Пул ба ҷойи сарбозӣ дар Тоҷикистон тарафдор доштааст, вале ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷонибдорони тарҳи нави хидмат дар артиши Тоҷикистон

Теъдоде аз сокинони Душанбе аз пешниҳодҳо дар мавриди пардохти пул ба ҷойи хидмат ва ворид шудан ба ҳайати эҳтиётӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳоло ҳам имкон ҳаст аз ягон роҳе аз хизмат озод шуд, аммо ин роҳҳо ғайриқонунӣ аст. Онҳо пешниҳод доранд, ки беҳтар мебуд хизмати алтернативӣ роҳандозӣ шавад ва хоҳишмандон бо пардохти пул ба буҷаи кишвар ба хидмат нараванд.

Яке аз роҳгузарон дар Душанбе гуфт, "фикр мекунам, ҷавоне, ки намехоҳад хизмат кунад, намешавад ӯро маҷбурӣ ба артиш бурд. Бино бар ин, пешниҳоди хидмати пулакӣ ба манфиати кор аст. Чунин одамон аз хизмат озод ва ҳам кор қонунӣ мешавад."

"Онҳое, ки пул доранд, бе ин ҳам ба хизмат намераванд. Пас, бигзор ин маблағро ба давлат диҳанд. Ҳоло маълум нест, ин пулҳо куҷо мераванд, вале ба ҳар ҳол ин роҳ беҳтар аст", -- назар дод роҳгузари дигаре.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Касе хизмат кардан намехоҳад, пулро супорад равад, гардад"

Тағйирот ба лоиҳаи қонун дар бораи хизмати ҳарбӣ аз ҷониби вакилони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба мудофиа ва амният пешниҳод шудааст.

Ба бовари муаллифон, ин шакли хизмат метавонад, сафи ҷавононро дар нерӯҳои захиравӣ бештар кунад. Ҳар нафаре, ки бо пардохти маблағ аз хизмат озод шуд, сарбози захиравӣ мешавад. Тартиби пардохти маблағ ва ҷузъиёти дигари қонун ҳоло маълум нест. Маблағи хизмати ҳарбиро бояд ҳукумат муайян кунад.

Рустами Шоҳмурод, вакили порлумон, рӯзи 18-уми январ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар шарҳи масъала гуфтааст: "Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол… кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад. Бинобар ин, татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад."

Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик ба ин бовар аст, ки озод шудан аз хизмат ба ивази маблағ метавонад, ба қудрати артиш осеб расонад. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ӯ, бо ин шева танҳо ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба хизмат ҷалб хоҳанд шуд, ки як навъи табъиз аст. Вай мегӯяд, ҳоло маълум нест, қонун чӣ гуна татбиқ мешавад.

"Умед дорам, чунин нахоҳад шуд. Мантиқи ин кор маълум нест. Шаҳрвандонро набояд ба як манбаи андозсупорӣ ё пур кардани буҷаи давлат табдил дод. Набояд ин кор қонунӣ ва артишро табъизомез кард", -- мегӯяд вакили мудофеи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ Дилрабо Самадова.

Қонуни нав ‘’Дар бораи хизмати ҳарбӣ’’ кай тасвибу нашр мешавад ва оё тартиби хизмати пулакӣ ҳам ба он ворид мешавад ё не, ҳанӯз маълум нест. Вале ҳуқуқшинос Дилрабо Самадова мегӯяд, "агар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ барои таҳияи тарҳи қонун ҷалб нашаванд, ба эҳтимоли зиёд он лоиҳа табъизомез ва як роҳи пур кардани буҷа мешавад."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гапи Озод: Чаро сарбозшикор ва ё "облава" аз байн намеравад? ВИДЕОСарбозе, ки чор сӯзан хӯрда буд, барои саркашӣ аз хизмат 2,5 сол зиндон шуд"Гуфтанд, фарзанди шумо ҷони 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро харид, вале...""Облава"-и сарбози собиқ бо ҷанҷол хотима ёфт. Аз додситонӣ кумак хостанд. ВИДЕОАввал "облава", баъд ихроҷ аз донишгоҳ. Навгоние дар "сарбозшикор""Ба комиссариат оварданду гуфтанд, сарбоз овардем, қабул кунед” ВИДЕО