Навори эҳтимолии зиндонии даргузашта Аҷик Қаюмов

Озодӣ видеоеро дастрас кард, ки дар он эҳтимолан яке аз зиндониҳои даргузашта дар лаҳзаҳои пеш аз маргаш сабт шудааст.
Ахиран нафаре, ки Усмон Абу Муҳаммад муррифӣ мекунад, дар номае ба унвони Радиои Озодӣ навиштааст, ки марги се зиндонӣ дар муассисаи ислоҳии мавсум ба “Кирпичная зона”-и ноҳияи Ваҳдат ба далели беэътиноӣ ва бадрафтории раҳбарони ин зиндон будааст.

Дар номае, ки аз тариқи Фейсбук ба мо расид, ин фард мегӯяд, рӯзи 12-уми июн Нӯъмон Сатторқулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноҳияи Конибодом ба далоили норӯшан худро дар утоқи кории сардори даста ба дор овехтааст. Ба навиштаи ин шахс, рӯзи дигар - 22 июн Алишер Қосимови 26-сола, як сокини Душанбе низ баъди кӯшишҳои зиёд ва танҳо дар ҳолати марг ба бемористони марказии раёсати зиндонҳои вазорати адлия интиқол ёфта он ҷо фавтидааст. Дар ин нома ҳамчунин иддаъо мешавад, ки рӯзи 26 июни соли равон, зиндонии бо номи Аҷик Қаюмови 26-сола ҳам дар зиндон даргузашт. Дар ин нома иддао мешавад, ки ҷавони зиндонӣ баъди ба пои худ задани теғи заҳролуде хунашро олуда карда, “баъди азоби чандрӯза” ва беэътиноии маъмурияти муассиса, даргузашт.

Таъйиди ин иттилоъ тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Вале ба иддаои Усмон Абу Муҳаммад, сабаби ба пойи худ теғ задани Аҷик Қаюмов он буд, ки ӯро иҷборан ва ғайриқонунӣ кор мефармуданд ва дар ҷойи кор “коргари муассиса нисбати номус ӯро дашном дода таҳқир кард.”

Аз номи Усмон Абу Муҳаммад илова ба матни нома, як видео низ ба унвони Радиои Озодӣ расид, ки ба иддаои муаллиф, дар дохили ҳуҷраи зиндон наворбардорӣ шудааст. Ин манбаъ навиштааст, ки дар навор Аҷик Қаюмов дар соатҳои пеш аз маргаш буда, ба сахтӣ ҳарф мезанад ва исми озордиҳандагони худро низ ба забон меорад.




Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиндонӣ Аҷик Қаюмов дар лаҳзаҳои пеш аз марг




Рӯзи 19 июл дар як нишасти матбуотӣ вазри адлияи Тоҷикистон се мавриди ҳалокати маҳбусон дар зиндони воқеъ дар ноҳияи Ваҳдатро тасдиқ кард, вале гуфт, онҳоро касе шиканҷа накардааст. Рустам Менглиев гуфт, барканории раҳбарони зиндон аз мақом низ ба фавти мармузи Нӯъмон Сатторқулов, Аҷик Қайюмов ва Алишер Қосимов рабт надошт. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи панҷшанбе ӯ гуфт, ки Нӯъмон Сатторқулов даст ба худкушӣ зада, сабабҳои ҳалокати Аҷик Қайюмов санҷида мешавад ва Алишер Қосимов бар асари домана ҷон додааст. "Онҳоро касе шиканҷа накардааст ва нафаре ҳам бв онҳо бадрафториро раво надидааст", гуфт вазири адлия.