Путин: Тоҷикистон метавонад ба ёрии Маскав умед бандад (ВИДЕО)

Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки Тоҷикистон ба унвони шарики стратегӣ метавонад ба кӯмак ва мусоидати Маскав умед бандад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи сешанбе зимни суханронии худ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон чун шарики стратегӣ метавонад ба кӯмаки Русия умед бандад.

Ин суханони Владимир Путин дар ҳоле садо дод, ки 11 рӯз боз дар дараи Ромити Тоҷикистон амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи муовини пешини вазорати дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва шариконаш идома дорад. Мақомоти Тоҷикистон ин гурӯҳро ба ҳамлаҳои субҳи 4 сентябр ба пулис дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе айбдор мекунанд.

Раисиҷумҳури Русия дар нишасти Душанбе гуфт, Маскав аз талоши интиқоли нооромиҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна нигарон аст.

Путин хитоб ба аҳли нишаст, аз ҷумла ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, гуфт: “Тоҷикистон шарики стратегӣ ва муттаҳиди мост. Мо мебинем, ки дар инҷо, дар Тоҷикистон, шумо бо мушкилоте, бо бархе сар бароварданҳо ва бо кӯшишҳои ба ҳам задани вазъ рӯбарӯ шудаед. Мехоҳам билофосила бигӯям, ки мо ин таҳдидҳоро ба тавре ки мебояд, арзёбӣ мекунем ва шумо ҳамеша метавонед ба кӯмаку пуштибонии мо умед бандед.” Путин ҳамчунин гуфт, нерӯҳои интизомисву мусаллаҳи Тоҷикистон аз ӯҳдаи ҳалли ин мушкилоти пешомада мебароянд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Ин севумин маротибаи изҳори пуштибонии Путин аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз замони оғози амалиёт алайҳи гурӯҳи генерал Назарзода аст. Ӯ бори аввал дар рӯзи дуюми ин амалиёт ба Эмомалӣ Раҳмон занг зад ва дафъаи дувум дар барқияи табрикиаш ба муносибати иди истиқлоли Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил шуд, ҳимояташ аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ором сохтани вазъро изҳор дошт.

Ҳимояти Путин ва Русия барои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти фавқулодда дорад ва ба фарқ аз СПАД, ки то имрӯз ягон собиқаи дахолат дар низоъҳои мусаллаҳона дар паҳнои пасошӯравиро надорад, Маскав чунин таҷрибаро дорад ва нафақат дар Тоҷикистон.

Маскав дар тӯли ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва баъд ҳамеша аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кардааст. Русия дар се шаҳри Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми низомиашро мустақар кардааст. Ин пойгоҳ бо зери 6 000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия ба шумор меравад.

Дар мулоқоти рӯбарӯ бо Путин, ки субҳи сешанбе дар Қасри Миллат ва пушти дарҳои баста баргузор шуд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои русаш барои изҳори ҳимоят дар ҳодисаҳои охир сипосгузорӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Мехоҳам ба Русия ва шахсан ба Шумо, Владимир Владимирович, барои кӯмаке, ки ба мо дар рӯзҳои ҳодисаҳои аввали сентябри соли равон расондед, ва барои ёриҳои башарӣ, ки барои рафъи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон расонда шуданд, самимона изҳори сипос кунам.”

Тибқи иттилои расмӣ, яке аз мавзӯи сӯҳбатҳои Путин ва Раҳмон амалиёти низомии нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи собиқ муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, будааст. Мақомоти Тоҷикистон Назарзодаро дар ташкили ҳамлаҳои субҳи 4 сентябр ба ШКД Ваҳдат ва як посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе гунаҳгор мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, дар даргириҳо бо гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, то имрӯз 9 тан аз нирӯҳоҳои давлатӣ ва ҳудуди 20 нафар аз ҷангиён кушта шуда, тақрибан 100 тани дигар аз тарафдорони генерали фирориро дастгир кардаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Путин ҳамзамон бо изҳори нигаронӣ аз ихроҷи беш аз 300 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз Русия, хостори ироаи сабукиҳои бештар ба мардикорони тоҷик, аз ҷумла то 90 рӯз расондани замони будубоши бидуни сабти номи онҳо дар Русия шудааст.

Владимир Путин шоми 14 сентябр ба манзури ширкат дар ҷаласаи сарони СПАД вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Ин нишасти СПАД дар ҳоле баргузор мешавад, ки нооромиҳо дар Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико густариш ёфта, ҷангиёни Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ҷабҳаҳои ҷанги худро ҳарчӣ бештар ба шимоли Афғонистон, ба манотиқи ҳаммарз бо кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ густариш медиҳанд.

Мояи дигари нигаронии Маскаву муттаҳидонаш дар минтақа сар боло кардани гурӯҳи нави тундрав бо номи “Давлати исломӣ” аст, ки дар сарзаминҳои ишғолкардааш дар Сурияву Ироқ эълони “хилофат” кардааст ва ҳазорон нафар аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дастикам 500 тан аз Тоҷикистон ба сафи ҷангиёни ин гурӯҳи тундрав пайвастаанд.

Путин дар нишасти сарони СПАД дар Душанбе гуфт, “таҳдиди воқеии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротие, ки мехоҳанд ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ворид шаванд, меафзояд.”

Дар нишасти моҳи сентябри соли 2014 раҳбарони СПАД ба Тоҷикистон барои таҳкими марзҳояш бо Афғонистон ваъдаи кумакҳои фанниву низомӣ карда буд. Вале бо гузашти як сол рӯшан нест, ки ин ёриҳо аз чӣ иборат хоҳад буд ва оё кай ба Тоҷикистон хоҳанд расид?