Додситонӣ задухӯрди мусаллаҳонаи назди бозори "Ҳоҷӣ Шариф"-ро таҳқиқ мекунад

Бозори "Ҳоҷӣ Шариф" аз маконҳои калонтарини тиҷоратӣ дар минтақаи Хатлон ба шумор меравад

Дар пайи як задухӯрди мусаллаҳона дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ) се нафар, аз ҷумла як корманди пулис захмӣ шудаанд. Ҳодиса шоми 17-уми март дар назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф” рух дод.

Лекин ба хотири халал нарасонидан ба тафтишот мо пурра дар бораи ҳодиса маълумот дода наметавонем

Иброҳим Нусратзода, додситони шаҳри Бохтар рӯзи 18-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин занозанӣ аз таппонча истифода кардаанд.

Масъулони беморхонаи вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар гуфтанд, ки Довар Солеҳов, майори милиса, сардори бахши ҷустуҷуии ҷиноии ШКД-и шаҳр ва Масрур Солеҳзода, бародари ӯ ва, Бахтовар Саъдуллоев сокини дигари шаҳр бо ҷароҳат дар бадан ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Додситони шаҳри Бохтар гуфт, аз рӯйи далелҳои ибтидоӣ корманди милиса дар он ҷо барои иҷрои вазифаи хидматӣ қарор дошт.

“Парванда нисбат ба ҳодиса боз шуда, тафтиш давом дорад. Лекин ба хотири халал нарасонидан ба тафтишот мо пурра дар бораи ҳодиса маълумот дода наметавонем,” - гуфт Иброҳим Нусратзода, додситони шаҳри Бохтар.

Дар беморхонаи вилоятии шаҳри Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Довар Солеҳов, корманди пулис аз косахонаи сараш осеби сабук дидааст ва ҷароҳати бародараш - Масрур Солеҳзода низ хавфнок арзёбӣ намешавад.

Бахтовар Саъдуллоев, сокини шаҳри Бохтар аз шикамаш тир хӯрда, як қабурғааш шикастааст.

Мақомот расман сабаби занозании ду гурӯҳ, ки дар он корманди пулис низ ширкат доштааст, ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Аммо як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот бидуни зикри номаш гуфт, ки ҷанҷол бар сари пули қарз сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, Солеҳовҳо аз наздикони масъулони бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ҳастанд. Пайвандии онҳо ба масъулони бозорро ҳанӯз манобеи расмӣ рад ё тасдиқ накардаанд.

Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон наздик ҳастанд, тааллуқ дорад.

Маълум нест, ки таппончаро танҳо корманди пулис истифода кардааст ё гурӯҳи дигар низ бо худ силоҳ дошт.