Нархи зардолуи хушк дар Тоҷикистон имсол ба таври бесобиқа поён рафтааст. Дар бозорҳои вилояти Суғд имрӯзҳо нархи як кило зардолуи хушк аз 5 то 10 сомонӣ шудааст.
Нархи зардолуи хушк имсол ба таври бесобиқа дар Тоҷикистон поён рафта, нархи як кило зардолуи хушк аз 5 то 10 сомониро ташкил медиҳад. Як кило меваи хушк барои шарбат ҳатто зери 1 сомонӣ арзиш дорад.
Парвариши зардолу дар минтақаи шимолии Тоҷикистон баъди пахтакорӣ як бахши аслии кишоварзӣ маҳсуб меёбад ва боғҳои зардолу умдатан дар ноҳияҳои Исфараву Конибодом ва Ашту Бобоҷон Ғафуров наздики 30 ҳазор гектар доман паҳн кардаанд.
Солона аз ин боғзор беш аз 50 ҳазор тонна меваи зардолу ҷамъ оварда мешавад. Тоҷирон зардолуи тару хушки Тоҷикистонро бештар ба Русия содир мекунанд.
Тоҷирон сабаби паст рафтани нархи зардолуи хушкро ба ҳосили баланди соли гузаштаву поин шудани арзиши он дар Русия - харидори аслии хушкмеваи Тоҷикистон - рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, чунин нархи паст метавонад боғдоронро аз ин навъи мева дилсард гардонда, боиси коҳиши майдони боғҳои зардолу шавад. Дар чунин сурат, ба гуфтаи онҳо, соли оянда нархи маҳсулоте, ки аз зардолу таҳия мешавад, бо суръат боло хоҳад рафт. Аммо барқарор кардани боғҳои аздастрафта дигар кори як солу ду сол нест.