Дар остонаи фурӯпошии СССР: Эътирозҳо дар Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ
Шаҳри Душанбе, намоиши эътирозӣ дар майдони Ленин. 15-уми феврали соли 1990
Талаби истеъфои Раҳмон Набиев дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон. 24-уми ноябри соли 1991
27-уми августи соли 1991. Маҷлиси калони миллӣ ба ҷонибдорӣ аз эълони истиқлоли Молдова. Қарори истиқлолро президиуми Шӯрои олӣ қабул кард
Митинге, ки онро Фронти мардумии Молдова даъват кард. Як талаби мардум додани мақоми забони давлатӣ ба забони руминӣ буд. Моҳи июни соли 1989
Тарафдорону мухолифони ҷудошавии минтақаи Назди Днестр аз ҳайати Молдова. 1-уми октябри соли 1991
Корпартоии коргарон дар майдони ба номи Ленини шаҳри Минск. Моҳи апрели соли 1991
Минск, 4-уми апрели соли 1991
Ҳазорҳо эътирозгар дар маркази шаҳри Алмато. 17-18-уми декабри соли 1986
Садҳо ҳазор сокини Эстония ва Литва дар як гирдиҳамоии бемисле аз назди манораи "Германи дароз" дар Таллин то манораи Гедиминас саф оростанд. Пеш аз ин намоишҳои эътирозии ташкилшуда аз ҷониби Иттиҳоди истиқлоли Литва барпо шуд. Акс аз 23-юми августи соли 1989, шаҳри Вилнюс
Тоторҳои Қрим дар намоиши эътирозӣ дар шаҳри Краснодар бозгардондани қаламравҳои бобоии худро талаб доранд. Ин аввалин намоиши калони эътирозӣ буд, ки дар борааш матбуоти Шӯравӣ хабар дод. 6-уми марти соли 1988
Эътироз дар Киев аз ҷониби ҳаракати миллии "Рух" ташкил шуд. 23-юми октябри соли 1989
Се миллион сокини Украина аз Лвов то Киев саф ороста, солгарди муттаҳидшавии Ҷумҳурии Мардумии Украина ва Ҷумҳурии Ғарбии Мардумии Украинаро дар соли 1919 ҷашн гирифтанд. 21-уми январи соли 1990
Киев, 21-уми январи соли 1990
10-уми апрели соли 1991. Сарбозе аз эълони истиқлоли Гурҷистон ба рақс даромад
Маросими рамзии дафни СССР-ро Иттиҳоди ҷавонони Украинаи мустақил ташкил кард. 30-юми сентябри соли 1990
Талаби истиқлолияти Украина аз СССР. 30-юми сентябри соли 1990
Тонкҳо дар хиёбони Калинини шаҳри Маскав дар ҷараёни талоши ғасби қудрат кардани гурӯҳи тарафдорони ҳифзи СССР. Моҳи августи соли 1991
Сокини Боку расми Ленинро бармечинад. 21-уми сентябри соли 1991 - як моҳ баъд аз эълони истиқлоли Озарбойҷон
Ин зан дар намоиши эътирозии ба зидди ғасб шудани бинои телевизиони Вилнюс аз ҷониби артиши Шӯравӣ ширкат мекунад. Литва аллакай истиқлолашро эълон кардааст. Маскав, 13-уми январи соли 1991