Боздошти журналисти маъруфи рус бо гумони қочоқи маводи мухаддир

Журналисти маъруфи таҳқиқгар Иван Голунов, ки барои вебсайти мустақили хабарии Meduza, қароргоҳаш дар Латвия кор мекунад, ахиран дар Маскав бо иттиҳоми гӯё фурӯши маводи мухаддир боздошт ва латукӯб шуд.

Дар бораи боздошти Голунов дар Маскав рӯзи 7 июн вакили дифои ӯ хабар дод. Ӯ гуфт, ки Голунов доштани маводи мухаддиро рад мекунад.

Вакили Голунов - Дмитрий Ҷулай ба Медуза гуфт, ки полис баъд аз зӯҳри 6 июн журналистро дар маркази шаҳри Маскав боздошт кард ва гӯё дар дохили сумкааш маводи мухаддири навъи мефедрон пайдо шудааст. Голунов гуфтааст, ки ин мавод аз они ӯ нест ва нашъаро дар дохили сумкааш ҷой додаанд. Каме баъд аз ин дар дохили манзили ӯ як сумкаву тарозу ҳам пайдо шуд.

Санҷиш муайян кардааст, ки ин мавод мефедрон буда, як навъи сунъии маводи мухаддир аст ва ҳоло Голунов дар “паҳн кардани” ин маводи мамнӯъшуда гумонбар мешавад. Ҷулай гуфт, ки Голунов ин иттиҳомро рад мекунад ва исрор меварзад, ки ба сумкаи ӯ ин маводро махсус андохтаанд.

Ҷулай инчунин гуфт, ки Голунов дар идораи полис латукӯб шуд, вале ба ӯ полис иҷоза надод, ки ба вакили дифоъ ваё наздиконаш занг занад. Баъди чанд соати ба идораи полис оварда шуданаш ӯро боздошт карданд.

Ҷулай гуфт, ки талошҳояш барои гирифтани намунае аз изи ангуштону нохуни дасти Голунов ба хотири ба санҷиш фиристодани он бенатиҷа буд, чунки полис монеи ин амал шуд.

Полис инчунин ба дархости Голунов ва вакили дифояш барои даъвати ёрии тиббӣ ба хотири сабти ҷароҳатҳои бадани журналистро монеъ шуд. Полиси Маскав бо пахши изҳороте иттиҳоми латукӯб шудани Голуновро дар боздоштгоҳ рад кард.

Meduza: Голунов бегуноҳ аст ва бояд озод шавад

Голунов бо гузоришҳои таҳқиқотиаш дар мавзӯи коррупсия дар миёни мақомоти давлатӣ дар Маскав ва атрофи он шинохта шудааст. Галина Тимченко, раиси кулли Meduza ва Иван Колпаков, сардабири ин нашрия бо пахши изҳороте рӯзи 7 июн озод шудани Голуновро талаб карданд.

“Мо мутмаин ҳастем, ки Иван Голунов бегуноҳ аст. Зиёда аз ин, мо бо боварии тамом гуфта метавонем, ки Голунов ба хотири фаъолиятҳои журналистиаш мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. Мо медонем, ки дар моҳҳои гузашта ӯро таҳдид карда буданд ва медонем, ки ин таҳдидҳо аз кадом ҷониб омадаанд”, гуфта мешавад дар изҳороти масъулини нашрияи мунаққиди ҳукумати Русия.

Масъулини Meduza гуфтанд, ки бо истифода аз тамоми роҳҳо аз ҳуқуқи хабарнигори худ дифоъ хоҳанд кард.

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия ва ҳам муҳаққиқи масоили коррупсия Алексей Навалний гуфт, ки шубҳа надорад боздошти Голунов “ангезаҳои сиёсӣ” дорад. Навалний гуфт, ки ба эътимоди ӯ ин амали мақомот бо ҳадафи хомӯш кардани садои Голунов дар остонаи интихобот дар минтақаҳо сурат гирифтааст, ки қарор аст моҳи сентябри имсол баргузор шавад.

Тарки Русия ба хотири нашри маводи интиқодӣ

Meduza октябри соли 2014 арзи ҳастӣ кард ва барои кор дар он хабарнигорон аз вебсайти он замон хеле муваффақи Lenta.ru ба раҳбарии сардабири аз вазифа барканоршуда Тимченко истихдом шуданд. Тимченко гуфт, ки тасмими дар пойтахти Латвия – шаҳри Рига таъсис додани дафтари кории Meduza ба хотири “эҷоди як расонаи хабаррасоне карда шуд, ки иттилооти сареъ ва мустақил дар бораи ҳодисаҳои Русия”-ро нашр кунад. Ба гуфтаи Тимченко, Латвия ба он хотир интихоб шуд, ки имкони таъсиси чунин як ниҳоде дар дохили Русия вуҷуд надошт.

Голунов дар масоили нақшаҳои коррупсионии мақомдорони Маскав гузоришҳои зиёд навишта, дар гузашта дар ТВ «Дождь» бо Леонид Парфенов ва Ксения Собчак кор карда, бо расонаҳои мисли РБК, "Ведомости", Forbes ва "Слон" ҳам ҳамкорӣ кардааст.