Маҳбусони Хуҷанд осори шиканҷаро видеоӣ карданд

Дар як навори видео чанде аз маҳбусон шикоят мекунанд, ки бо интиқол ба Хуҷанд ҳадафи бадрафторӣ ва шиканҷа қарор ёфтаанд.
Падару модари се тан аз маҳбусоне, ки рӯзи 5-уми ноябр аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шудаанд, навореро дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор доданд, ки дар он аз латукӯби фарзандонашон дар Хуҷанд ҳикоят мешавад.

Дар ин навор, ки ба воситаи телефони ҳамроҳ сабт шудааст, чандин нафар аз маҳбусон мегӯянд, аз аввалин лаҳзаҳои вуруд ба маҳбаси шумораи 3-и Хуҷанд ҳадафи таҳқиру тавҳин ва латукӯби дастҷамъонаи нозирони маҳбас қарор ёфтаанд. Ҳар кадоме аз онҳо пайи калтакҳои резиниро дар китфу шона ва тахтапушти худ нишон медиҳанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, аз чунин муносибат ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят фиристодаанд.

Ҳанӯз баъд аз чанд рӯзи кӯчондани маҳбусон аз ду боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба маҳбаси Хуҷанд, дар рӯзи 7-уми ноябри соли равон падару модарон бо шикоят аз латукӯб шудани фарзандонашон дар назди Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Аммо он вақт мақомоти расмӣ онҳоро итминон доданд, ки боздоштшудаҳо дар шароити хуб ба сар мебаранд. Муовини сардори Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳомҷон Маҳмудов гуфта буд: «Ин маҳбусон аллакай хушрӯ ҷо ба ҷо шудаанд, бо хӯрду хӯрок сари вақт таъмин мешаванд, ягон камбудӣ надоранд. Миёни муассисаҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ягон фарқият нест, ҳар ду муассисаҳои ислоҳотиянд. Гапҳо дар бораи шиканҷа шудан дурӯғи маҳз аст ва ягон асос надорад».

Аммо яке аз маҳбусон дар навори аввал мегӯяд, бо поин шудан аз мошинҳо кормандони маҳбаси Хуҷанд онҳоро зери мушту калтак гирифтаанд ва дар чанд лаҳза қариб 40 нафарро аз пой дароварда, беҳуш кардаанд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Изҳороти маҳбус: "Чиҳил нафарро заданду беҳуш карданд"


Дар навори баъдӣ низ маҳбусон аз муносибати дурушти нозирони маҳбаси Хуҷанд шикоят карда ва гуфтаанд, дар ин ҷо ҳеҷ гуна қонун нест ва шикояти онҳоро низ касе шунидан намехоҳад. Онҳо нозиронро ба имону инсоф даъват мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маҳбус: "Дар маҳбас ягон хел қонун вуҷуд надорад"



Дар ҳоле ки дар рӯзи таҷаммӯи волидони маҳбусон дар назди Додситонии кулли Тоҷикистон Муовини сардори Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон Илҳомҷон Маҳмудов гуфта буд, ки интиқоли маҳбусон аз зиндони рақами 1-и Душанбе ба Хуҷандро нақшавӣ буда, ягон ангезаи дигар надорад, дастикам ду маҳбус дар ин наворҳо иддао доранд, ки онҳоро барои донистани ҳақиқати марги маҳбусоне чун Аҷик Қаюмов ва Ҳамза Икромзода иттифоқ афтодааст. Онҳо мегӯянд, ба хотири пешгирӣ аз пахши иттилои бештар дар бораи ҳалокати ин маҳбусон ё додани гувоҳӣ дар ин бора ба Хуҷанд интиқол дода шудаанд. Охири моҳи июн маҳбусон навореро дар интернет нашр карданд, ки охирин лаҳзаҳои зиндагии маҳбус Аҷик Қаюмро тасвир мекард ва гуфта мешуд, ӯ дар натиҷаи бадрафторӣ ва бетаваҷҷуҳии мақомоти маҳбас фавтидааст. Қазияи маҳбуси дигар Ҳамза Икромзода, ки мақомот мегӯянд, рӯзи 20-уми сентябри соли равон худро ба дор кашидааст, сарусадои зиёд ба миён овард. Наздиконаш аз осори шиканҷа дар ҷисми ӯ хабар дода, хостори таҳқиқи маргаш шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Моро барои донистани ҳақиқати марги Икромзода кӯчонданд"


Интиқоли 59 маҳбус аз муассисаҳои ҷазо ва ислоҳи шумораи 1 ва 6-и шаҳри Душанбе ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҳалокати Ҳамза Икромзодаро зери назари худ гирифт.

Дар ин наворҳо маҳбусон номи афродеро зикр кардаанд, ки дар латукӯби онҳо даст доштаанд. Агар Додситонии кулли Тоҷикистон ба ин маълумот майл дорад, Радиои Озодӣ метавонад, нусхаи наворро дар ихтиёри он қарор диҳад.