Додситонӣ ба таҳқиқи парвандаи видеоҳои баҳсбарангез идома медиҳад

Дар ин наворҳо маҳбусони зиндони Хуҷанд дар бораи бадрафториҳои масъулини маҳбас гузориш додаанд.
Масъулони Додситонии назоратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, таҳқиқи парвандаи пахши видеои баҳсбарангез роҷеъ ба шиканҷа шудани маҳбусон дар зиндони Хуҷанд идома дорад ва пеш аз итмоми он аз нашри ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ мекунанд. Муовини прокурори назоратии Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Азизов, рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд парвандаи мазкур аз тарафи додситонии вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтааст, дар таҳқиқи он прокуратураи назоратии Додситонии кулли кишвар низ ширкат дорад. Биноан, кормандони он намояндагони расонаҳои ахбори омеро, ки ин видеоро пахш намудаанд, бозпурсӣ карданд.

Сухан аз як навори тақрибан яксоатаи видеоӣ меравад, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар баданашон нишон медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки баъд аз интиқол ёфтанашон аз маҳбасҳои Душанбе ба зиндони Хуҷанд шадидан мавриди латукӯб қарор гирифтаанд. Ин навор дар моҳи декабри соли гузашта дастраси расонаҳои ахбори ом гашт ва сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Садриддин Тошев

Бар пояи парвандаи таҳқиқи он алҳол ду маҳбуси зиндони Хуҷанд - Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ба "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" айбдор мешаванд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонӣ бар асоси наворҳои видеоие парванда боз кардааст, ки дар сомонаҳои интернетии «Азия Плюс» ва Радиои Озодӣ пахш шудаанд. Вай афзуд, бино бар имзо кардани забонхатти махфӣ доштани ҷузъиёти парванда ҳаққи пахши маълумоти бештарро надорад, вале метавонад бигӯяд, ки Тошев ва Ризоев ба он муттаҳам мешаванд, ки қасдан ҳамдигарро латукӯб карда, сипас пайи зарбаҳоро бо телефони ҳамроҳ ба навор бардоштаанд, то маъмурияти маҳбас ва кормандони онро дар шиканҷа айбдор кунанд.

Аммо Абубакр Қулматов, вакили дифои Суннатулло Ризоев, мегӯяд, ҳарчанд Додситонии вилояти Суғд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро айбдор мекунад, ки ҳамдигарро гӯӣ бо «шланг» ё лулаи резинӣ зада, бадани худро сиёҳ кардаву банавор гирифтаанд, далеле барои исботи ин иттиҳом дар даст надорад:

«Далелҳое, ки додситонии вилоятӣ пешниҳод кардааст, асоси воқеӣ надоранд. Онҳо мехоҳанд айби кормандони маҳбаси Хуҷандро, ки бо маҳбусон бадрафторӣ мекунанд, пӯшонанд. Бо назардошти ин, мо ба Додситони вилояти Суғд ариза пешниҳод карда, бо далелҳои рӯшан нишон додем, ки ҳам Суннатулло Ризоев ва ҳам дигар маҳбусҳо дар ин зиндон лату кӯб ва шиканҷа мешаванд ва зарурати боз кардани парванда бо иттиҳоми шиканҷаро зикр кардем, аммо то ҳоло Додситонии вилояти Суғд хомӯш аст ва ҳеҷ посухе надодааст».

Бо пахш шудани навори видеоӣ созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ ба Додситонии кулл ва Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки онҳоро барои вуруд ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд ва мулоқот бо маҳбусон иҷозат диҳанд, аммо то кунун посухе дарёфт накардаанд.

Наргис Зокирова

Наргис Зокирова, раиси Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд:

«Пас аз пахш шудани навори латукӯби маҳбусон дар зиндони Хуҷанд, волидони маҳбусон ин наворро барои мо оварданд. Ва мо ба Додситони кулл ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқии Тоҷикистон муроҷиат намудем, ки моро иҷозат диҳанд, аз зиндони Хуҷанд дидан кунем, вале то ҳол ҷавобе нест. Аммо сарфи назар аз ин, мо музокира бурда истодаем, ки аз аҳволи зиндониҳо ва қазияи навори видеоӣ бо худи маҳбусон сӯҳбат кунем».

Дар ҳамин ҳол, волидони маҳбусон Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев аз он норзиянд, ки додситонӣ ба ҷои тафтиши мавридҳои шиканҷаи маҳбусон, баръакс ба он саргарм аст, ки муаллифони навор ва чӣ гуна пахш шудани онро муайян намояд. Бадриддин Тошев, падари Садриддин Тошев мегӯяд, ки писари вай на дар ин наворҳо ҳаст ва на дар пахши онҳо даст дорад, лекин додситонӣ алайҳи вай парвандаи “ғайриқонунӣ” боз кардааст ва талош дорад, чашми маҳбусони азияткашидаро тарсонад. Вай афзуд: “Дар моҳи феврал ман ба Хуҷанд рафтам ва бо писарам Садриддин ҳамсӯҳбат шудам. Писарам мегӯяд, ки барқасдона алайҳи вай парванда боз кардаанд, ки гӯё вай дар бораи вазъи дохилии маҳбас хабари бардурӯғ пахш карда бошад. Писари ман гуфт, ки ин ҳама идомаи қазияи Ҳамза Икромов мебошад, ки чаро вай ба журналистон дар бораи латукӯби Ҳамза хабар додаст. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳама дурӯғ аст”.

Зоҳиран мақомот Тошевро пешвои маҳбусони норозӣ мешуморанд, чун солҳост, барои ҳаққи худ талош мекунад ва мегӯяд, бисёре аз иттиҳомоти зидди ӯ аз ибтидо бепоя буданд.

Наздикони Ҳ.Икромзода дар мулоқот бо раиси маҳбасҳо И.Шарифов

Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷашуда моҳи декабри соли 2012 дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе дар моҳи октябр наздик ба 50 маҳбус аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шуданд. Дар ҳоле, ки наздикони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид, мақомот гуфтанд, ки ин зиндонӣ даст ба худкушӣ зад. Наздикони Икромзода гуфтанд, ки зиндониҳои аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолёфта дар асл шоҳидони латукӯбҳои шадиди фарзандашон будаанд. Зиндониҳо дар наворҳои видеоӣ нақл кардаанд, ки баробари ба Хуҷанд оварда шуданашон мавриди латукӯби шадиди кормандони маҳбаси Хуҷанд қарор гирифтаанд.

Моҳи ноябри соли гузашта пайвандони маҳбусон дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада, талаб карданд, ки интиқоли фарзандонашон ба Хуҷанд ва шиканҷа шудани онҳоро шарҳ диҳанд. Мақомот шиканҷа шудани зиндониҳоро рад карда гуфтанд, ки интиқоли маҳбусон ба Хуҷанд дар доираи тадобири муқаррарии зиндонҳо гирифта шудааст.