Путин дастури вазъи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркияро содир кард

Ба дунболи сарнагун кардани ҳавопаймои ҷангии Русия аз сӯи Туркия, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия фармони вазъи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркияро содир кардааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия фармони ҷорӣ кардани як қатор таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркияро содир кардааст. Дар пайи сарнагун кардани ҳавопаймоии ҷангии Русия дар наздикии марзи Сурия ва Туркия равобити Маскав ва Анқара ба сардӣ гароидааст.

Дастури Путин рӯзи шанбеи 28-уми ноябр содир шуда ва бар асоси он, илова бар мамнуияти воридоти бархе колоҳо аз Туркия, тамдиди қарордоди кории шаҳрвандони Туркия ки дар Русия кор мекунанд, низ мамнӯъ шудааст.

Дар фармони Владимир Путин, ки дар вебсайти ҳукумати Русия мунташир шудааст, ишораи зиёде ба колоҳои таҳримшуда нашудааст, аммо таъкид шудааст ки парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Туркия поён меёбанд.

Фармони раиси ҷумҳури Русия чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз сарнагун сохтани ҳавопаймоии низомии Русия тавассути неруҳои кишвараш изҳори таассуф кард. 28 ноябр вай ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон қабл аз изҳори таассуф бори дигар аз тасмими Туркия дар бораи задани ҳавопаймо дифоъ кард.

Вале бори дигар даъват кард, ки ҳафтаи оянда дар ҳошияи мулоқоти раҳбарон дар Пориси Фаронса бо Владимир Путин,раиси ҷумҳури Русия мулоқоте дошта бошад. Бо вуҷуди ин Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳозир нашуд ба дархости Маскав, аз Русия дар мавриди ин ҳодиса расман узрхоҳӣ кунад.

Таҳримҳои Русия алайҳи Туркия дар рӯзи эълон шудаанд, ки вазорати умури хориҷии Туркия низ аз шаҳрвандони ин кишвар хост аз сафарҳои ғайризарурӣ ба Русия худдорӣ кунанд.

Мақомоти Русия ҳам гуфтанд, ки низоми рафту омади бидуни раводид бо Туркияро бекор мекунад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия эълон кард, ки рафту омади бидуни раводид бо Туркия аз 1 январи соли 2016 боздошта мешавад.

Дар шарҳи ин тасмим Лавров Туркияро муттаҳам кард, ки ин кишвар ба ҳомии терроризм табдил ёфтааст ва барои пайдо кардани шаҳрвандони Русия, ки дар фаъолиятҳои террористӣ ширкат меҷӯянд, камтар талош ба харҷ медиҳад. Ғарб мехоҳад, ки дар мубориза бар зидди тундравҳои "Давлати исломӣ" дар Сурия аз ҳимояти бештар бархӯрдор шавад.

Сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Русия дар марзи Сурия дар 24 ноябр вокунишҳои шадиди Русияро ба бор овардааст. Аз ҳамон замон то ҳол сафари ҷаҳонгардони Русия ба Туркия маҳдуд шудааст, мошинҳои бории Туркия дар марз боздошта ва маводи ғизоӣ мусодира мешавад. Вазорати кишоварзии Русия аз ҳоло тафтиши маводи ғизоӣ ва фаровардаҳои кишоварзии воридотӣ аз Туркияро афзоиш додааст ва он яке аз нишонаҳои маҳдуд кардани тиҷорати дуҷониба мебошад.