Қаллобии як наврас аз номи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон

Хушдил Қурбонов.

Хонандаи синфи 10-и Мактаби байнулмилалии Душанбе худро писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррафӣ намуда, аз эҳтиёҷмандон ришва мегирифтааст ва ба мансабдорони давлат дастур медодааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти наврасе хабар медиҳад, ки худро писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррафӣ намуда, маблағҳои калон мегирифт ва ба мансабдорони давлат амру супориш медод.

Олим Забирзода, сухангӯи Оҷонсии зидди фасод рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, хонандаи мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе Хушдил Қурбонов худро Сомон – писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда, аз афроде пули зиёд гирифтааст ва ҳам ба мансабдорони давлат амру дастур додааст.

Шабакаи аввали Телевизони Тоҷикистон шоми дирӯз бо пахши гузориши Оҷонсии зидди коррупсия хабар дод, ки Хушдил Қурбонов ҳамроҳ бо хешованди худ Ҷӯрахон Холов эътимоди шаҳрванд Маҳамадризо Раҷабовро ба даст оварда, бо ваъда барои ӯ ҷудо кардани 0,30 гектар замин аз ҳудуди ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯ 50 000 доллар гирифтааст. Онҳо ба Раҷабов гуфтаанд, ки ба шахси масъул Сабзалӣ Маҷидов муроҷиат кунад.

Ин амалиро Хушдил Қурбонов дар соли 2014 анҷом додааст ва баъдан бо истифода аз номи писари президент ба амалҳоли қаллобии худ идома додааст. Хушдил Қурбонов аз номи Сомони Эмомалӣ ба ниёзмандон телефонӣ суҳбат намуда, зикр мекардааст, ки ба масъули идора дар тамос шуда, масъаларо ҳал кардааст ва ҳатман қитъаи замин ҷудо карда хоҳад шуд.

Тавре Оҷонсии зидди коррупсия дар гузориши худ хабар дод, феълан алайҳи Хушдил Қурбонов бо ҷурми қаллобӣ парванда боз карда, шуда тафтишот идома дорад. Ин оҷонсӣ аз тарафи Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон сарварӣ мешавад.