Қӯрғонтеппа Бохтар шуд. Сокинон чӣ мегӯянд? ВИДЕО

Бархе аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки аз табдили номи маркази вилояти Хатлон ба Бохтар огоҳ нестанд ва касе ҳам дар ин бора назари онҳоро напурсидааст.

Вакилон гуфтанд, ки халқ розист

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пеш аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми январ қарори ҳукумат дар бораи тағйири номҳои ҷуғрофии баъзе аз шаҳру ноҳия ва деҳоти вилояти Хатлонро имзо кард. Бино ба ин қарор, шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканду ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз шудааст.

Тобистони соли гузашта вакилони маҷлиси вилояти Хатлон аз тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияи Бохтар пуштибонӣ карда буданд. Онҳо гуфта буданд, ки сокинони минтақа дар як назарпурсӣ ба ин тағйирот ризоият додаанд.

Видео аз Қӯрғонтеппа:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қӯрғонтеппа Бохтар шуд. Сокинон чӣ мегӯянд?

"Аллакай номи Қӯрғонтеппаро иваз карданд?"

Яке аз роҳгузарон дар кӯчаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 23-юми январ ба суоли мо дар ин бора бо суол посух дод: "Аллакай Қӯрғонтеппа Бохтар шуд? Ман аз ин тағйирот хабар надорам ва чизе ҳам гуфта наметавонам.”

Мусоҳиби дигари мо дар маркази вилояти Хатлон ҳам аз ин тағйирот дар номи шаҳри худ изҳори тааҷҷуб кард ва гуфт, "номаш иваз нашавад, беҳтар аст. Бохтар ҷои дигар аст. Онҷо ноҳия аст. Инҷо шаҳр аст ва зодгоҳи моро бештар бо номи Қӯрғонтеппа мешиносанд". "Агар номи шаҳрро иваз карданӣ ҳастанд, бояд назари мардумро ҳам бипурсанд", - гуфт ҳамсӯҳбати дигари мо.

Шаҳри Қӯрғонтеппа. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Аммо дар ин радиф онҳое низ буданд, ки табдили номи шаҳру ноҳияҳро ба ӯҳдаи мақомот вогузоштанд ва ё аз чунин тағйиро ҳимоят намуданд. Яке аз сокинони Қӯрғонтеппа гуфт, "ин ном истилоҳи тоҷикӣ нест ва табдилаш баҷост. Агар аз рӯи истилоҳи забонӣ гирем, аз калимаи номи тоҷикӣ гирифта нашудааст. Омехта бо забони туркист. Фикр мекунам, Бохтар хуб аст."

Баҳси тақрибан 40 соли пеш

​Пешниҳоди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа бори аввал солҳои 80-уми қарни гузашта аз тарафи шуморе аз донишмандон дар матбуоти вақт ироа шуда буд. Минбаъд пешниҳод ва назару андеша дар мавриди тағйири номи ин шаҳр борҳо дар матбуот мунташир шуд.

Қӯрғонтеппа маркази вилояти Хатлон дар ҷануби ғарби Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш ва дар 100-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин шаҳр бо беш аз 100 ҳазор аҳолӣ, севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон мебошад. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, ақаллияти узбакҳо ва русҳо низ зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пеш аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод, аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимии Суғдро гирифт. Ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов иваз шуда, Табошаҳр ба Истиқлол табдил шудааст. Ноҳияи Куйбишеви пешин ҳоло номи Абдураҳмони Ҷомиро дорад.

Дар охирин мавҷи тағйири номҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон ду соли қабл номи шаш ноҳия – Ҷалолиддини Румӣ, Ҷилликӯл, Қумсангир, Шӯрообод, Тавилдара ва Ҷиргатол табдили ном карданд. Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷилликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ноҳияҳои Тавилдара ба Сангвор ва Ҷиргатол ба Лахш иваз карда шуданд.