМ ҳам монанд аст. Ин марказ ҳам соли гузашта гуфт, ки мизони маҳбубияти Путин дар 20 соли раҳбариаш ба поинтарин сатҳ фаромадааст.
Ин натиҷаҳо мавриди интиқоди Кремлин қарор гирифт ва ВСИОМ маҷбур шуд, матни шарҳи натиҷаҳои пурсиши худро тағйир диҳад. Ин чиз мавриди интиқоди ҷомеашиносон шуд, ки ВСИОМ-ро барои таҳти фишори сиёсӣ тағйир додани мавқеаш интиқод карданд.

“Левада” як созмони мустақил аст ва бар асоси қонуни баҳсбарангез маҷбур шуд, ба унвони “агенти хориҷӣ” сабтином шавад. Ин қонун маблағгузории хориҷиро барои фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва матбуот маҳдуд мекунад.

Яке аз калонтарин тағйироте, ки Путин баъд аз оғози мӯҳлати дуюми президентиаш дар соли 2018 анҷом дод, ин тағйирот ба низоми нафақаи аз даврони шӯравӣ ба меросмонда буд, вале ин барнома боиси пеш омадани мушкилот дар бахши андоз шуд.

Ислоҳоти мазкур боиси афзоиши эътирозҳои хиёбонӣ, ба вижа аз ҳисоби ройдиҳандагони пиронсол шуд. Ин чиз мизони эътимод ба Путинро коҳиш дод. Афзоиши андози изофагӣ, коҳиши маош ва нигарониҳо аз бад шудани иқтисод эътимод ба Путинро кам кард.

Гудков мегӯяд, “вазъи иқтисодӣ норӯшан аст. Мардум эҳсос мекунанд, ки вазъ бадтар мешавад, ислоҳоти низоми нафақа, поинравии даромадҳо, набуди хушбинӣ ба рӯзи фардо мушоҳида мешавад”. Ба иловаи ин, ҷомеашинос гуфт, мушкили дастрасӣ ба дору, коррупсия, мушкилоти муҳити зист ва тарс аз фишорҳои сиёсӣ ҳам барои поинравии мизони эътимод ба Путин сабаб шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!