Оғози ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия

Як мақоми амрикоӣ мегӯяд, Русия алакай ба анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия шурӯъ кардааст. Парлумони Русия имрӯз ба президент Путин ҳаққи истифодаи нирӯҳо дар хориҷро дод.

Амрико гуфт, бовар меравад, ки Русия ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурияро дар наздикии шаҳри Ҳумс шурӯъ кардааст. Як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфт, Маскав ҳамагӣ як соат пеш аз оғози амалиётҳояш Амрикоро дар ҷараён гузоштааст. Ин мақом бидуни бурдани ном гуфт, маълумот дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳанӯз муқаддамотист. Ӯ аз гуфтани теъдоди ҳамлаҳо ва навъҳои ҳавопаймоҳои истифодашуда худдорӣ кардааст.

Ин гузоришҳо дар ҳолест, ки Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия - рӯзи 30 сентябр бо иттифоқи оро ба раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин ҳуқуқи истиқрори нирӯҳои ин кишвар дар хориҷро дод. Сергей Иванов, раҳбари дастгоҳи президенти Русия рӯзи чоршанбе гуфт, ин иҷлосия пушти дарҳои баста гузашт ва сухан дар бораи истиқрори нирӯҳои Русия дар Сурия меравад. Иванов афзуд, "раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба раҳбарияти кишвари мо бо дархости расондани ёриҳои низомӣ муроҷиат кардааст."

Иванов гуфт, "сухан танҳо дар бораи амалиёти нирӯҳои ҳарбиву ҳавоии Русия меравад. Тавре ки раисиҷумҳури мо алакай гуфтааст, истифодаи нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷабҳаҳои заминӣ дар мадди назар нест. Ҳадафи низомии амалиёт танҳо пуштибонии ҳавоӣ аз нирӯҳои давлатии Сурия дар амри муқобилаи онҳо бо "Давлати исломӣ"-ст."

Кремл қаблан гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони ин кишвар – хостааст, то ба ӯ салоҳияти истифодаи нирӯҳои низомӣ дар хориҷ аз Русияро бидиҳанд.

Дархости Путин барои истифодаи нирӯҳои низомӣ дар хориҷ дар ҳоле ироа шуд, ки Маскав дар ҳафтаҳои охир ҳузури низомиашро дар Сурия тақвият дода истодааст. Бархе расонаҳо менависанд, ки дар авоили моҳи сентябр Русия дар пойгоҳи Лозиқияи Сурия, ки дар соҳили баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст, дастикам 28 ҳавопаймои ҷангиашро мустақар кардааст.

Маскав муттаҳиди суннатии раисиҷумҳури Сурия Башор Асад мебошад ва Владимир Путин чандин бор гуфтааст, ки бидуни ҳамкорӣ бо ҳукумати Асад наметавон ба хатми ҷанги Сурия ва маҳви таҳдидҳои ношӣ аз созмонҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” ноил шуд.

Аммо кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Амрико, бо изҳори нигаронӣ аз тақвияти ҳузури низомии Русия дар Сурия мегӯянд, нақшеро барои Башар Асад дар ояндаи Сурия намебинанд. Сарнавишти режими Башор Асад, ба бовари нозирони умур, як мояи асосии ихтилоф байни Маскаву Ғарб дар масъалаи роҳҳои ҳалли бӯҳрони Сурия боқӣ мемонад.

Ҷон Керри, вазири хориҷаи Амрико рӯзи 29 сентябр дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, Амрико дахолати Русия дар Сурияро имконпазир мешуморад. Ӯ гуфт, ҳузури Русия дар ин кишвари арабӣ ба маъноест, ки Маскав худро дар як вазъи "печида" мебинад. Ба ақидаи Керри, "агар ӯ (Путин) бо Башор Асад тараф шавад ва бо Эрону Ҳизбуллоҳ, ӯ бо кишварҳои суннии минтақа мушкилоти хеле ҷиддӣ пайдо хоҳад кард." Ӯ афзуд, дар чунин сурат, "ӯ метавонад ба эҳтимоли хеле ғолиб як ҳадафи ҷиҳодиҳои суннӣ қарор бигирад." Ӯ ҳамчунин гуфт, "то замоне ки Асад онҷост, расидан ба сулҳ имкон надорад."

Путин рӯзи 28 сентябр дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк гуфт, "худдорӣ аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Сурия ва нерӯҳи мусаллаҳи он, ки рӯбарӯ бо терроризм меҷанганд, иштибоҳи бузург аст." Аммо Амрико ва Фаронса ба ин боваранд, ки ояндаи Сурия бо ҳузури Башор Асад дар раъси қудрат қобили тасаввур нест. Барак Обама дар суханронии худ гуфт, ки "пас аз ин ҳама хунрезӣ ва куштор ва овора шудани мардум дар Сурия, наметавон интизор дошт, ки ба вазъияти гузашта бозгардем ва Башор Асад дар раъси қудрат бимонад."

Бо ин ҳол, Владимир Путин ахиран дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии CBS гуфт, Маскав ҳарчанд аз ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекунад, аммо “ҳанӯз” нақшаи истиқрори нирӯҳои ҷангиаш дар Сурияро надорад. Ӯ гуфт, Маскав таъмин ва тамрини артиши Асадро ба хотири муқобила бо таҳдиди “Давлати исломӣ” идома хоҳад дод.

Парлумони Русия бори охир дархости Владимир Путин ҷиҳати истифодаи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар хориҷро моҳи марти соли 2014 дар рӯзҳои тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия тасвиб карда буд. Русия дар пайи истиқрори нирӯҳо ва баргузории як райъпурсӣ дар ҳамон моҳ Қрим ва шаҳри Севастополро ҳамчун ду субъекти нав ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.