Тавофуқи Путин ва Эрдуғон барои хатми танишҳо миёни ду кишвар

Президентҳои Русия ва Туркия пас аз чанд моҳи танишҳои дипломатӣ дар равобити ду кишвар, рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми июн дар бораи барқарории муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла мубориза бо терроризм тавофуқ карданд ва гуфтаанд, ки мехоҳанд бо ҳам дидори рӯбарӯ дошта бошанд.

Баъд аз сарнагун шудани як ҳавопаймоии ҷангии Русия аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Туркия дар моҳи ноябри соли гузашта дар наздии марзи Сурия, муносибати Маскав ва Анқара тира шуда буд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия ин ҳафта дар номае ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ дар мавриди он ҳодиса изҳори таассуф кард. Раиси ҷумҳури Русия низ гуфт, ин нома шароити муносибро барои хотима додан ба ин "фасли бӯҳронӣ" дар муносибатҳои ду кишвар, фароҳам кардааст.

Русия ва Туркия эълон карданд, ки президенҳои ду кишвар рӯзи чаҳоршанбе бо ҳам гуфтугӯи телефонии созанда доштаанд.

Қасри Кремл дар баёнияе эълом кард, ки оқои Путин ба ҳукумати он кишвар дастур хоҳад дод, то гуфтугӯҳо бо Туркия барои барқарор кардани робитаҳои тиҷоратиро, ки барои ҳар ду тараф муфид аст, оғоз карда ва маҳдудиятҳоеро, ки дар мавриди сафари сайёҳони рус ба Туркия муқаррар шуда буд, лағв кунад.

Дар ин баёния аз ҷумла гуфта мешавад, ки "гуфтугӯҳо дар умум созанда ва амалӣ ва ҳадафи он, эҳёи фазои дӯстона барои ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф буд."

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Туркия низ ин гуфтугӯро "бисёр мусбат ва самарбахш" хондааст. Ба гуфтаи онҳо, интизор меравад раҳбарони ду кишвар дар ҳошияи Иҷлоси кишварҳои Гурӯҳи-20, ки моҳи сентябр дар Чин баргузор мешавад, дидору гуфтугӯ кунанд.

Владимир Путин дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба ҳамтои турки худ Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Истамбулро, ки бар асари он беш аз 40 нафар кушта ва беш аз 200 нафари маҷрӯҳ шудаанд, тасаллият гуфтааст. Ба гуфтаи дафтари раёсати ҷумҳури Туркия, раҳбарони ду кишвар дар робита ба ҳамкории муштарак дар мубориза бо терроризм таъкид кардаанд.

Путин ба оқои Эрдуғон гуфт, ки умедвор аст, парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди Туркия, ки халабони русро ҳини бо чатр ба замин фуруд омадан ба қатл расонида буд, бетарафона баррасӣ намоянд.

Ҳукумати Туркия гуфтааст, ки ҳавопаймои русӣ вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуда буд ва сарнагун кардани он, як кори дуруст буд. Дар муқобил ҳукумати Русия вуруди ҳавопаймоҳои худ дар қаламрави Туркияро рад карда буд.

Раҳбарои Русия ва Туркия ба созиш расиданд, ки вазирони умури хориҷии ду кишвар дар ҳошияи як нишасти минтақавӣ, ки ин ҳафта дар Сочӣ баргузор мешавад, мулоқот намуда ва дар мавриди таҳаввулоти Сурия ва тавсеаи робитаҳои дуҷониба гуфтугӯ кунанд.

Русия дар ҷанги дохилии Сурия аз ҳукумати Башор Асад дифоъ мекунад, дар ҳоле, ки Туркия ҳамроҳ бо муттаҳидони ғарбии худ аз нерӯҳои мухолиф, ки хоҳони сарнагунии раҳбари Сурия ҳастанд, ҳимоят мекунад.