Полк-ҳанг, полковник - сарҳанг ва генерал-майор – гундсолор?

Кумитаи забон ва истилоҳот бо дархости вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз пайи ҷустуҷӯ ва таҳрири рутбаҳои ҳарбии низомиёни тоҷик шудааст. Дар сурати қабул ва тасдиқ шудани истилоҳҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, низомиёни тоҷик бояд бо рутбаҳои "генералу полковник", ки мероси замони шӯравӣ ва иқтибос аз забони русӣ аст, "хайрухуш" кунанд.

Бархе аз донишмандони тоҷик мегӯянд, ки ин масъала хеле печида аст ва ба тоҷикӣ табдил кардани истилоҳҳои ҳарбие, ки ҷойгузини истилоҳҳои роиҷгаштаи сад соли охир шаванд, кори саҳле нест.

Вале аз ҳоло маълум аст, ки дар миёни худи донишмандони забон дар ин кумита, дар масъалаи бозгардони рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ иттифоқи назар вуҷуд надорад. Гулҷаҳон Маҳмадёрова, як масъули Раёсати танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи табдили рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ мояи баҳси гарми шӯрои онҳо шуд, ки ҳама иборат аз донишмандони забоншинос будааст.

Ӯ гуфт, Шӯрои ҳамгунсозӣ аз олимони забон иборат аст ва айни ҳол ин шӯро масъалаи табдили рутбаҳои ҳарбиро баррасӣ дорад ва дар рӯзҳои наздик дар асоси хулосаи олимон пешниҳодҳоро ба вазорати мудофиа ирсол мекунанд. Ба гуфтаи вай, аммо бархе аз олимон, аз ҷумла Анвар Сулаймонов, ба ин назар ҳастанд, ки номи рутбаҳо байналмилалӣ ҳастанд ва зарурат ба табдили онҳо нест. Гулҷаҳон Маҳмадёрова гуфт, донишмандони дигар ҷонибдори табдили рутбаҳо ба забони тоҷикӣ ҳастанд ва гузинаҳои алоҳидаро пешниҳод доранд.

Тоҷикистон пас аз суқути шуравӣ номи унвонҳои ҳарбиро ҳам ба ҳамон истилоҳҳои русиаш ҳифз кард. Ҳамонгуна, ки дар Русия истилоҳҳои капитану полковнику генерал роиҷ аст, дар Тоҷикистон ҳам ҳамонгуна ном бурда мешавад. Умед Ҷайҳонӣ, забонпажӯҳи тоҷик мегӯяд, қонунҳои Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додаанд ва аз ин рӯ вожаҳову истилоҳоти корбурдии нерӯҳои мусаллаҳ низ бояд миллӣ бошанд.

Умед Ҷайҳонӣ, забонпажӯҳи тоҷик.

Ӯ гуфт, тоҷикҳо аз қадимтарин замонҳо артишдорӣ кардаву вожаву истилоҳоте дар забони худ доранд, ки ҷойгузини вомвожаҳои русӣ шаванд. Чунончи, артиш, сипоҳ, лашкар, гунд, ҳанг, гурдон, вашт, таҳм, гурӯҳ ва рада дорем, ки ба тартиб бо армия, корпус, дивизия, бригада, полк, баталйон, рота, взвод, отделение ва звено баробар ҳастанд. Ба гуфтаи вай, аз ин истилоҳот, ки номи ягонҳои артишӣ ё воҳидҳои низомӣ ҳастанд, ба тартиб барои фармодеҳонашон дараҷа ё рутбаҳои артишсолор, сипаҳсолор, лашкарсолор, гундсолор, сарҳанг, саргурд, сарвашт, таҳмбон, гурӯҳбон ва радабонро сохтаанд.

Ҷайҳонӣ мегӯяд, генералҳое, ки исрор доранд нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бояд рутбаҳои ҳарбии русиро нигаҳ доранд, "иштибоҳ мекунанд". Чун, ба гуфтаи ӯ, "Тоҷикистон Русия нест, ки артишаш полковнику подполковнику прапоршику старшинаву рядовой дошта бошад, ки ҳамагӣ вожаҳои русӣ ҳастанд".

Стройся - Саф каш! Направо! - Ба рост!

Сайфиддин Назарзода, донишманди забон ва узви шӯрои истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, ӯ шахсан дар аввали солҳои 2000-ум барои ба тоҷикӣ баргардонидани оинномаи Вазорати мудофеа ширкат карда буд ва бисёре аз фармонҳои низомӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Сайфиддин Назарзода, донишманди тоҷик.

Ӯ ба ёд меорад, ки "ҳамон замон мо, масалан, фармонҳое мисли “стройся”, “направо”, “налево!”-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардем ва он аллакай роиҷ гаштааст. Аммо масъалаи рутбаҳо хеле мураккаб аст. Баъди давлати Сомониён ҳамлаи муғулон буд, охири асри 18-19 турктозиҳо сурат гирифт. Бинобар ин, агар мо ба истилоҳҳои ҳарбии 100 соли пеш назар кунем, ҳамагӣ туркиву муғулианд- туркбошӣ, ясавулбошӣ, қушбегӣ... Мо ин истилоҳҳоро қабул карда наметавонем."

Назарзода афзуд, ин масъала хеле печида аст ва барои ба тоҷикӣ табдил кардани истилоҳҳои ҳарбие, ки ҷойгузини истилоҳҳои роиҷгаштаи сад соли охир шаванд, кори саҳле нест.

Саиданвар Камолов: Мо генерал боқӣ мемонем!

Саиданвар Камолов, раҳбари собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.

Генерал Саиданвар Камолов, раҳбари собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муқобили тарҷумаи таҳтуллафзии калимаву истилоҳти байналмилалӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки на ҳама вақт маънои онро ба пуррагӣ баён мекунад.

Ӯ гуфт: "Масалан, аэропортро фурдугоҳ ном карданд. Лекин аэропорт танҳо макони фурудоӣ нест, макони парвоз низ ҳаст. Барои ҳамин, дар масъалаи тарҷумаи рутбаҳо низ бояд назари ҳуқуқшиносон ва низомиён ҳам пурсида шавад, то ки истилоҳи қабулшуда қобили қабули ҳамагон гардад".

Камолов афзуд, ҳамсафони ӯ ба истилоҳҳои генералу полковник ва мисли ин одат кардаанд. "Тавре мегӯянд, қонун қувваи баръакс надорад. Агар истилоҳҳои нав қабул ҳам шавад, чун дар фармони додани рутбаҳои мо генерал омадааст. Мо генерал боқӣ мемонем"-, хулоса кард Камолов.