Ҳазорон мисрӣ истеъфои Муҳаммад Мурсиро талаб доранд

Ҳазорон нафар аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср рӯзи якшанбе бо талаби истеъфои ӯ, дар Қоҳира ва шаҳрҳои дигари ин кишвар ба кӯчаҳо баромаданд.
Ҳазорон нафар аз ҳаводорони Мурсӣ ҳам дар бархе аз минтақаҳо гирдиҳам омада ва ба ҷонибдории ӯ шиор сар медоданд. Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Мурсӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии “Guardian” таъкид кард, ки «интихоботи пеш аз муҳлат» вуҷуд нахоҳад дошт ва ӯ то поёни давраи раёсати ҷумҳурияш, дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.

Тазоҳуроти мухолифон дар нахустин солгарди интихоботи Муҳаммад Мурсӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Мухолифони Мурсӣ мегӯянд, ки ӯ на танҳо ба ваъдаҳои инқилоби дувуним соли пеши Миср, ки дар он низоми Ҳуснӣ Муборак сарнагун шуд, ҷомаи амал напӯшонд, балки аз қудрат ба фоидаи ҳизби худ, яъне гуруҳи «Ихвонулмуслимин» истифода кард.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идомаи эътирозҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира


Ба гузориши хабаргузории Франc-пресс, мухолифон дар ҳоле, ки парчамҳои Мисрро дар даст доштанд, фарёд мезаданд «бирав». Баргузоркунандагони тазоҳурот аз ду моҳи пеш ҷунбише бо номи «Тамарруд» (Исён) ба роҳ андохтанд. Онҳо иддао доранд, ки имзои 22 миллион нафар аз шаҳрвандони мисриро бо талаби истеъфои Мурсӣ ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии зудҳангом, ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар майдони «Таҳрир», ки маҳали аслии гирдаҳамоиҳо дар инқилоби Миср буд, ҳазорҳо нафар аз мухолифони Мурсӣ ҷамъ омададанд. Мухолифон бо роҳандозии тазоҳуроте аз манотиқи мухталиф, худро ба майдони «Таҳрир» расониданд.

Шабакаи хабарии Ал-Ҷазира гузориш додааст, ки даҳҳо ҳазор тан аз эътирозгарон, дар рӯбарӯи Қасри Иттиҳодия, яке аз кохҳои раёсати ҷумҳури Миср таҷаммуъ карданд. Ин дар ҳоле аст, ки аз се рӯз пеш, шуморе аз мухолифони Мурсӣ дар муқобили қасри раёсати ҷумҳурии ин кишвар хайма задаанд.

Нерӯҳои артиш ва пулис барои ҳимоят аз тазоҳуркунандагон дар ҳолати омодабош қарор доранд. Чархболҳои артиш низ барои таъмини амнияти тазоҳуркунандагон ва пешгирӣ аз ҳузури эъҳтмолии нишонзанҳо дар болои биноҳо, бар болои манотиқи тазоҳурот парвоз мекунанд.

Муҳаммад Ал-Бародаӣ ва Ҳамдин Саббоҳ, аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифони Миср ҳар дар тазоҳурот ширкат карданд. Бархе аз афсарони пулис низ бо мушорикати Аҳмад Ҷамолиддин, вазири корҳои дохилии пешини Миср ба эътирозкунандагон пайвастанд. Гузориш шудааст, ки бархе аз ҳунармандон, ҳуқуқдонон ва рӯзноманигорон низ тазоҳуроти монандро роҳандозӣ кардаанд.

Бо вуҷуди таъкид бар сулҳомез будани тазоҳурот, аммо тибқи гузоришҳо, дар баъзе манотиқ даргириҳо сурат гирифтааст. Ба гузориши хабаргузории «Аш-шарқ ал-авсат», вазорати тандурустии Миср аз захмӣ шудани ҳади ақал 174 нафар дар 7 вилоят хабар додааст.

Дар муқобил, даҳҳо ҳазор нафар аз ҳаводорони Мурсӣ дар Қоҳира дар майдони Робиаи Алъдавия таҷаммуъ карда, ҳимояти худро аз Муҳаммад Мурсӣ эълон карданд. Онҳо хостори эъҳтиром ба «машруъият» шуда ва таъкид мекунанд, ки Мурсӣ давраи раёсати ҷумҳури худро ба поён расонад. Ҳаводорони раиси ҷумҳури Миср мухолифони ӯро ба «кудато алайҳи машруият» муттаҳам мекунанд. Чанд гуруҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Миср ҳамзамон ҳимояти худро аз Муҳаммад Мурсӣ эълон кардаанд.