Ҷинпин дар паҳлуи Путин. Мароми сиёсӣ ё худнамоӣ?

Паҳлуи ҳам истодани раҳбарони Русия ва Чин дар ҷашни 70-солагии пирӯзӣ бар фашизми Олмон дар Маскав нозирони сиёсиро ба таҳлили равобити байни ду кишвар водор намудааст.

Сафи сарбозу афсарон, “насли нав”-и тонку зиреҳпӯшу мушакҳо, парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ бар фарози майдони марказии Маскав. Паради ҳарбии 9-уми май дар Маскав барои бархе аз бинандагони солманд хотираҳои СССР-и абарқудратро зинда кард. Вале барои аҳли ҷаҳон он на танҳо намоиши нерӯи ҷангии Русия буд, балки ҳамчунин паёме аз наздикии бештари Русия ва Чин.

Хабаргузории Синхуа ба он ишора мекунад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз 70-умин солгарди ғалаба бар фашизми Олмон дар Маскав ду раҳбар аксаран канори ҳам буданд – президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин. Дар паҳлуи дигари Путин Дабири кулли СММ Бан Ки-мун қарор дошт. Хабаргузорӣ меафояд: “Ин баёнгари робитаҳои наздики Маскаву Пекин ва ҳамчунин талошҳои Русия ба таъкиди нақши СММ ҳамчун абзори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонист.”

Бархе аз шореҳони сиёсӣ бар пояи ончӣ дар гузоришҳои телевизионӣ дида мешуд, аз он садо баланд карданд, ки ҷаҳон дигар якқутба, яъне зери нуфузи ИМА нест ва дигар он бузургтарин нерӯи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ нахоҳад буд. Аз ҷумла хабаргузории олмонии ДПА менависад, ҳузури раҳбари Чин дар паҳлуи Путин дар минбар нишон медиҳад, ки “Русия дар муқобили мавзеи бартаридори ИМА дигар танҳо нахоҳад буд.”

Ҷинпин дар ҳоле ба Маскав сафар кард, ки раҳбарони Ғарб ҷашни Русияро нодида гирифтанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо зимни нақши Русия дар низои Украина зидди Маскав таҳримҳо ҷорӣ кардаанд ва талош доранд, аз густариши низоъ пешгирӣ кунанд.

Сиёсатшиносони амрикоӣ Дуглас Шен ва Мелик Кайлан мегӯянд, танҳо ИМА метавонад аз таҳдиди иттиҳоди Русия ва Чин ҷилавгирӣ намояд. Ин таҳлилгарон ба маҷаллаи Business Insider гуфтаанд, “Имрӯз ҳамкории Русия ва Чин дар сиёсат, иқтисодиёт ва умури ҳарбӣ бесобиқа аст ва тақрибан ҳамеша ин ҳамкорӣ ҳолати зиддиамрикоӣ ва зиддиғарбӣ дорад. Русия, Чин ва як қатор кишварҳои дигари хурдтар талош доранд, тавоноии Амрикоро рахна кунанд, мавқеи раҳбарикунандаи онро шикананд ва сохтори нави зидди ғарбиеро созмон диҳанд.”

Дар воқеъ, “наздикии рӯзафзун”-и Чину Русия танҳо бо канори ҳам истодани ду раҳбар дар паради ҳарбии Русия маҳдуд намешавад. Ба ақидаи ин таҳлилгарон, меҳвари Маскав-Пекин ҳоло дар ҳамаи риштаҳо зидди Амрико амал мекунанд. Аз ҷумла дар таҳким ва рушди нерӯҳои ҳарбӣ, роҳандозии тиҷорат, таъсиси ниҳодҳои молиявии алтернативӣ, ҳимоят аз кишварҳое, ки сиёсати зиддиғарбӣ доранд ва ҳамоҳангии тамоми ду кишвар дар созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои Амнияти Созмони Милал.

Ба андешаи бисёре аз коршиносон наздикии амалии Русия ва Чин баъд аз рӯйдодҳои Украина ба мушоҳида расид. Таҳримҳои Ғарб Маскавро маҷбур кард, рӯ ба Осиё орад. Аввалин додуситади “маҷбурӣ” ҳангоми имзои созишномаи фурӯши гази Русия ва Чин дар соли 2014 ба вуқӯъ пайваст. Чин аз “тангдастиҳо”-и Русия истифода кард ва гази Русияро бо нархи арзон харидорӣ намуд, зеро Маскав ба чандсад миллион доллари Чин дар марҳила эҳтиёҷ дошт.

Дар дидори Маскав Путин ва Ҷинпин ба тавофуқ расиданд, ки тарҳи Роҳи Нави Абрешими Чин ба сӯи Аврупо бо тарҳи путинии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки ҳоло Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистогн узви онанд, ҳамроҳ карда шавад. Тарҳи Чин қарор аст, на танҳо ин кишварҳо, балки ҳамчунин Тоҷикистону Узбакистон, Афғонистон, Туркманистон, ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Украинаро низ фаро гирад.

Гоми дигари амалии тарафҳо ин аввалин машқҳои ҳарбии обии Русия ва Чин дар Баҳри Миёназамин хоҳад буд, ки вазири дифои Русия Сергей Шойгу онро “талоши бунёди низоми амнияти минтақаӣ” унвон кард. То ҳоло ҳарбиёни ду кишвар якҷо бо низомиёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ размоишҳо баргузор кардаанд.

Таҳлилгари The Financial Times Гвидон Раҳмон менависад, “зоҳиран, ҳарду, ҳам Русия ва ҳам Чин озурдагиҳои ҳамсоне аз ИМА доранд. Ба вижа онҳо асабонӣ мешаванд, ки Амрико барояшон имкон намедиҳад, бар давлатҳои ҳамсояашон ҳокимият ронанд. Вале, ба назаор мерасад, Чин бо Русия бозии дугонаеро пеш мебарад.”

Ишораи коршинос бар он аст, ки “Русия хеле сусттар аз Чин аст”, ба ин сабаб Маскав ба нархи барояш беманфиати газ розӣ шуд ва Пекин исрор дорад, ки барояш силоҳи навтарин фурӯхта шавад.”

Осиёи Марказӣ барои ду тараф арсае хоҳад буд, ки нерӯи иттиҳоди онҳоро дар баробари Ғарб ба намоиш хоҳад гузошт. Русия ба нигоҳ доштани нуфузи худ дар ин минтақа талош дорад, аммо Чин бо тамоми нерӯ ҳузурашро дар он густариш медиҳад. Дар ҳоле ки таҳримҳо ва бӯҳрон зарфиятҳои молии Маскавро дар ин ҷо маҳдуд кардаанд, имкониятҳои молии Пекин барои тавсеи ҷойгоҳи иқтисодияш дар Осиёи Марказӣ тақрибан бебаркашанд.

Оё ин дар “иттиҳоди нави Чину Русия” рахнае ба миён намеорад? Коршиноси тоҷик Собир Ризоев мегӯяд, "ҳарчанд Русия аз густариши ҳузури Чин дар Осиёи Марказӣ изҳори нороҳатӣ намекунад, матолиби расонаҳои русӣ баёнгари ин аст, ки дар Маскав аз ин раванд чандон хушнуд нестанд. Барои давлатҳои минтақа бошад, махсусан барои онҳое, ки бо сиёсати дарҳои боз пеш мераванд, ин беҳтарин фурсати кашидани манфиат аз ҳарду ҷониб ва ҳам қудратҳои дигар аст.”

Хабарнигори The Independent Питер Попэм менависад, наздикии Чину Русия пойдевори устувор надорад ва биноан, дарозмуддат нахоҳад буд, зеро тарафҳо нобаробаранд. Ба ақидаи ӯ, ин наздикӣ бештар як намоише барои Амрико ва Ғарб аст ва фишори Пекин рӯзе Маскавро маҷбур хоҳад кард, ки дубора ба Аврупо рӯй орад.

Вале ин пешгӯии таҳлилгари бритониёӣ мумкин аст, баъд аз хатми мушкили Украина ё мумкин аст, дар заминаи ҳалли он иттифоқ афтад.

НАЗАРИ КОРШИНОСИ РАДИОИ ОЗОДӢ​

Мирҳат Шарифҷон: “Ба назари ман, ҳузури Ҷинпин ва Бан Ки Мун дар Маскав танҳо баёнгари он аст, ки Путин мехоҳад, аз ин роҳ машруъияти ҳукуматаш дар Русия ва пештар аз ҳама қонунмандии сиёсати пешгирифтааш нисбат ба Ғарбро дар нишон диҳад. Ҳузури Бан Ки Мун ба андешаи ман пеш аз ҳама нишон додани он ба мардуми Русия аст, ки ҳар коре, ки Владимир Путин мекунад, дуруст аст ва дар канори ӯ Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал қарор дорад, ӯро дастгирӣ мекунад. Раиси ҷумҳури Чин ҳам бо хостаи Владимир Путин дар назди ӯ нишаста буд. Ба назари ман Путин мехост, аз ин роҳ нишон диҳад, ки мо дар баробари Ғарб дар Шарқ ҳам муттаҳидони худро дорем. Яъне намояндаи як кишвари бузург ҳамроҳи мост ва мо як ғалабаи бузургро таҷлил мекунем. Бояд як чизеро зикр кунам, ки Русияву Чин ҳоло ҳамвазн нестанд. Чин дар баробари ҷомеаи байналмилалӣ назар ба Русия бозтар аст. Дар Чин ҳама чиз истеҳсол мешавад, сар аз либос то ба абзори электронӣ ба мисли Айфон. Дар Русия ин чизро намебинед. Дигар ин ки таърих нишон додааст, ки ҳампаймонии Русияву Чин то ҳадде мерасад ва сипас тамом мешавад, чунки бархӯрди манфиатҳо дар байни ду тараф зиёд аст, сар аз Осиёи Марказӣ, то ба Сибир ва Шарқи дур.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷинпин дар паҳлуи Путин. Мароми сиёсӣ ё як худнамоӣ?

Радиои Озодӣ: ​Дар масъалаи паради ҳарбӣ матбуоти ғарбӣ навиштааст, ки Русия хост, бо истифода аз фурсат дигарбора қудрати низомии худро нишон бидиҳад? Назари шумо дар ин бора?

Мирҳат Шарифҷон: “Албатта ҳамеша ин гуна буд. Бояд гуфт, ки то соли 1965, рӯзи ғалабаро дар Иттиҳоди шӯравӣ ҳамчун ҷашн таҷлил намекарданд. Ҷашни саросарии ғалаба бар Олмони фашистиро дар аҳди Никита Хрушёв, раҳбари пешини ин иттиҳод шурӯъ карданд ва дар замоне, ки мухолифати Шӯравӣ бо Ғарб авҷ мегирифт. Ҳарчанд бояд гуфт, ки то ҳадде дар муносибатҳои ду тараф гармӣ ҳам мушоҳида мешуд, Хрушев ба Амрико рафт, таҷрибаи онҳоро омӯхт, дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ ҷуворимакка кишт кард, дастур дод, ки телевизионҳои ранга сохта шавад. Ҳамаи ин фаҳмо аст, вале маҳз дар аҳди Хрушев таҷлили ҷашни ғалабаро шурӯъ карданд ва маҳз барои онки нишон ба Ғарб нишон диҳанд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ қудратманд аст. Барои ҳамин тамоми раҳпаймоиҳои низомӣ дар Иттиҳоди Шуравии собиқ ва қаламравҳои собиқи шӯравӣ ва бахусус дар Русия як навъ нишон додани қудрати низомӣ ва аслиҳаест, ки Русия дар ихтиёр дорад.“