Дили "Зумрад"-ро кӣ ба даст хоҳад овард? (ВИДЕО)

Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон мегӯянд, тендер ё музоядаи байналмилалии осоишгоҳи "Зумрад" идома дорад ва он то охири сол фурӯхта хоҳад шуд.

Орзумандони харидории осоишгоҳи машҳури "Зумрад" дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон муайян шудаанд, вале мақомоти давлатӣ ҳанӯз омода нестанд, номи онҳоро эълом доранд. Лочин Файзуллозода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон рӯзи 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба хусусигардонии осоишгоҳи "Зумрад" гуфт, "то кунун тибқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ, тендери дудавраии байналмилалӣ нисбат ба осоишгоҳи “Зумрад” ҷараён гирифта, довталабони асосӣ мушаххас шудаанд."

Ҷаноби Файзуллозода хусусигардонии "Зумрад"-ро як раванди "мураккаб" номид ва афзуд, ҳалли ин масъала фурсат мехоҳад. Ӯ гуфт, ки ҳамакнун 10 довталаби асосӣ, аз ҷумла ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ муайян шудаанд, аммо аз ҳеч харидор ном набурд: "Ҳоло ман намехоҳам, аз ҳеч як ширкат ном барам. Чун агар аз ширкате ном барам, шояд ба маънии манфиатдории кумита маънидод шавад. Аммо то охири сол ҳатман ширкати баранда дар ин тендерро эълон хоҳем кард."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Номи то ҳол пинҳони харидорони "Зумрад"

Лочин Файзуллозода таъкид кард, ки "ҳадафи аслии мо аз ин тендери байналмилалӣ он аст, ки ширкате пули бештар медиҳад, он харидори “Зумрад” бошад ва ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ эҷод кунад". Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз манобеъ, яке аз харидорони "Зумрад" ширкати наздик ба хешовандони раисиҷумҳури Тоҷикистон аст.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ иҷоза дод, ки осоишгоҳи "Зумрад", ки то кунун ҷамъияти саҳҳомӣ ва моликияти давлат ба ҳисоб меравад, хусусӣ карда шавад. Нархи ибтидоии осоишгоҳ, 6 миллиону 240 ҳазор сомонӣ ва ё тақрибан 1 миллион доллар муайян шудааст. Осоишгоҳи мазкур дар масоҳати бештар аз 11 гектар сохта шудааст ва дар умум тақрибан 33 ҳазор гектар замин доштааст.

Дар сурати харидани осоишгоҳ, соҳибони нави он бояд чанд шарти ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунанд. Аввал ин дар мӯҳлати се сол барои навсозӣ ва насби технологияҳои наву муосири тиббӣ ва беҳтар кардани хидматрасонӣ на камтар аз 10 миллион сомонӣ харҷ кунад. Дар «Зумрад» на камтар аз 200 ҷойи нави истироҳатӣ ва 100 ҷойи нави кор ба вуҷуд биёрад.

Осоишгоҳи «Зумрад, ки дар аҳди шӯравӣ ва соли 1976 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, яке аз бузургтарин марказҳои табобатӣ ва истироҳатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба инҷо солона то 11 ҳазор нафар сокинони кишвар ва меҳмонон аз кишварҳои шӯравии собиқ барои табобати бемориҳои қалбу роҳҳои нафас, бемориҳои ҷинсии мардона ва бемориҳои меъдаву рӯда меоянд ва ба гуфтаи мақомот, то кунун дар «Зумрад» бештар аз 200 ҳазор нафар сиҳатии худро барқарор кардаанд.

Қарзи осоишгоҳи «Зумрад» то рӯзи 1-уми июли соли 2014 бештар аз як миллион сомониро ташкил медодааст, ки тақрибан 228 ҳазор сомонии он музди напардохтаи коргарон будааст ва 140 ҳазор сомонии он ҳаққи нопардохта ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ. Соҳиби нави «Зумрад» баъди харидани ин осоишгоҳ вазифадор аст, ки ин қарзҳоро бипардозад. Ҳукумати Тоҷикистон аз ин пештар яке аз осоишгоҳҳои нимасохтаи мероси замони шӯравӣ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор фурӯхт ва хусусӣ кард.

Зимнан, осоишгоҳи «Зумрад» дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари шимоли Тоҷикистон, дар ҷанубу ғарби водии Фарғона, дар соҳили рӯдхонаи Исфара дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Варорӯд воқеъ аст ва яке аз бузургтарин марказҳои табобатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон аз ин пеш яке аз осоишгоҳҳои нимасохтаи мероси замони шӯравӣ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисорро фурӯхт ва хусусӣ кард.