Ҳаҷви паёмбар дигарандешии мазҳабиро имтиҳон мекунад

Гурӯҳе аз муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи фанҳои Тоҷикистон нашри тасвирҳои танзомези Паёмбарро озодии баён хондаанд.

Шодӣ Атоӣ, як корманди ин марказ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «мо нашри карикатураро нисбати тамаддуне, фарҳанге ё шахсияти волое озодии баён мехонем». Ин назари гурӯҳе аз муҳаққиқон аст, ҳарчанд, ба иқрори ӯ, Марказ ҳанӯз хулосаи расмиии худро дар мавриди нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи «Шарлӣ Эбдо» ироа накардааст.

Шодӣ Атоӣ меафзояд, барои ҷомеаи Тоҷикистон шояд нашри ин гуна тасвирҳо ғайримуқаррарист, вале барои ҷомеаи Аврупо ин як амри маъмулист ва «он ҷо на фақат ба эҳсосоти мазҳабии мусалмонҳо, балки ба эҳсосоти насрониҳо ва шахсони обрӯманди ҷомеа ҳам мерасанд».

МУСАЛМОНҲО БА ТАФАККУРИ ИНТИҚОДӢ ОДАТ КУНАНД

Аз нигоҳи муҳаққиқи тоҷик, «дар ҷомеае, ки арзишҳои динӣ ва Худосолорӣ вуҷуд дорад, камбудиҳои ҳам раҳбарон ва Паёмбарҳоро нодида мегиранд" ва «фақат бо ошкор кардани камбудиҳои ҳар дин, ҳар фарҳанг, ҳар тамаддун мо метавонем ҷомеъае бисозем, ки он ҷо арзишҳои олии инсон шакл мегиранд». Ҳамзамон, ба гуфтаи гуфтаи Шодӣ Атоӣ, дар кишварҳои исломӣ ҳам мардум бояд ба тафаккури интиқодӣ одат кунанд».

Нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фароснавии «Шарлӣ Эбдо» баъд аз ҳамла ба идораи ин маҷалла рӯзи 7 январ ва кушта шудани нисфи кормандони он, мавҷи нави эътирозу хушунатро дар кишварҳои мусалмоннишин доман зад. Дар бештари ҳолатҳо мусалмонҳо ҳам куштори хабарнигорон ва ҳам нашри карикатураи навро маҳкум карданд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоиши дастаҷамъии маҳкумсозии нашри карикатураи нави Паёмбари ислом фақат дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мегӯяд, аз пуштибонии гурӯҳе аз олимони тоҷик аз нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи «Шарлӣ Эбдо» огаҳ аст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, "мо аз ин пеш надида будем, ки ҳамин афрод бо пуштибонӣ аз озодии сухан ва алайҳи хушунату зиндонӣ шудани хабарнигорони тоҷик садо баланд карда ё аз ҳукумат хостори мурооти озодии баён шуда бошанд”.

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ мутмаин аст, ки пуштибонии ин гурӯҳ аз масхараи Паёмбари ислом дар «Шарлӣ Эбдо» пуштибонӣ аз озодии баён нест, балки онҳо «фурсатро муносиб диданд, ки як бори дигар алайҳи ислом ва мусалмонҳо мавқеъгирӣ кунанд».

«Мо аз аввалин нафарҳое будем, ки куштори кормандони «Шарлӣ Эбдо»-ро маҳкум кардем ва зимнан, чаҳор сол пеш нашри аввалин карикатураи Паёмбар дар ин маҷалларо ҳам маҳкум карда будем, яъне мо ҳам муқобили хушунату зӯроварӣ ҳастем ва ҳам зидди таҳқиру масхара кардани арзишҳо ва муқаддасоти динӣ», меафзояд Муҳиддин Кабирӣ. Сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, “аз нигоҳи мо, озодии як шахс, озодии як расона, озодии баён ё озодиии сухан дар ҳамон ҷо тамом мешавад, ки озодӣ ё арзишҳову муқаддасоти нафари дигар оғоз шавад. Бояд марзҳоро риоя кард, набояд зери пӯшиши озодии баён муқаддасоти дигарон тавҳин шавад».

Саидаҳмади Қаландар, таҳлилгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки назари донишмандони тоҷик назари як гурӯҳи на он қадар бузург аст, аксари мардум мутмаинанд, ки озодии баён ҳадду ҳудуд дорад. Ҳатто Попи Рум изҳор намуд, ки барои тавҳин бояд интизори посух хоҳад буд ва гуфт, “агар касе модари маро дашном диҳад, бояд омода бошад, ки ман силие ба рӯяш мезанам”. «Поктарин чиз дар вуҷуди инсон марому ақидааш аст, ки онро аз падару модар ва молу сарваташ волотар медонад. Вақте, ки як кас ба марому ақидаи инсон латма мазанаду онро таҳқир мекунад, ӯ аз ҳама марзҳои эҳсосот берун мешавад».

ПУШТИБОНӢ АЗ КАРИКАТУРАҲО - ДИГАРАНДЕШИИ МАЗҲАБИСТ?

Дар ҳамин ҳол иддае аз таҳлилгарон, пуштибонии гурӯҳи муҳаққиқони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ аз нашри тасвири Паёмбарро «дигарандешии мазҳабӣ» мехонанд. Як мусоҳиби мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, мардуми мо он қадар «шахшудаанд», ки аз ҳама гуна назари мухолиф ва ақидаи ҷудо аз арзишҳои мазҳабӣ зуд оташин мешаванд. «Ҳатто дар намоз агар касе баландтар «Омин!» гӯяд, ба тарафаш чунон нигаҳ мекунанд, ки гӯё гуноҳе карда бошад». Ӯ, ки худ аз нашри тасвирҳои Паёмбар нороҳат аст, бо вуҷуди ин мегӯяд, «мо дар ҷомеъаи дунявӣ ба сар мебарем ва бояд аз дигарандешӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, дигарандешӣ дар дину мазҳаб наҳаросем».

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, Ислом дигарандеширо мепазирад ва аммо «дар баъзе аз масъалаҳои ақидатӣ, бигирем, дар масъалаи имон ҷойи дигарандешӣ нест, зеро инсон ба Худо эътиқод дорад, Худоро ҳамон тавре, ки Паёмбар васф кардааст, мешиносад ё намешиносад… Ҳар касе берун аз шинохти қуръонӣ ва берун аз шинохти Паёмбар Худои дигареро бишносад, ӯ комилан аз эътиқоди динӣ берун рафтааст».

Вале дар масоили дигар – фиқҳӣ, иҷтимоӣ уламо ва фақеҳҳо метавонад назари хоси худро дошта бошанд. Як мусалмони оддӣ ҳам метавонад назари вижаи худро дошта бошад, агар ба масоили эътиқодӣ дахолат накунад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, баъзе аз гурӯҳҳо, аз ҷумла, Салафияро наметавон дигарандеш донист, зеро онҳо як бахши мусалмонҳоро кофир ва аз дин берун мехонанд, ки ин масъалаи эътиқодӣ аст, яъне вақте як мусалмон мусалмони дигарро барои андешаи ғайр кофир мехонад, ин аллакай на дигарандешӣ, балки масъалаи эътиқодӣ мебошад.

Ҷонибек Асрориён

Ҷонибек Асрориён, донишманди тоҷик, ҳам гурӯҳу ҷараёнҳои солҳои ахир,баъд аз таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ таъсисшударо дигарандеш намехонад. Аз сӯи дигар, ӯ аз он нигарон аст, ки «ҷараёнҳои нав миллатро ба эътибор намегиранд, барои пайравони онҳо андешаи мазҳабияшон аз ҳама чиз болотар аст». Ба гуфтаи Ҷонибеки Асрориён, ҳатто атеистҳо аз пайравони ин ҷараёнҳо беҳтаранд, зеро барои онҳо миллат дар мадди аввал қарор дорад». Ӯ меафзояд, «ислом на танҳо дин аст, балки дар тору пӯди мо танидааст ва он зиндагии мост. Ҷамъияте ё доирае берун аз дин дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надорад».

СУННИҲОВУ ШИАҲОРО "БЕГОНАҲО" ДУШМАН КАРДААНД?

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, «дини ислом аз рӯзи пайдоиш дар дохили худ гуногунандеширо ҷой додааст ва ҳатто дар мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоати мо ҳам аз қадим чаҳор мазҳаби фиқҳӣ амал мекунад, ки ҳар кадоми онҳо дар масоили марбут ба фиқҳ нуқтаи назари худро доранд ва қарнҳо паҳлӯи ҳам зистаанду мушкиле ҳам надоштанд».

Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии ду мазҳаби умда дар ақидаву андеша – суннӣ ва шиа, ки низ намунаи гуногунандешӣ дар ислом аст, солҳои ахир бо «кӯмак»- бегонагон як каме хатчадор шудааст. «Бо роҳандозии ҷараёнҳои такфирӣ чӣ дар байни аҳли суннат ва чӣ дар байни шиаҳо вазъият тағйир ёфт ва пайравони ин мазҳабҳо бо шиори дифоъ аз арзишҳои мазҳабӣ ҳадигарро мекушанд ва садҳо расонаҳо ва аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ дар моҳвораҳо ба таҳқиру тавҳини мазҳабҳои ҳамдигар машғуланд».

Дар ҳамин ҳол мусоҳибони мо мегӯянд, ки ҷомеаи мусалмонҳои Тоҷикистон таҳаммулпазир аст, зеро то ҳол боре нашудааст, ки бигирем, мусалмонҳои тоҷик алайҳи мубаллиғони динҳои масеҳӣ, зардуштӣ, буддоӣ ё дину мазҳаби дигар дастаҷамъона эътироз карда бошанд. "Шояд дар маҳфилҳо ё афроди алоҳида эътироз ҳам кунанд, ва зимнан ба ин ҳақ ҳам доранд, зеро дар ҳоле, ки пайравони мазҳаби Ҳанафӣ дар ватанашон таъқиб мешаванд ва барои таблиғи дини худ имконияти маҳдуд доранд, мебинем, ки мубаллиғони динҳои дигар озодона фаъолият мекунанд ва ҳатто аз сабукиҳое бархӯрдор мешавад", мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ. Чанд ҳодиса, аз ҷумла, куштори раҳбари зардуштиҳои Тоҷикистон Рӯдакии Беҳдин ва ду мубаллиғи дини шиа дар шаҳри Душанбе, ба гуфтаи мусоҳибони мо, бештар ангезаи сиёсӣ надошанд ва на мазҳабӣ...