"Любой ҷо” ё "Ҳама ҷо"? Баҳси Кумитаи забон бо "Билайн"

Номгузорӣ шудани яке аз тарифҳои ширкати мобилии Билайн боиси баҳси доғ миёни Кумитаи забону истилоҳот ва ин ширкат шудааст. Кумита мегӯяд, бояд ба ҷои “любой ҷо” “самти дилхоҳ” ё “ҳама ҷо” истифода мешуд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ширкати мобилии “Билайн” (Таком) яке аз таъруфа (тариф)-ҳои навашро “Любой ҷо” номгузорӣ кардааст, ки бо қонуни забони давлатӣ муғойират дорад.

Бибираъно Ҷӯраева, як корманди масъули Кумитаи забон ва истилоҳот, 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳақ доранд, аз болои ин амалкарди ширкати “Билайн” ба додситонӣ муроҷиат намоянд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “Билайн” пеш аз номгузории таъруфаи наваш аз онҳо машварат хоста, ҷавоб ҳам гирифта будааст. “Мо шаклҳои тоҷикии ин ибораро ба гунаи “Самти дилхоҳ” ва “Ҳама ҷо” пешниҳод карда будем. Аммо ҳоло мебинем, ин пешниҳодҳои мо рад шуда, Билайн ҳамон ибораи интихобии худашро интишор кардааст, ки бо қонуни забони давлатӣ мухолифат дорад”,-таъкид кард ӯ.

Хонум Ҷӯраева афзуд, дар ҳоли ҳозир як гуруҳи корӣ ин амали “Билайн”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, баъдан тасмим хоҳанд гирифт, кӣ чӣ кор мекунанд. “Бубинед ҳам шакли Самти дилхоҳ ва ҳам Ҳама ҷо ҳамин мазмунеро, ки “Любой ҷо” дар бар мегирад, фаро гирифта метавонад. Аммо чаро меъёри забони давлатӣ сарфи назар шудааст, гуруҳи корӣ маълум хоҳад кард”,-мегӯяд Бибираъно Ҷӯраева.

Масъулони ширкати мобилии Билайн то кунун дар бораи номгузории таъруфаи навашон чизе нагуфтаанд. Вале мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоле ки аз тарафи ширкатҳову идораҳо меъёри забони давлатии тоҷикӣ вайрон мешавад, Кумита ҳақ дорад, санад тартиб дода, ба Додситтонӣ пешинҳод намояд.

Ибораи “Любой ҷо” пеш аз он ки номи яке аз таъруфаҳои Билайн шавад, дар пеши аксар мусофиркашон ва таксиҳои шаҳри Душанбе насб мешуд. Яъне, ин мусофирбар ва таксиҳо одамонро ба ҳар куҷое, ки мехостанд бар ивази пардохти пул мерасонданд. Баъзе аз ронандаҳо мегӯянд, ин ибора тамоми хости онҳоро рӯшан баён мекунад ва сокинон ҳам дар фаҳмидани он азият намекашанд. Дар забони гуфтугӯии сокинони Тоҷикистон истифодаи якҷояи калимаҳои русӣ ва тоҷикӣ, мисли “Любой ҷо” зиёд вомехӯрад.