Мадонна ба озодшавии аъзои гурӯҳи мусиқии Pussy Riot даъват кард

Овозхони маъруфи попи Амрико гуфт, озодии баён ҳақи инсонии ҳар фард аст.
Мадонна, овозхони маъруфи амрикоӣ дар консерти шаби гузаштааш дар Маскав бо истифода аз фурсат аз мақомоти Русия даъват кард, ки ба озодии баён арҷ гузошта се узви гурӯҳи мусиқии Pussy Riot-ро аз зиндон озод кунанд.

Даъвати Мадонна дар ҳоле садо дод, ки рӯзи чоршанбе, дар рӯзи ҳаштуми мурофиаи додгоҳии се хонуми овозхон додгоҳи Хамовническии Маскав онҳоро дар авбошӣ муттаҳам кард. Вакилони дифои ҷониби айбдоркунанда мегӯянд, ки иҷрои таронаи танқидкунандаи режими Путин аз ҷониби ин гурӯҳ дар дохили ибодатгоҳи Исои Наҷотбахш рӯзи 21 феврал “эҳсосоти мазҳабии” масеҳиёни провославро таҳқир кардааст.

Худи аъзои гурӯҳи мусиқӣ мегӯянд, ки ин амали онҳо ба маънои даъват ба хатми ҳукумати Владимир Путин дар Русия буд.

Суханронии Мадонна дар ҷараёни консерташ дар Маскав каме бештар аз шаш дақиқа тӯл кашид, вале зоҳиран ҳамин кофӣ буд, чун тарафдорони озодшавии аъзои гурӯҳи Pussy Riot базудӣ кафкӯбӣ карданд. Мадонна гуфт:


  • Ман мехоҳам, ки чанд ҷумла дар бораи Pussy Riot бигӯям. Ман шукр мекунам, ки аз як кишваре ҳастам, ки ба ман ҳақ медиҳад, ки назарамро баён кунам. Вале орзу ва хости ман ин аст, ки ҳар нафар дар саросари ҷаҳон чунин ҳақро дошта бошад, на танҳо дар ин ҷо, дар Русия, балки ҳамчунин дар Фаронса, дар Эрон ва дигар манотиқи ҷаҳон. Мо, ки инсон ҳастем, барои изҳор кардани назари худ ва бархӯрди инсонӣ ҳақ дорем.


Вай таъкид кард, ки ҳақи баён кардани назар бояд новобаста ба мухолифат ё норизоияти ҳукумат бо андешаи кас вуҷуд дошта бошад.


  • Чун як ҳунарманд, як инсон, як зан ман озодона назари худро баён мекунам, ҳатто агар дигарон бо ман мувофиқ набошанд. Ин аст демократия, - гуфт Мадонна.

Мадонна баъдан як-як номи аъзои боздоштшудаи гурӯҳи мусиқии Pussy Riot-ро ба забон овард ва гуфт, ки барои озодии онҳо даст ба дуо мебардорад:

  • Ман медонам, ки ҳар қисса чанд паҳлӯ дорад ва ман ба ҳеҷ сурат намегӯям, ки мо набояд ба калисо ё ҳукумат беэҳтиромӣ кунем. Вале, фикр мекунам, ки ин се духтар – Маша, Катя ва Надя як коре карданд, ки ҷасорат мехост. Фикр мекунам, ки онҳо аллакай қимати ин амали худро пардохт карданд ва ман барои озодии онҳо дуо мекунам.

Боздошт ва иттиҳоми гурӯҳи мусиқии хонумон маҳкумияти гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳонро ба бор овард.

Дирӯз дар додгоҳ додситон гуфт, ки гуноҳи Надежда Толоконникова, Мария Алёхина ва Екатерина Самутсевич собит шуда онҳо бояд мувофиқ ба ҷинояти содиркардаашон муҷозот шаванд. Ин се хонум моҳи марти имсол дар паи иҷрои таронаи танқидкунандаи президент Владимир Путин дар яке аз ибодатгоҳҳои маъруфи Маскав боздошт ва ба додгоҳ кашонда шуданд. Иттиҳоми расмии зидди хонумҳо авбошӣ ва таҳқири эҳсосоти мазҳабии пайравони дини масеҳӣ унвон шудааст. Мурофиаи додгоҳии онҳо рӯзи 30 июл шурӯъ шуд ва рӯзи сешанбе додгоҳи Хамовническии шаҳри Маскав ба шунидани далелҳои додситон ва вакилони дифоъ шурӯъ кард.

Рӯзи панҷшанбе дар номае, ки онро Times ба нашр расонд, 12 овозхони маъруфи ғарбӣ таъқиби се духтари узви гурӯҳи мусиқиро “як аблаҳӣ” унвон кардаанд. Дар миёни муаллифион ин нома исми аъзои гурӯҳҳои мусиқии маъруфи Pulp, Franz Ferdinand, The Smiths ёд мешаванд.

Дар посух Путин дар Лондон гуфт, ки хонумҳо набояд муҷозоти “шадид” бинанд ва умедвор аст, ки додгоҳ “қарори дуруст” содир хоҳад кард.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Pussy Riot дар ибодатгоҳи Исои Наҷотбахш