Рӯзи 27-уми феврал гурӯҳе аз баргузории нишасти фаъолони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ҷигавгирӣ карданд.
Муҳаммадшариф Набиев, раиси шӯбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ба «Озодӣ» гуфт ки ин гурӯҳ аз ду зан ва Иброҳим Исмоилов, собиқ сардори пулиси вилояти Кӯлоб, ҳамчунин яке аз саркардаҳои «Фронти халқӣ» бо раҳбарии собиқадорони ҷангу меҳнат Қурбон Асадулло иборат буд.
Ба қавли Муҳаммадшариф Набиев, ин бори савум аст, ки аз тарафи шахсони номаълум ва қисмате аз «дӯстонашон» барои гузаронидани ҷаласаи ҳизб монеа эҷод мекунанд. Инчунин ӯ иброз дошт, ки "барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии аъзоён, ин дафъа низ бо мактуб ба шӯъбаи амният, прокуратура, ҳатто шӯъбаи минтақавии ВКД-ро огаҳ карда будем, ки чунин як ҷаласа гузарониданием ва онҳо амниятро ба зимма бигиранд, вале масъулини ниҳодҳои зикршуда ба шӯъбаи мо ҳозир нашуданд."
Чунин усул ҳангоми баргузории ҷаласоти аҳзоб қаблан нисбат ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта буд, ки ҳолати ба амаловарда раҳбарияти ин ҳизбро водор намуда буд, то аз гузаронидани ду ҷаласа даст бикашанд.
Ба иттилои як аъзои дигари ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, онҳо ҷаласаи худро то ба охир гузарониданд ва аъмоли ин эътирозгарон барои анҷоми муваффақонаи ҷаласот монеа эҷод накард. Ҳатто баъд аз нишаст, роҳбарияти ҳизб ҳамаи эътирозгаронро қабул кард ва аз сӯҳбати эшон маълум буд, ки ба ҷуз дуои хайр ва тавсифи Муҳиддин Кабирӣ, дигар ҳеч сухане нагуфтанд.
Сарчашмаи таҳрики занон ва сабаби ин эътирозҳо то ҳанӯз барои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аъзоёни бахши кӯлобии он номаълум боқӣ мемонад.